Албатта, орои вакилони ин 2 аёлат ба ҳеҷ яке аз довталабон – Барак Обама ё Ҳиллари Клинтон - имкон намедиҳад, ба аксарияти орои вакилони анҷумани Ҳизби демократ, ки номзади ниҳоии ҳизбро дар анҷумани моҳи август интихоб мекунад, даст биёбанд. Барои Барак Обама кофист, ки бо касби ҳамагӣ 45 раъйи дигар шумори лозими орои вакилони анҷумани ҳизб пирӯзии худро таъмин карда, роҳии сабқати ниҳоӣ бо номзади 4 моҳ пеш маълумшудаи ҳизби ҷумҳурихоҳ Ҷон МакКейн шавад. Вале тавре ба назар мерасад, Ҳиллари Клинтон ҳанӯз ҳам тарки ин корзор карданӣ нест.
Тайи сабқати пур аз шӯри довталабони Ҳизби демократ, Ҳиллари Клинтон рӯшан намоиш дод, ки ӯ нафари заъифу муштипаре нест ва ҳеҷ навъ фишоре ба зонуяш нишонда наметавонад. Ва агар тахтапушти ӯ ба замин ҳам бирасад, ӯ тани захмии худро барои идомаи мубориза зуд аз ҷо баланд хоҳад кард. Ва ҳатто дар охирин соъатҳои ин сабқат, ки рақибаш Барак Обама дар як фосилаи хеле наздик аз пирӯзӣ қарор дорад, тавре ба назар мерасад, Ҳиллари Клинтон ҳанӯз ҳам сарсахтона тан ба тақдир доданӣ нест.
Ба навбаи худ, рақиби ӯ Барак Обама низ то кунун пирӯзии худро эълон кардан намехоҳад. Обама боисрор мегӯяд, то замони ба аксарияти расмӣ ва мутмаини орои вакилони анҷумани ҳизб даст ёфтани ӯ ё хонум Клинтон набояд касе худсарона эълони пирӯзӣ кунад. Барак Обама, довталаб ба мақоми номзади Ҳизби демократ ба интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико, дар ҳоли ҳозир раъйи мувофиқи 2073 вакили анҷумани ҳизбашро дар даст дорад ва то касби аксари орои вакилон, яъне 2118 раъй, лозим аст, ки пуштибонии ҳамагӣ 45 вакили дигарро ба даст биоварад.
Ин дар ҳолест, ки рақиби ӯ - Ҳиллари Клинтон то кунун ҳимояти 1915 вакили анҷуманро соҳиб шудааст. Ба ин далел, нақши муҳимро дар интихоби номзади ниҳоии ҳизб дар анҷумане, ки моҳи август доир хоҳад шуд, 855 нафари, ба истилоҳ, “супервакил” бозӣ хоҳанд кард. “Супервакилон”, ки умдатан раҳбарону фаъолон ва мақомоти ҳизби демократро фаро мегиранд, ба фарқ аз вакилоин дар аёлатҳо интихобшуда дар мавриди пуштибонӣ аз ин ё он довлатаб озоданд.
Дар муқоиса бо Ҳиллари Клинтон, Барак Обама дар ҳоли ҳозир ваъдаи ҳимояти шумори бештари “супервакилон”-ро ба даст овардааст. Аммо тақрибан 170 тан аз “супервакилон” то кунун дар қиболи ин ду довталаб мавзеъгирӣ накардаанд. Клинтон фикр мекунад, ки худро дар охирин лаҳазот аз чанголи шикаст во раҳонда, даст ба пирӯзӣ хоҳад ёфт. Ӯ ҳамоно бар ин бовар аст, ки “супервакилон” метавонанд бо тағйири дидгоҳ, дар анҷуман ба сангари тарафдорони ӯ бипайванданд.
Дар мавриди касби ҳимояти вакилони анҷуман, албатта, Обама бартарӣ дорад, вале Клинтон ба ин нукта таъкид мекунад, ки дар саросари Амрико пуштибонии шумори ба сурати умум бештари мардумро ӯ ба даст овардааст ва шонси ӯ ба пирӯзӣ бар номзади ҷумҳурихоҳон Ҷон МакКейн назар ба рақибаш Обама бештар аст. Вале итминони ҳатто тарафдорони сарсахти Клинтон ба пирӯзии ниҳоии ӯ низ акнун батадриҷ фурӯ менишинад.
Хонум Клинтон ба орои вакилони анҷуман аз аёлатҳои Мичиган ва Флорида сахт умед баста буд. Раъйгириҳои муқаддамотиро дар ҳарду аёлат Клинтон бурд, вале мақомоти Ҳизби демократ ба далели пеш аз замони таъйиншуда доир кардани ин раъйгириҳо натоиҷи онро эътироф накард. Дар поёни ҳафтаи гузашта раҳбарони ҳизб орои вакилон аз Мичигану Флоридаро байни довталабон баробар тақсим карда, ин умеди охирини Клинтонро ҳам бар бод доданд.
Ба назари таҳлилгарон, Клинтон бо ин вуҷуд то охирин лаҳзаи дар анҷумани моҳи август интихоб шудани номзади ниҳоии Ҳизби демократ, ки ғолибан Барак Обама хоҳад буд, таслим шуданӣ нест. Аммо аллакай шоми душанбе дар Вошингтон шоеъаҳое ба гӯш мерасид, ки бархе аз аъзои ситоди Ҳиллари Клинтонро дастур додаанд, аз рӯзи сешанбе ба кор набароянд.
Аз сӯи дигар, дар маҳофили сиёсии Амрико ба сабқати кунунии Ҳизби демократ нуқтаи таммат гузоштаанд ва аҳли назар акнун бештар рӯи ин мавзӯъ баҳс мекунад, ки оё Ҳиллари Клинтон дар оянда бори дуввум ба мақоми раёсати ҷумҳурии Амрико довталабӣ хоҳад кард ё на?