Созмони байналмилалии зист ва ё International Living дар Шохиси сифати зиндагӣ, ки ба тозагӣ нашр кардааст, Фаронса, Суис ва ИМА-ро дар садри ин феҳраст ва Тоҷикистонро аз лиҳози шароити зисту рӯзгузаронӣ бо ҷамъи 47 имтиёз дар як радиф бо Қазоқистону Узбакистон ва аммо болотар аз Эрону Туркманистон ҷой додааст.
Созмони байналмилалии зист дараҷаи зиндагии хуби кишварҳои ҷаҳонро бар асоси меъёрҳои марбут ба ҳадди ақалли пули рӯзгузаронӣ, вақти тафреҳ ва фарҳанг, иқтисод, муҳити зист, озодӣ, беҳдошт, инфрасохтор ё зербино, амният ва иқлим муайян карда ва бавижа, ба вазъи фарҳангу фароғат, озодӣ, амният ва иқтисоди Тоҷикистон баҳои паст додааст. Аммо вазъи беҳдошту иқлим, муҳити зист ва ҳадди ақалли моҳонаи Тоҷикистон аз 53 то 80 имтиёзи Созмони байналмилалии зистро дарёфт кардааст.
Таҳлилгарони тоҷик дар робита ба гузориши нави Созмони International Living назарҳои зидду нақиз доранд. Агар мақомоти давлатӣ ё коршиносони рӯ ба давлат дурустии шохиси созмони мазкурро таъйид мекунанд, гурӯҳи дигари соҳибназарон дар зинаҳои болотар аз Эрону Туркманистон ва дар мавқеи баробар бо Қазоқистон қарор гирифтани Тоҷикистонро далели баҳогузории ғайримунсифонаи International Living мехонанд.
Исмоил Талбаков, вакили парлумон ва муовини раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, мегӯяд, бо гузориши Созмони International Living мувофиқ аст ва бешак, дар қиёс бо кишварҳои ҳамҷавори Узбакистону Қирғизистон сифати зиндагии тоҷикистониҳо беҳтар мебошад. Вай гуфт, сифати зиндагии мардуми Тоҷикистон ба ҳамон хотире, ки мо бо кишварҳои иқтисодашон қавии Русия ва Чин дар муносиботи интегратсионии зич қарор дорем, бояд беҳтар аз ин бошад. Ин ки масалан, танҳо аз тариқи бонкҳо муҳоҷирони меҳнатӣ беш аз 1,5 миллиард доллари амрикоӣ ба Тоҷикистон ирсол кардаанд, ки ин ба исфати зиндагии мо таъсири мусбат мерасонад.
Исмоил Талбаков афзуд, ҳамчунин Тоҷикистон тадриҷан ба як кишвари тронзитӣ табдил меёбад, ки мо бо сохтани роҳҳои байналмилалӣ ба Афғонистон, Покистон ва, ҳамин тавр, ба баҳрҳои гарм роҳ ёфтем ва аллакай равобити тиҷории мо бо ин кишварҳо низ роҳандозӣ шудааст. Ин ҳама дараҷаи сифати зиндагии тоҷикистониҳоро болотар аз соири кишварҳои ҳамҷавор бурдааст.
Дар ҳамин ҳол коршисони тоҷик Ҳуриннисо Ғаффорзода ба воқеияти арзёбиҳои Шохиси сифати зиндагии Созмони International Living шубҳа дорад ва мегӯяд, бавижа, соҳоти беҳдошту муҳити зист ва ҳадди ақалли маблағи рӯзгузаронии Тоҷикистон, ки баҳои баланди ин созмонро дарёфтааст, бисёр вазъи баду қобили таҷдиди назар дорад. Вай гуфт, «Ин қадар вазъи иқтисодии номӯътадил доштан, шумори афзояндаи муҳоҷирони корӣ, коррупсия дар ниҳодҳои давлатӣ, фиребгариҳое, ки масалан, Тоҷикистон қарзҳоеро аз ҷомеаи байнулмилал дарёфтаву рӯшан нест ба чӣ ҳадаф масраф карда ва ҳоло ин қарз ба дӯши мардуми тоҷик бор шудааст, оё нишони беҳбуд ёфтани сифати зиндагист?! Баҳои баланд гирифтани бахши тандурустии Тоҷикистон аз куҷост, дар ҳоле ки масалан, дар зимистони имсола шумори афзуни шаҳрвандон, аз ҷумла кӯдакон, бар асари сардиву мубталои бемориҳои гуногун шудан фавтиданд, беморони сил зиёд шуданд, ва аз ин мушкили мо тамоми ҷаҳон огоҳ буд, оё баҳои объективонаи созмони International Living-ро зери суол ва шакку шубҳа намебарад?»
Хонум Ғаффорзода меафзояд, баҳои баланди Тоҷикистон дар шохиси сифати зиндагиии International Living ва дар мавқеи болотар аз Эрон (45 имтиёз) қарор гирифтани ин кишвар, шояд ангезаи сиёсӣ ба думбол дошта ва эҳтимол, ин раддабандӣ бар асоси гузоришҳои созмонҳои байналмилалии рӯ ба ҳукумати Тоҷикистон ва расонаҳои давлатии ин кишвар таҳия шудааст.