Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Радован Караҷич ба додгоҳи Гаага рафтанӣ нест


Радован Караҷич, раҳбари собиқи сербҳои Босния, пас аз 12 соли пинҳонӣ дастгир шуд
Радован Караҷич, раҳбари собиқи сербҳои Босния, пас аз 12 соли пинҳонӣ дастгир шуд

Вакили дифоъи Радован Караҷич изҳор намуд, ки барои бознигарии тасмими истирдоди раҳбари собиқи сербҳои Боснӣ ба додгоҳи Гаага талош хоҳад кард.

Додгоҳи ҷиноёти низомии СММ оид ба Югославияи собиқ Караҷичро дар наслкӯшӣ ва ҷиноёти низомиву ҷиноёт алайҳи башарият айбдор мекунад ва истирдоди ҳарчӣ зудтари ӯро ба Додгоҳи Гаага талаб дорад. Ва аммо ба назар мерасад, ки ин раванд боз чанд рӯзи дигар тул хоҳад кашид, зеро тибқи қавонини Сербия, қабл аз ҳама Додгоҳи кишвар бояд мутмаин шавад, ки ҳама шарту шароити истирдод иҷро шудаанд. Сипас ба Караҷич барои ироаи ариза дар робита ба қарори додгоҳ вақт дода мешавад. Ин ариза аз сӯи комиссиюни вижа бозрасӣ шуда ва фақат баъд аз тасмими ин комиссиюн Радован Караҷич ба Додгоҳи байнулмилалии Ҳейг истирдод хоҳад шуд. Ба гуфтаи ҳуқуқдонҳо, ин раванд дар маҷмӯъ аз се то нӯҳ рӯз идома хоҳад кард.

Бруно Векарич, намояндаи Додгоҳи ҷиноёти низомии Сербия мегӯяд, ки “агар ҳама аснод комилан таҳия шаванд, ӯ метавонад ҳафтаи оянда дар Ҳейг бошад. Ва аммо агар ниҳодии бознигарии мо дар мӯҳлати кӯтоҳтар тасмим бигирад, истирдод метавонад барвақттар ҳам сурат бигирад”.

Светозар Вуячич, вакили дифоъи Радован Караҷич, мутмаин нест, ки дар талошҳо барои бознигарии тасмими Белград дар робита ба истирдоди фарди таҳти ҳимояташ ба Додгоҳи Ҳейг комёб хоҳад шуд ва аммо меафзояд, ки ба ҳар роҳу васила ба истирдод мухолифат мекунад ва ариза барои бознигарии қарори Додгоҳро низ дар охирин лаҳза, яъне баъд аз зӯҳри рӯзи ҷумъа ироа хоҳад кард.

Додгоҳи Ҳейг раҳбари собиқи сербҳои Босниро дар ҷиноёт алайҳи башарият, муроот накардани қавонини ҷанг ё ҷиноёти низомӣ ва наслкӯшӣ ё генотсид, дар маҷмӯъ аз рӯи 11 банди кодекси ҷиноӣ муттаҳам мекунад. Дар ин феҳрасти иттиҳомот куштори тақрибан 8 ҳазор сокини осоиштаи шаҳри Сребренитса ҳамчун “наслкӯшӣ” ва “ҳамдастӣ дар наслкӯшӣ” арзёбӣ шудааст. Аз нигоҳи додситонҳо, куштори мардуми осоишта – “ҷиноёти низомӣ” ва таҳқиру шиканҷаву таҷовуз ба номуси мусалмонҳову хорватҳо дар маҳбасҳои қисмати сербнишини Боснӣ “таъқибу зӯроварии қавмиву мазҳабӣ” маҳсуб мешаванд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, ахиран дигар ҷузъиёти боздошти Радован Караҷич низ ошкор шуданд. Гуфта мешавад, ки кормандони хадамоти кашфи Сербия Караҷичро дар ҷараёни ҷустуҷӯи дигар гумонбар дар ҷиноёт алайҳи башарият генерал Ратко Младич пайдо ва дастгир кардаанд. Ҳамчунин рӯшан шуд, ки баъди табдили ному насабаш ба Драган Дэвид Дабич ӯ на фақат озодона дар бемористони хусусӣ кор мекард, балки дар яке аз нашрияҳои маҳаллӣ пайваста мақола менавишт ва дар нишастҳои оммавӣ суханронӣ мекард.

Боздошти раҳбари собиқи сербҳои Боснӣ вокунишҳои зиёд ва зиддуннақизро ба думбол дошт. Ричард Ҳолдбрук, дипломати амрикоӣ ва миёнҷигари аслӣ зимни имзои Созишномаи сулҳи Дейтон оид ба Боснӣ дар соли 1995 рӯзи боздошти Караҷичро “рӯзи таърихӣ” номида ва шукри он кардааст, ки “оқибат яке аз бадтарин афроди олам” ва “Бен Лодини Аврупо” ба даст уфтод. Ва аммо Александр Вучич, раҳбари Ҳизби Родикалии Сербия Караҷичро қаҳрамони миллӣ хонда ва ҳушдор додааст, ки вокуниш ба истирдоди ӯ басо шадид хоҳад буд.

Зимнан, шурӯъ аз рӯзи сешанбе дар Сербия намоишҳои эътирозӣ алайҳи боздошт ва тасмими истирдоди Караҷич ба Додгоҳи Ҳейг идома доранд ва бегаҳи дирӯз ин эътирозҳо ба задухурд бо полис печиданд. Хонуми Караҷич Лиляна Зелен Караҷич гуфтааст, ки то ҳанӯз аз хабари боздошт ба худ наомадааст ва афзудааст, “ҳадди аққал мо огаҳ шудем, ки ӯ зинда аст”.

Яаап Де Ҳуп Схеффер, Дабири Кулли НАТО ҳам аз дастгиршавии Радован Караҷич истиқбол кард ва хостори истирдоди ҳарчӣ зудтари ӯ ба Додгоҳи Ҳейг шуд. Схеффер аз Сербия ва дигар кишварҳои минтақа хост, ки ба хотири фардои шоистаи Балкан ба боздошти дигар муттаҳамон дар ҷиноёти низомӣ, аз ҷумла, генерал Ратко Младич мусоидат кунанд. Ва аммо коршиносон ҳадс мезананд, ки дастгир кардани Младич осон нест, зеро ӯ бо генералҳои артиши Сербия робитаи басо наздик дорад.

XS
SM
MD
LG