Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бӯҳрони Қафқоз - масъалаи доғи ҳамоиши СҲШ?


Шаҳри Душанбе ба нишасти Созмони Ҳамкории Шонгҳой омодагӣ мебинад
Шаҳри Душанбе ба нишасти Созмони Ҳамкории Шонгҳой омодагӣ мебинад

Бӯҳрони Қафқоз ва узвияти Эрон ба Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой аз масоиле арзёбӣ мешаванд, ки аҳамияти ҳамоиши ин созмонро боло хоҳад бурд.

Ин ҳамойиш таҳти раёсати Тоҷикистон ва дар ҳоле сурат мегирад, ки тайи як моҳи ахир дар саҳнаи сиёсатҳои ҷаҳонӣ тағйироти назаррас ва қабл аз ҳама ба сардӣ гароидани равобити Амрикову Русия ба вуқӯъ пайвастанд. Ва ахиран порлумони Русия истиқлолияти ду минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистонро шинохт. Ин ҳол, ба эътиқоди коршиносон, аҳамияти баҳси узвияти Эрон ва сарнавишти Осетияи Ҷанубиву Абхозистон дар ин созмон дар ҳамойиши Душанберо боло бурдааст.

Мӯсо Асозода, сарвари созмони Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар Душанбе, мегӯяд, масъалаи қабули аъзои нав, қабл аз ҳама Эрон ба СҲШ бидуни шак яке аз мавзӯъҳои умдаи ҳамойиш бояд шавад ва инро вазъи сиёсии ҷаҳон тақозо мекунад. Вай афзуд, Русия дар ин ҳамоиш эҳтимол дорад мавзӯъи шинохтани истиқлоли минтақаҳои ҷудоихоҳи Гурҷистонро ба миён гузорад ва аз кишварҳои узви созмон ба таври дипломатӣ тақозо кунад, ки мавқеъашонро дар қиболи ин масъала рӯшан кунанд.

Раҳматулло Валиев, муъовини раиси Ҳизби демократи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, низ бар ҳатмияти баррасии узвияти Эрон дар ҳамойиш ишора кард ва афзуд, ки Русия мавзӯъи истиқлолияти Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистонро ҷиддан ба миён хоҳад гузошт: «Барои Русия пуштибони кишварҳои Осиёи Марказӣ хеле муҳим аст ва аз ин ҳам муҳимтар ба даст овардани пуштибонии Чин мебошад».

Дар ҳамин ҳол Ҳикматулло Сайфуллозода, сарвари маркази таҳлилии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, мегӯяд, дар ҳамоиши Душанбе сарони кишварҳои узви СҲШ узвияти Эрон ба ин созмон масъалаи рақами аввал хоҳад буд ва баррасии сарнавишти Осетияи Ҷанубиву Абхозистон дар доираи ин созмон берун аз мантиқ аст: «Қазияи Осетияи Ҷанубӣ ва Гурҷистон бояд дар чаҳорчуби Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ баррасӣ шавад, на Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой. Ин мушкили ИДМ аст, на СҲШ».

Дар ҳамин ҳол Шокирҷон Ҳакимов, муъовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, мегӯяд, бо он вуҷуд, ки узвияти Эрон ба СҲШ бевосита ба ҳамоиши сарони кишварҳои ин созмон дар Душанбе рабт дорад, Русияву Чин мекӯшанд ин масъаларо камрангтар нишон диҳанд: «Бо он вуҷуд ки ҳоло равобити Русия бо Ғарб бад шудааст, барои узвияти Эрон Чину Русия ризоияти Амрикову Аврупоро низ ба назар хоҳанд гирифт. Ба хотири Эрон онҳо равобиташонро бо Ғарб бад намекунанд, бахусус Чин».

Коршиносон мегӯянд, бо он вуҷуд, ки ҳукумати Тоҷикистон аз ҳамоиши навбатии сарони созмон таваққӯъоти бештар ва қабл аз ҳама боло рафтани имиҷи байнулмилалии кишвар ва ба вуҷуд омадани заминаҳои устувори қабули Эрон ба СҲШ-ро, ки Тоҷикистон аз он ҷонибдорӣ мекунад, интизор аст, ин нишаст натиҷаҳои чашмрас нахоҳад дошт. Зеро дар ҳама масъалаҳо кишварҳои узви созмон назари яксон надоранд ва ҳар яке кӯшиш хоҳад кард, ки ҳалли масъала ба нафъи ӯ тамом шавад.

XS
SM
MD
LG