Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комиссиюни интихоботии Русия ҳашт номзадро ба интихоботи президентӣ роҳ дод


Дар интихоботи раёсатҷумҳурии Русия рӯзи 18 март, ки бовар меравад бо пирӯзии навбатии Владимир Путин меанҷомад, 8 нафар ба ҳайси номзади интихоботӣ сабтином шудаанд.

Дар рӯзи охирини сабтиноми номзадҳои интихоботӣ, ки аз ҷониби Комиссияи марказии интихоботҳои Русия тасдиқ шуд, Ксения Собчак ва Максим Сурайкин ба қайд гирифта шуданд.

Элла Памфилова, раиси Комиссиюни интихоботӣ дар як ҷаласае, ки тавассути интернет ба таври ҳамзамон пахш мешуд, гуфт, ки барои курсии президентӣ ин навбат 8 нафар мубориза мебаранд.

Элла Памфилова ва Максим Сурайкин
Элла Памфилова ва Максим Сурайкин

Маъруфияти Путин, назорати ӯ аз кори тамоми сохторҳои қудратӣ, фишор болои дигарандешону мунаққидонаш ба бовари бисёр нозирон пирӯзии ӯро дар интихобот барои бори чорум ва мӯҳлати нави 6-сола таъмин мекунад. Фаъолони мухолифин дар гузашта гуфтаанд, ки дар ҷараёни интихобот Кремлин аз тамоми василаҳои таъсиргузорӣ ба раъйдиҳӣ истифода карда, ба хотири таъмини пирӯзии номзади мавриди назари ҳукумат аз раъйи мардум сӯиистифода кардааст.

Собчак, як журналист ва чеҳраи телевизионӣ аст ва солҳои 1990-ум падари марҳумаш Анатолий Собчак раҳбар ва устоди Путин маҳсуб меёфт. Номзадии ӯро ҳизби Ташаббуси шаҳрвандӣ пешбарӣ кардааст.

Сурайкин аз сиёсатмадоронест, ки хеле кам шинохта шуда, дар интихобот аз ҷониби ҳизби “Коммунистони Русия” ("Коммунисты России") пешбарӣ шудааст.

Номзадҳои интихоботи президентии Русия
Номзадҳои интихоботи президентии Русия

Дар миёни номзадҳое, ки аз ин пеш сабтином шудаанд, худи Путин, баъдан як ҳомии ҳуқуқи соҳибкорҳо ва номзади Ҳизби рушд Борис Титов, намояндаи ҳизби Ваҳдати мардумӣ Сергей Бабурин, сиёсатмадори либерал ва намояндаи ҳизби “Яблоко” Григорий Явлинский, сиёсатмадори миллатгаро ва раиси ҳизби Либерал-демократ Владимир Жириновский ва намояндаи ҳизби коммунист Павел Грудинин мебошанд.

Намояндаи мухолифин Алексей Навалний, танҳо мунаққиди Путин бо сабаби доштани доғи судӣ аз роҳ ёфтан ба интихобот маҳрум шуд. Худи ӯ гуфт, ки мурофиаи судӣ бар асоси маводи сохтакоришуда баргузор гардид. Вай аз сокинони Русия даъват кардааст, ки интихоботро бойкот кунанд, чунки дар асл ин маърака ба хотири “таъини дубораи Путин” ба ин мақом баргузор мешавад.

Навалний мардуми Русияро ба тазоҳуроти зиддифасод даъват кардааст
Навалний мардуми Русияро ба тазоҳуроти зиддифасод даъват кардааст

Конститутсияи Русия ба як номзад иҷозат намедиҳад, ки бештар аз ду мӯҳлат дар мақоми президентӣ пешбарӣ шавад ва ин ба он маъност, ки баъди соли 2024 Путин ҳақ нахоҳад дошт бори дигар ҷӯёи курсии президентӣ шавад.

Путин, як афсари собиқадори КГБ-и Шӯравӣ баъди аз қудрат канор рафтани Борис Елтсин дар охирин рӯзҳои соли 1999 сари қудрат омад ва корро ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи президент шурӯъ кард.

Соли 2008 ӯ курсии президентиро дар ихтиёри Дмитрий Медведев вогузор кард ва ин ҳолат ба ӯ имкон дод, ки бидуни нақзи муқарарроти конститутсионӣ дубора соли 2012 сари қудрат баргардад ва шонси пешбарии номзадиашро дар ду давраи дигари президентӣ ҳифз кард.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG