Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштибоҳи сарнавиштсози Юрий Лужков


Аз мақом барканор шудани шаҳрдори собиқадори Маскав Юрий Лжуков дар таърихи 28 сентябр ва он ҳам бо далели то кунун бесобиқае, чун “аз даст додани боварии раисиҷумҳури Русия” пурбаҳстарин хабари чанд рӯзи охири ин кишвар боқӣ мемонад.

Ин тасмими Дмитрий Медведев дар зеҳни маҳофил суолҳои зиёдеро халқ кардааст, ки оё барканории шаҳрдори Маскав иқдоми мустақилонаи худи ӯст ва оё сарвазири Русия Владимир Путин, ки ҳамчунон раҳбари аввали ва амалии ин кишвар шумурда мешавад, то куҷо аз эҳтимоли бо чунин шева сабукдӯш шудани муттаҳиди наздикаш дарак дошт?

Як суоли дигар ин аст, ки оё сарнавишти Лужков баъди рафтан аз мақом чӣ хоҳад шуд? Ӯ ҳамчунин як чеҳраи фаъол дар саҳнаи сиёсии Русия боқӣ хоҳад монд? Ва оё Кремл танҳо бо намоишкорона пеш кардани ӯ аз мақом иктифо хоҳад кард ё хайр?

Ихтилофи тунду ошкори байни Кремл ва шаҳрдори Маскав Юрий Лужков билохира Лужковро ба чоҳе афканд, ки вертикали қудрат дар Русия ном дорад ва дар канданаш худи Лужков низ саҳм дошт. Вертикале, ки мояи ифтихори сарвазир Владимир Путин аст, вале мухолифинаш мегӯянд, ҳамин кашфиёт ҳаққи интихоби мустақими раҳбарони маҳаллиро аз дасти мардум гирифта, Русияро аз масири демократия берун бурд ва ба сафи давлатҳои худкома пайваст.

Маъракаи зидди Лужков дар Русия тақрибан як моҳ бо пахши барномаҳои телевизионии алайҳи ӯву ҳамсараш Елена Батурина ва посухҳои низ тунди Лужков ба сардамдорони Кремл идома кард ва ниҳояташ судури фармони раисиҷумҳур Дмитрий Медведев дар бораи барканории ӯ аз симати шаҳрдорӣ шуд. Медведев, ки ин фармонро ҳангоми сафараш ба Чин имзо кард, гуфт, сухан дар бораи сабукдӯш шудани Лужков намеравад, балки ӯро дақиқан ба далели аз даст додани эътимоди раҳбари давлат аз мақом пеш кардаанд: "Душвор аст, тасаввур кардани чунин ҳолат, ки як раисиҷумҳур ва як волӣ дар шароите кор кунанд, ки раисиҷумҳур ба ҳайси раҳбари аввали давлат ба ин волӣ эътимод надошта бошад.”

Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия ва Сергей Наришкин, раиси дастгоҳи раисиҷумҳури Русия
ПЕШНИҲОДИ НАРИШКИН


Бино ба хабарҳо, ҳанӯз як ҳафта қабл раҳбари дастгоҳи раёсатҷумҳурии Русия Сергей Наришкин ба Лужков пешниҳод кардааст, ки ихтиёран ариза диҳад, вагарна аз ин мақом пешаш хоҳанд кард. Аммо ӯ батакрор изҳор дошт, ки бо хости худ истеъфо нахоҳад дод, балкӣ дар номаи тунде ба Дмитрий Медведев Кремлро ба эҷоди як муҳити тарсу таъқиб ба гунаи соли 1937 айбдор кард ва гуфт, дидгоҳи ӯ ба эҳёи интихоботи мустақими волиён ва ҳам дар масъалаи ҳифзи ҷангали Химкист, ки чунин хашми маъмурияти Медведевро ба бор овардааст. Лужков дар ин нома афзуда, ки бо ихтиёри худ рафтанӣ нест ва ихтиёр ба Медведев аст, ки ӯро пеш мекунад ё хайр.

Нозирони умур мегӯянд, чунин лаҳни тунду бараҳнаи хитоби Лужков барои Медведев чораи дигаре ба ҷуз аз намоиши иродаи сиёсӣ ва иқдоми қотеъ боқӣ намегузошт. Иқдоме, ки акнун пурсарусадотарин тасмими дувуним соли раёсати Медведев унвон мешавад.

