Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавлуди Сайид Абдуллоҳи Нурӣ


Марҳум Сайид Абдуллоҳи Нури, раҳбари собиқи Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон
Марҳум Сайид Абдуллоҳи Нури, раҳбари собиқи Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон

Мақомоти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон 61-умин солгарди мавлуди муассис ва раҳбари он Сайид Абдуллоҳи Нуриро таҷлил карданд.

Вале ин дар ҳолест, ки бештари коршиносон ҳузури ин ҳизб дар саҳнаи сиёсии кишварро дар ду соли ахир камрангу камтаъсир мешуморанд. Афзун бар ин, коршиносон мегӯянд, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари кунунии Ҳизби наҳзати исломӣ, аз маҳбубияте, ки марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба ҳайси як фарди рӯҳонӣ бархӯрдор буд, бархӯрдор нест ва бар хилофи оқои Нурӣ бо дониши амиқаш дар улуми исломӣ шӯҳрат пайдо накардааст. Аз ин рӯ, ба қавли коршиносон, баъид аст, ки калавиши Муҳиддин Кабирӣ барои наздикии ҳарчи бештар бо давлат ба комгории сиёсие барои Ҳизби наҳзати исломӣ анҷомад.

Ҳамин тавр, Абдусамад Султонов, коршинос дар умури сиёсӣ, пас аз марги Сайид Абдуллоҳи Нурӣ мавқеъи Ҳизби наҳзати исломиро дар амри пуштибонии иҷтимоъии мардум заъиф медонад ва, ба назари ӯ, Ҳизби наҳзат мавқеъи бетарафиро дар баробари вазъи мавҷудаи ҷомеа ихтиёр кардааст. Вай гуфт, сохтори идории Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рӯ ба коҳиш овардааст, зеро аз замони даргузашти Сайид Абдуллоҳи Нурӣ то имрӯз нафаре пайдо нашуд, ки воқеъан ҳам лидери ин ҳизби исломӣ бошад. Ба қавли ӯ, агарчи шахси роҳбари кунунии ин ҳизб Муҳиддин Кабирӣ чеҳраи шинохта аст, вале ҳамандешии ягона барои ҷонибдорӣ аз раҳбарии вай миёни аъзои Ҳизби наҳзати исломӣ вуҷуд надорад.

Аксар сиёсатшиносони тоҷик низ ба ин нукта таъкид мекунанд ва мегӯянд, ки Муҳиддин Кабирӣ дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон салобати хоси марҳум Нуриро надорад ва дар мухолифат бо ҳукумат низ чандон муқаввӣ нест. Ин гуфтаҳо дар ҳолест, ки ахиран ҲНИТ дар зери изҳороти муштараки се ҳизби мухолифи давлат барои ислоҳи Қонуни асосии кишвар имзо нагузошт. Изҳороте, ки маҳдуд кардани ӯҳдадориҳои президент Раҳмонро шадидан тақозо менамояд. Коршиносон мегӯянд, ҳамингуна бархӯрди нарму мулоҳизакоронаи

Ҳизби наҳзати исломӣ бо мақомот бисёре аз мусалмонони нисбатан тундравро аз ягона ҳизби исломии расмии минтақа бегона кардааст. Коршиноси тоҷик Абдулғаффори Камол дар маросими таҷлил аз 61-умин солгарди Сайид Абуллоҳи Нурӣ гуфт, ки баъд аз марги вай ҳимоят аз исломи тундрав дар Тоҷикистон низ як андоза рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Абдулғаффори Камол афзуд, имрӯз дар ҷомеъаи диндоронамон як навъ ташвишҳои зеҳнӣ ва мазҳабиро мушоҳида мекунем. Бародарони мо таҳсилоти худро дар ҷойҳои гуногун анҷом медиҳанд ва дар дохил ҳам фазои мазҳабии қавии олимонае мавҷуд нест, ки онҳоро қонеъ кунад, то ҳар ҷо бираванд бигӯянд: ин мазҳаби мо тавзеҳшуда аст.

Вай гуфт, ин чизҳо то замоне ки Устод Нурӣ буд, камтар ба чашм мерасид, чун ӯ мисли як кӯҳе буд, ки ҳар чиз ба ӯ бармехӯрд, дигар гузашта наметавонист. Ва бо реҳлати Устод Нурӣ метавонем бигӯем, ки давлат ҳам як сангари мустаҳками худро дар муқобили ифротгароӣ аз даст дод.

Аммо Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, мавқеъи имрӯзаи ҳизбашро дар баробари сиёсати давлат барҷаста арзёбӣ мекунад. Ва худи Муҳиддин Кабирӣ ба унвони намояндаи Ҳизби наҳзати исломӣ дар порлумони кишвар дар навиштан ва барраси қонунҳо ширкати ҷиддӣ хоҳад дошт ва аз манофеъи мардум дифоъ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG