Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садҳо қурбонии заминларза дар Покистон


Дар бораи шумораи қурбониёни зилзилаи ҷануби ғарби Балуҷистони Покистон маълумоти зидду нақиз вуҷуд дорад.

Хабаргузориҳо ба нақл аз қавли мақомоти Покистон онро аз 150 то 200 нафар хабар медиҳанд. Мухтор Чалгорӣ, раҳбари созмони ғайридавлатии таҳкими ҳамкории мардум дар Балуҷистони Покистон, гуфтааст, гурӯҳҳои наҷот ба манотиқи бештар осебдида фиристода шудаанд.

Чалгорӣ, ки телефонӣ аз шаҳри Кветта сӯҳбат мекард, ба радиои Озодӣ гуфт, нахустин такон соъати 4-у 30 дақиқаи бомдод сабт шудааст, вале зилзилаи баъдӣ, ки баъд аз 40 дақиқаи дигар рух додааст қавитар ва шиддати он 6,5 дараҷаи ҷадвали Риштер будааст:

"Зилзила ба қисмати аъзами Балуҷистон осеб расондааст. Вале шумораи бештари қурбониён ва харобиҳо дар вулусволии Зиёрат мушоҳида мешавад. Тибқи маълумоте, ки мо дар ихтиёр дорем, 200 нафар кушта 1000 хона комилан ба хок яксон шудаанд. Тақрибан 1000 хонаи дигар қисман осеб дидаанд".

Як маркази иттилоотии ҷуғрофиёии Амрико дар сомонаи худ навиштааст, дар маркази зилзила дар 60 километрии шаҳри Кветта шиддати зилзилаи соъати 5:10 дақиқаи бомдод 6,4 дараҷаро ташкил додааст.

Покистон яке аз марказҳои зилзилахез дар минтақа аст ва муқовемати он ба офатҳои табиъӣ зафиф мебошад. Моҳи октябри соли 2005 дар натиҷаи зилзилае ба шиддати 7,6 дараҷа дар манотиқи кӯҳистонии шимоли Покистон 80 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд.

Соли гузашта дар натиҷаи ҷорӣ шудани селобҳо дар Балуҷистон садҳо нафар ба ҳалокат расиданд. Балуҷистон бузургтарин аёлати Покистон аст. Соли 1935 дар зилзилае аз ин қабил 30 ҳазор нафар кушта шуданд ва тақрибан ҳамаи шаҳри Кветта ба хок яксон шуда буд.

XS
SM
MD
LG