Сергей Митрохин, раҳбари ҳизби мухолифи “Яблоко” бар ин бовар аст, ки агар Лужков аз ин ба баъд ҳам ба мухолифаташ бо Кремл идома диҳад, баъид нест, ки мисли Ходорковский ба зиндонаш биафкананд: “Аҳамияти ин истеъфо, албатта, хеле фаротар аз сарнавишти танҳо Лужков ваё сарнавишти танҳо шаҳри Маскав аст. Сухан дар бораи нахустин қурбонии набарди сангини ду гурӯҳи хеле ҷиддӣ барои қудрат меравад. Черчилл мегуфт, сиёсати Кремл монанди ҷанги сагҳои булдог дар зери фарш аст. Ду булдоги бузург Лужковро бидуни хости худи ӯ ба ин ҷарнг кашиданд ва дар натиҷа яке ӯро хоиду дуввумӣ натавонист аз ӯ пуштӣ бигирад.”


ОХИРИН УМЕД, КИ БАРБОД РАФТ


Умеди Лужков шояд дар ин зимн ба пуштибонии сарвазир Владимир Путин буд, ки амалан ҳамоно ӯро нафари аввали Русия мешумуранд. Аммо Путин, албатта, ин бор бидуни қатъияти хоси ӯ, вале ба ҳар сурат, аз қарори Медведев ҳимоят кард ва гуфт, ин Лужков зердасти Медведев буд, на баръакс ва бояд ҳамчун зердаст як роҳи муносибат бо раҳбарашро пайдо мекард.

Таҳлилгари рус Леонид Радзиховский аммо мегӯяд, Путин дар чунин шароит, ки волии як минтақа ошкоро бар зидди раҳбари расман якуми Русия бархост, интихобе ба ҷуз гирифтани тарафи Медведевро надошт: “Ӯ мухолифи барканор кардани Лужков буд, вале вақте оташи ҷанҷол бузург шуд, илоҷи дигар надошт, чунки аз итоат хориҷ шудани як мансабдор нафақат ба Медведев, балкӣ ба Путин ҳам зарба мезанад. Ин ки як шаҳрдор раисиҷумҳурро ошкоро ба хок яксон мекунад, вертикали таърифии дар дар Русия сохтаи онҳоро ба як пули пучак баробар мекард.”

ДОДГОҲ КОРЕ БЕҲУДА АСТ

Ибтидо аз забони дӯсти наздик ва овозхони Лужков Иосиф Кобзон хабар расид, ки ӯ қонунияти фармони барканориашро ба додгоҳ хоҳад кашонд. Вале баъдан худи шаҳрдори ҳамакнун собиқи Маскав гуфт, чунин қасде дар сар надорад.

Аҳли назар мегӯянд, ба додгоҳ рафтани ӯ фоида ҳам надошт, чунки дар Русияи кунунӣ, аз ҷумла бо шарофати худи Лужков, низоме рӯи кор омада, ки ҳимояти додгоҳ аз як нафари мухолифи давлатро тақрибан ғайримумкин мекунад.

Ба навбаи худ мақомоти тафтишотии Русия дар пайи барканории Лужков хабар доданд, ки чанд парвандаи ҷиноии марбут ба фасод дар ниҳодҳои шаҳрдории Маскавро фаъол кардаанд. Муовини ӯ Александр Рябинин ҳам, ки ба фасод муттаҳам мешуд, билофосила ба дунболи Лужков истеъфо дод.


НУҚТАИ ЗАЪФИ ЛУЖКОВ


Вале як нуқтаи аз ҳама заиф ва барои зарбаҳои Кремл бози Юрий Лужков, ба ақидаи аксар, тиҷорати то кунун муваффақи ҳамсараш Елена Батурина аст, ки фаъолияти соҳибкориро аз халтаҳои пластикӣ оғоз карда, акнун танҳо дороии ҳисобшудааш зери 3 миллиард доллар рақам зада мешавад. Ба гумони бисёриҳо, ширкати “Интеко”-и Батурина луқмаҳои равғанӣ дар бозори сохтмони Маскавро шояд бо мусоидати шавҳараш ба даст меовард. Вале худи Лужков мегӯяд, ки робитаи хонаводагии онҳо ба тиҷорати ҳамсари ӯ баръакс халал мерасонд: “Ӯ агар ҳамсари шаҳрдор намебуд, боз ҳам бойтар мешуд.”

Аммо маҳофил дар Русия мегӯянд, тақрибан ҳамаи дороиҳои бузург дар Русия аз фасод ва дараҷаи наздикии афрод ба мақомоти тасмимгир об мехӯрад ва бо таваҷҷӯҳ ба мизони фасод ба хусус дар Маскав Елена Батурина, ин миллиардери дар гузашта як корманди оддии комиҷроия аз ин шумор истисно нест.

МЭР Ё МИР?

Сергей Миронов, раиси маҷлиси болоии парлумони Русия гуфт, дар ботини Лужков ин ҳама сол ду нафар – яке мақоми давлатӣ ва яке олигарх – дар набард буд, ки билохира бо пирӯзии Лужкови олигарх анҷом шуд ва ӯро дар солҳои охир ба пуштибонии бепарда аз манофеъи ширкати ҳамсараш тела медод.

