Анвар Бобоҷонов, масъули Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 4-уми август дар Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин нишасти хабарӣ доир ба ширкати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар Олимпиадаи Пекин баргузор шуд.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чин Рашид Олимов ба хабарнигорон гуфт, барои аввалин бор аст, ки дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон бо шумули 15 варзишгар дар 8 риштаи варзиш шарафи кишварро ҳимоя хоҳад кард. Вай афзуд, инчунин, нахустин маротиба раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи олимпӣ ташриф меорад ва варзишгарони тоҷикро пеш аз рақобатҳо дастгирӣ намуда, дар маросими кушоиши Бозиҳои олимпӣ ширкат хоҳад кард.
Дар нишасти хабарӣ, ҳамчунин, ба суолҳои хабарнигорон раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли ин кумита Ширинҷон Мамадсафоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Алимаҳмад Мирзоев, варзишгарон Дилшод Назаров, Галина Митяева ва Анвар Юнусов посух доданд.
Хонандагони мактаби шумораи 4-уми шаҳри Пекин ба варзишгарони тоҷик тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуда, ба онҳо муваффақият орзу карданд.
Дар Бозиҳои Пекин нахуст рӯзи 9-уми август муштзан Ҷаҳон Қурбонов, камонвар Албина Камолиддинова ва тирандоз Сергей Бабиков ба рақобатҳо шурӯъ хоҳанд кард.