Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мактаби куҳна" дар Кӯлоби муосир


Синфхонаи "мактаби куҳна"-и Тудакафш
Синфхонаи "мактаби куҳна"-и Тудакафш

Мактаби кӯҳнаву фарсуда, ки утоқҳояш тангу торик аст ва бо ворид шудан ба он буйи намӣ ба димоғ мерасад.

Синфхонаҳояш шифт надоранд ва фаршаш аз гил аст. Аз рахнаҳои васеъи миёни болорҳо бо давидани каламушҳо хасу хошок ба сару руй мерезад. Калтакалос ва дигар ҳашарот дар рахнаҳои сақфи синфхонаҳо аз сардиву боронҳо паноҳ мебаранд.

Шояд фикр кунед, ки ин ҳамон мактаби куҳнаест, ки дар авохири асри 19 Садриддин Айни дар он таҳсил кардааст. На, ин мактаби замони нав аст, мактаби раками 49-и асри 21 дар деҳаи Тудакафш, дар наздикии маркази шаҳри Кулоб. Хонандагони мактаби деҳаи Тудакавш мегӯянд, боми мактаб мечакад ва аз ин синфхонаҳои онҳо дар вақти сармо лой ва дар фасли гармо пурчангу хок аст. Дар рӯзҳои сарди моҳи феврал кудакон аз хонаҳои худ сузишворӣ оварда, бо навбат синфхонаҳоро гарм мекардаанд.

Талабаҳо мегуянд:

-«Мо об шапида мерубем, ки чангбод нашавад».

-«Сузишворӣ дар фасли зимистон барои мо таъмин карда нашуд ва касе, ки навбатдор буд, аз хона ҳезум меовард ва мо алов карда гарм мешудем».

-«Дар зимистон мо барқ надоштем, дар торикӣ тахтаи синфро дида наметавонистем. Боз ҳар гуна ҳашарот дар деворҳо пайдо мешаванд, калтакалос ҳам»...

Талабаҳои хурду калон ҳама дар паси мизҳои хурдакаки барои синфҳои якум мехонанд

Синфхонаҳо ба ғайр аз мизу курсии фарсуда ва тахтаи синф чизи дигар надоранд. Аммо ҳамон мизу курсиҳо ҳам барои хонандагони синфи якум пешбинӣ шудаанд. Акнун манзараеро тасаввур кунед, ки як навраси 16-17-сола маҷбур аст ба ҳар роҳе набошад худро дар он ғунҷонад. Ин дар ҳолест, ки ҷойи нишаст ба ҳама намерасад ва баъзан як миз барои се нафар пешбинӣ шудааст.

Дарсҳои физика ва кимиё, ки бидуни таҷриба, ба қавле, дарс нестанд, дар ҳамин утоқҳои холиву куҳна сурат мегирад. Аммо гумон накунед, ки мактаби рақами 49 ба куллӣ аз таммадун дур мондааст, ба он фанновариҳои навин масалан компютерҳо расидаанд, аниқтараш даҳ компютер, ки бинобар набудани шароит анбори мактабро зеб медиҳанд. Омузгорон мегӯянд, норасоии китоб ва ашёи аёнӣ мушилест, ки солҳои тулонӣ онҳоро домангир аст.

Мактаб толори варзишӣ надорад ва дарси варзиш дар майдончаи ноободе сурат мегирад, ки орӣ аз ҳама намуди таҷҳизоти варзишӣ аст. Хонандагон ғолибан дар дарси варзиш ба бозии футбол ва тениси рӯйи мизӣ машғул мешаванд. Зеро чанде қабл ба хонандагон созмони байнулмилалие мизи тенис такдим кардааст.

Мактаби мазкур 10 сол қабл дар бинои анбори ғаллаи деҳаи Тудакавш дар натиҷаи ҳашари сокинони русто бунёд шудааст. Намоз Имомов, раҳбари мактаб, мегуяд, зарурати бунёди мактаб дар он буд, ки кудакони Тудакавш маҷбур буданд барои таҳсил ба мактаби деҳаи ноҳияи ҳамсоя пиёда бираванд, ки ин дар мавсими сармо ва боришот хатарнок буд. Дар мактаб ба 450 хонанда 27 омузгор дарс мегуяд ва он ягона маркази фарҳангии Тудакавш маҳсуб меёбад. Вай меафзояд, барои беҳбуд бахшидани вазъ ва шароити таҳсил онҳо борҳо ба макомоти масъул ва созмонҳои мададрасон муроҷиат кардаанд, аммо то ҳануз касе ба додашон нарасидааст.

Бинои мактаб дар ҳолати садамавӣ қарор дошта ҳар лаҳза хатари фурӯ рафтани он таҳдид мекунад. Вале новобаста ба ин ҳама шароити сангин омузгорон дар ин мактаб бо таваҷҷуҳ ва ташаббуси зиёд фаъолият мекунанд. Аммо Содиқ Субҳонов, муаллими физика, мегӯяд, бархе аз устодон аз шароити бади таълим чунон хаставу дилгир шудаанд ва мехоҳанд мактабро тарк гӯянд.

Аммо бо ин ҳама эҳсос мешавад, ки муҳассилини ин мактаб ташнаи таҳсил ҳастанд ва бархе аз онҳо барои шомил шудан ба донишгоҳҳо талош мекунанд. Гуфта мешавад дар тули 6 сол мактаби деҳаи Тудакавшро 140 нафар хонанда хатм кардааст, ки аз онҳо 90 нафарашон таҳсили худро дар мактбаҳои олӣ идома додаанд.

XS
SM
MD
LG