Борис Гризлов, раиси маҷлиси поёнии парлумон – Думаи давлатӣ - гуфт, Лужков дигар худро молики мутлақи тамоми Маскав ҳисоб мекард, ки барояш чунин бад тамом шуд: “Ӯ хоҷагидори олист ва барои Маскав кори зиёде кардааст. Вале ӯ соҳиби Маскав нест. Ҳамин эҳсоси соҳибии Маскав буд, ки раисиҷумҳур нисбат ба вай чунин қарори одилона баровард.”


МЕРОСИ ЛУЖКОВ


Аммо аз 18 соли шаҳрдории Юрий Лужков чӣ меросе дар пойтахти Русия мемонад? Ӯ соли 1992 раҳбарии Маскавро аз Гавриил Попов дар ҳоле ба дасти худ гирифт, ки навбатҳои тӯлонӣ, дӯконҳои холӣ аз маҳсулот ва мардуми маҳрум аз маошу пур аз хашм як ҷузъи манзараи ин шаҳр шуда буд.

Юрий Лужков ба зудӣ ба ҳайси як раҳбари мустақил, бараҳнагӯ ва боҳунар зоҳир шуд. Аммо агар ҳалли бӯҳрони иқтисодии авоили солҳои 90 ва бо бозсозии маркази шаҳру бо қасру кӯшкҳои мӯҳташам ба як витринаи хубиҳои низоми сармоядорӣ табдил додани маркази Маскавро ҳамроҳ бо бозсохти шоҳроҳи МКАД дар паллаи хидматҳои Лужков бигузоранд, дар паллаи дигари ин тарозу қонуншиканиҳои маъмурони милиса ва фасоди густарда истодааст, ки ба обрӯи ӯву низоми идории дар Маскав бинокардааш, албатта, намеафзояд.

ХОРИҶ АЗ МАСКАВ

Вале дағдағаҳои Лужков танҳо маҳдуди Маскав набуд, балки хеле фаротар мерафт. Ӯ боҳарорат аз ҳаққи Русия ба вилояти Қрими Украина ҳарф мезад. То ба ҳадде ки дар аҳди Виктор Юшенко ӯро дар Украина “персона нон грата”, ё мамнӯъулвуруд, эълон карданд. Бо Эстония арбада мекард, ки чаро ёдгориҳои қурбониёни ҷанги дуввуми ҷаҳонро бармечинад? Дар ҳаққи муҳоҷирон, аз ҷумла мардикорони тоҷик ҳам носазо мегуфт. Ҳарчанд бисёре аз хадамаҳои шаҳрӣ дар Маскав бо шарофати дасту бозуи ҳамин тоифа гардон мешуд.

Аз дӯстии хоси ӯ бо сиёсатмадорони алоҳидае дар паҳнои шӯравии собиқ, аз ҷумла бо шаҳрдори Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев ҳам сӯҳбат мешуд. Аммо хабарнигори тоҷик Раҷаби Мирзо мегӯяд, Тоҷикистон феълан чунон даргири рӯйдодҳои дохилияш ҳаст, ки гумон аст, рафтани Лужков ҳадди ақал дар кӯтоҳфурсат мунҷар ба қалъабандиҳои ҷиддие дар арши сиёсии ин кишвар шавад: “Ҳадди ақал то поёни соли ҷорӣ мо шояд он қадар гирифтори ҳаводиси кунунӣ шавем, ки боз дар бораи бозиҳои нав ва майлонҷӯиҳои ҷадиди сиёсатмадорони русу тоҷик фикр кунем. Ва агар ҳар тасмиме ҳам, ки дар марокизи қабули қарор гирифта бошандё ниятҳое дошта бошанд, рӯйдодҳое, ки феълан инҷо мегузаранд, рафти ҳама таҳаввулот ва майли ин ё он сиёсатмадор ваё гурӯҳҳои сиёсиву молиро худ маълум мекунад ва дар инҷо шояд дигар тағйири ҷиддие нашавад.”

ҲАҚҚИ “ИНТЕКО” БА КӢ ХОҲАД РАСИД?

Акнун бо рафтани Юрий Лужков аз мақом бисёриҳо тахмин мезананд, ки дар бозори бавижаи сохтмони Маскав тақсимоти наве ҳатман дар пеш аст ва ширкатҳои наздик ба раисиҷумҳур ва сарвазири Русия алакай ба саҳми “Интеко” дар ин бозор ҳарисона чашм ало кардаанд.

