Аммо агар аз Мадина ва ҳамсабақонаш барои ҷиҳозонидани синфхонаи донишгоҳ бо бухорӣ, парда ва ё таъмири он пул талаб кунанд, ӯ маҷбур мешавад чанд рӯзи дигар пиёда ба хона равад ва хӯроки нисфирӯзиашро низ камтар кунад.
Мадина мегӯяд, чун дигар ҳамсабақонаш пироҳанҳои зиёд надорад ва кӯшиш мекунад, ду куртаи аз матоъи арзони пахтагӣ дӯхташудаашро ба бар кунад.
Муҳаммадӣ, як ҷавони дигар, низ мегуяд, ӯ аз назари молӣ вобастаи волидонаш аст. Аммо падару модараш роҳрӯбанд ва маоши онҳо танҳо барои харидории ғизои ниёзи аввали хонавода ба зӯр мерасад. Муҳаммадӣ дар ҳар мавсим як сару либос мехарад, ки қиммати онҳо аз 10 то 15 сомонӣ мебошанд.
Аммо як гуруҳи бисёр ками ҷавонони тоҷик ҳам ҳастанд, ки бо кӯшиш ва заҳмати хеш роҳи зиндагиашонро пайдо кардаанд. Ин гуруҳ аксаран дар созмонхои хориҷию ҷамъиятӣ фаъолият мекунанд ва ё ҳунарҳои пурдаромад омӯхтаанд.
Дилафрӯз Яхшиева, ки духтари хонанишин аст, гуфт, волидонаш монеъи таҳсилаш гаштаанд. Аммо ӯ ҳунари зардузиро омӯхтааст ва аз ин пешаи худ дар як моҳ худуди 500 то 800 сомонӣ даромад мегирад.
Гуфта мешавад агар аз як ҷиҳат набуди ҷойи кори мувофиқ, рушди фасод дар ҷомеъа боиси қашоқ мондани ҷавонон шуда бошад, аз тарафи дигар суннатҳои қадимӣ аст, ки волидон фарзандони худро дастнигар ва пойбанд ба худ тарбият мекунанд.