Бонки осиёии рушд ва ҳукумати Қирғизистон акнун ба хотири ҳаддалимкон пойин бурдани мизони ифлосӣ дар даврубари ин кӯли беназир ҷиҳати шароити беҳдоштӣ ва тавзеи об дар ин минтақа барномаи муштаракеро мехоҳанд рӯи даст бигиранд.
Ифтихори Қирғизистон
Кӯли Иссиқкӯл дар баландии 1600 метр аз сатҳи баҳр дар шарқи Қирғизистон ҷойгир буда, барои ин кишвар як мояи ифтихори бузург ба шумор меояд.
Иссиқкӯл аз чаҳор сӯ дар муҳосираи қуллаҳои осмонбӯси Тиёншони шимолӣ қарор дорад ва обҳояш гӯӣ, ки ранг аз нури офтобу аз софии худ бурда, гоҳе ба ранги абри нилгун ва гоҳе дигар ба ранги кабуди баланд ҷилва мекунад.
Ҳамин зебоӣ буд, ки Иссиқкӯл дар аҳди Шӯравӣ ба як макони маъруфи сайёҳат ва истироҳат табдил ёфт ва осоишгоҳҳои воқеъ дар соҳили шимолии кӯл солона то 1 миллион нафарро аз гӯшаҳои мухталифи Иттиҳоди вақти Шӯравӣ ба канор мегирифт.
Дар банди партобҳо
Аммо акнун ба муҳити ин кӯли зебо ифлосшавӣ таҳдид мекунад, ки як иллаташ истифодаи беш аз ҳадди шабакоти аз замони Шӯравӣ бозмонда ва фарсудашавии беҳдоштиву обрасонист.
Бобур Олимов, коршиноси барномаҳои Бонки осиёии рушд дар Қирғизистон, мегӯяд, ин шабакоти фарсуда, ки ҳанӯз 20-30 пеш сохта шудаанд, дигар ҷавобгӯи аҳолии афзуда ва ба ин минтақа сарозер шудани маҷрои бузурги сайёҳон нест.
Бино ба бароварди Бонки осиёӣ, шабакоти мавҷудаи обрасониву беҳдоштӣ танҳо сеяки аҳолии шаҳрҳои соҳили Иссиқкӯлро таъмин мекунанд.
Куллия корхонаҳои тасфияи оби ин гӯша корношоям шуда, тавони тавзеъи оби покро надоранд ва як бахши қобили мулоҳизаи аҳолии минтақа ҳамчунон аз ҳоҷатхонаҳои бобоӣ истифода мебарад.
Аксари меҳмонсаройҳо ва осоишгоҳҳои воқеъ дар соҳилҳои Иссиқкӯл худ таҷҳизоти алоҳидаи тасфияи фозилобро дуруст кардаанд, вале Бобур Олимов мегӯяд, кайфияти кори ин таҷҳизот ба таври кофӣ назорат намешавад.
Ин авомил ва ҳамин тавр, ҳавзҳои оби гандида мунҷар ба ифлос шудани манобеъи об ва ҳамин тавр қабати хок мешавад.
$37,7 миллион барои ҳифзи кӯл
Ба хотири ҳалли ин мушкил Бонки осиёии рушд ва Бишкек бар сари як барномаи панҷсолаи 37,5-миллиондолларӣ тавофуқ кардаанд, ки беҳбуди кайфияти зиндагии мардуми сокини ин минтақа ва ҳифзи худи кӯлро ба ҳадаф дорад.
Темурбек Содураев, профессори улуми ҷуғрофӣ ва раҳбари созмони ғайридавлатии мавсум ба “Табиат” мегӯяд, “Иссиқкӯл як сарвати ҷаҳонист ва созмонҳои байналмилалӣ инро медонанд. Мо бояд ин кӯлро ҳифз кунем ва рушд диҳем. Аммо мо дар ин масъала фаъол нестем. Ҳамаи мо, чӣ мардум, чӣ давлат ва чӣ созмонҳои ғайридавлатӣ, бояд ин масъаларо матраҳ кунем. Мо як кӯле дорем, ки забон аз тавсифаш оҷиз аст.”
Кӯли ҳамешагарм
Иссиқкӯл дар забони қирғизӣ маънои кӯли гармро дорад ва ҳатто дар фасли сармо ях намебандад. Ин аст, ки кӯл бо расидани сардӣ ба истгоҳи даҳҳо ҳазор паррандаи муҳоҷир табдил меёбад. Иссиқкӯл ва соҳилҳои атрофи он ҳамин тавр макони сукунати анвои мухталифи ҳайвоноти ширхӯр ва навъҳои нодири моҳиён, аз ҷумла ширмоҳии усмонист.
Ба манзури ҳифзи муҳити нотакрори Иссиқкӯл, ин минтақаро дар баробари чандин мамнӯъгоҳу боғи миллӣ ба феҳрасти сарватҳои нодири табиат шомил кардаанд, вале камбуди молӣ то кунун ба ниҳодҳои давлатии масъули ҳифзи табиат даст намедод, ки дар ин амр кори бузурге анҷом диҳанд.
Табиатшиносон рушди сайёҳат ва ҷаҳонгардиро ҳамчунон як роҳи аслии ҳалли мушкилоти Иссиқкӯл, ин кӯли аз лиҳози масоҳат баробар бо кишваре, чун Швейтсария медонанд. Вале мегӯянд, инро бояд бо роҳҳои муносиб ва тавре анҷом дод, ки ба рангҳои нотакрори Иссиқкӯл рангҳои нав замм шавад, на кам.