Ва зоҳиран як омили умда дар таъйини хатти машши ояндаи Лужков маҳз ҳифзи дороиҳояш хоҳад шуд. Яъне агар Кремл бо барканорӣ ва чунин намоишкорона адаб додани ӯ иктифо кунад, шояд Лужков низ ором бигирад ва бо таваҷҷӯҳ ба синнаш, ки ба як ҷо, яъне ба 74 расидааст, дигар даврони пирӣ биронад. Аммо агар таъқиби ӯ тавассути парвандаҳои ҷиноӣ ваё аз бозор рӯфтани ҷои пои “Интеко” давом кунад, ба гумони ғолиб, Лужков тан нахоҳад дод ва ҳатман бо сару садои боз ҳам баландтар аз вуҷуди худ дар саҳна дарак хоҳад дод. Таҳаввуле, ки дар шароити кунунӣ на нафъи Медведев аст ва на ба фоидаи Путин. Бавижа дар остонаи ба интихоботи соли 2012.

Таҳлилгари рус Леонид Радзиховский мегӯяд: “Лужков, албатта дар ягон интихобот ширкат нахоҳад варзид. Ин яқин аст. Аммо агар Медведев аз пирӯзӣ дар ин “набард барои Маскав” рӯҳ бигирад ва бо дағдағаи дучанд дар фикри давраи нави раёсат шавад, имкон дорад, ки ин ба ихтилофи байни ӯву Путин мунҷар шавад. Чунки Путин ҳам мехоҳад аз нав президент шавад. Онҳо, албатта, дӯстони наздиканд, вале чӣ кунанд, ки курсии раёсат яктост.”


МЕДВЕДЕВ АЗ ХУД ДАРАК МЕДИҲАД


Таҳлилгари тоҷик Раҷаби Мирзо мегӯяд, ба фарқ аз Владимир Путин, ки бо вуҷуди як раҳбари қотеъ таъриф шуданаш тайи 8 соли раёсати худ натавонист касе аз волиёни бонуфузи бозмонда аз аҳди Борис Елтсинро барканор кунад, Дмитрий Медведев тайи ин дувуним сол хеле аз чунин мансабдорони собиқадор, аз ҷумла руасои ҷумҳуриҳои Тотористону Бошқирдистон Минтемир Шаймиев ва Муртазо Раҳимов, волии Свердловск Эдуард Росселро барканор кунад ва ахиран раисиҷумҳури Қалмиқистон Кирсан Илюмжинов ҳам эълон кард, ки ба зудӣ аз ин мақом канор хоҳад рафт. Ин ҳама нафаронеанд, ки тақрибан ҳамзамон бо Юрий Лужков ба қудрат расида, дар солҳои 90 ҳатто аз эҳтимоли аз итоати Маскав берун овардани қаламравҳои худ дам мезаданд.

Раҷаби Мирзо мегӯяд, Лужков боиси эҷоди шикоф дар байни Медведев ва Путин хоҳад шуд ва намоишкорона адаб додани Лужков гоми дигаре дар роҳи тасбити мустақилияти Медведев аст, ҳарчанд кам касе ба ин бовар мекунад: “Худи Лужков, ки дар доираҳои сиёсӣ ӯро ҳатто ба унвони шахсияти севвуми Русия медонистанд, метавонист дар майдони сиёсӣ таъсиргузор бошад. Ва Медведев, ки акнун пой ба роҳи мустақилият гузоштанист, ба натиҷае расид, ки наметавон шаҳри Маскав ва таъсиру нуфузи Лужковро сарфи назар кард. Вале Лужков ҳам аз сӯи худ бо баъзе иқдомҳояш ин равандро тезонд.”

БОЗНИШАСТАЕ БО 3 МИЛЛИАРД ДОЛЛАР


Аммо дар шароити феълӣ, ки таъсиси як ҳизби мухолиф дар Русия амре муҳол шудааст, маълум нест, ки киштии шаҳрдори собиқи Маскав чигуна метавонад дар ин обҳои ботлоқии сиёсати Русия ба шино дарояд. Дар бандари кадоме аз аҳзоби мавҷуда лангар андохтани киштии ӯ ҳам амре баъид ба назар мерасад, чунки тавре Борис Немтсов, раҳбари ҷунбиши мухолифи “Солидарност” гуфтааст, гумон аст, кадом ҳизбе бо пазируфтани узвияти Лужков обрӯяшро доғдор кунад.

Ба гуфтаи Леонид Радзиховский, дар таркиби нуфузи сиёсии Лужков рукни асосӣ мансаби ӯ буд ва аз даст рафтани ин рукни асосӣ амалан ба маънои ҳазфи ҳама нуфузи ӯст. Лужков акнун, ба таъбири як сухангӯи Кремл, аз шахсияти дар гузашта пурнуфуз ба як шаҳрванди оддӣ табдил меёбад. Аммо, албатта, ба шаҳрванди оддие, ки ба фарқ аз бақия, бо зери 3 миллиард доллар дар ҷайби ҳамсараш бознишаста мешавад.
XS
SM
MD
LG