Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақобати демократҳо бар нафъи ҷумҳурихоҳон?


Ҷон Маккейни ҷумҳурихоҳ (аз тарафи рост) омодаи рақобат бо номзади ягонаи демократҳост
Ҷон Маккейни ҷумҳурихоҳ (аз тарафи рост) омодаи рақобат бо номзади ягонаи демократҳост

Ташдиди рақобати Ҳилларӣ Клинтон ва Барак Обама дар интихоботи муқаддамоти раёсатҷумҳури ИМА бар нафъи номзади ҳизби ҷумҳурихоҳон Ҷон Маккейн хоҳад буд, - тахмин мезананд нашрияҳои байнулмилалӣ.

Рӯзномаи испонии «El Pais» менависад, шонси демократҳо ба пирӯзии номзади худ дар интихоботи раиси ҷумҳури Амрико рӯз аз рӯз кам мешавад, зеро рақобатҳо миёни довталабони номзадӣ Клинтон ва Обама ба ин зудиҳо ба итмом нахоҳанд расид. Аммо бо истифода аз ин фурсат номзади эҳтимолии ҷумҳурихоҳон Маккейн барои ширкат дар маъракаҳои ноябрӣ омодагӣ мебинад ва дар садади интихоби номзади худ ба мақоми ноиби раиси ҷумҳури ҳукуматаш мебошад.

Дар ҳамин ҳол, ин нашрияи испонӣ муборизаҳои сиёсии Клинтон ва Обамаро як сабақи демократия унвон кардааст, аммо мегӯяд, уфтухезҳои нуфузи ин ду демократи амрикоӣ бар зарари ҳизб аст, ки метавонад ҷумҳурихоҳонро барои дастикам чаҳор соли дигар дар раёсати Амрико қарор бидиҳад.

Вале нашрияи бритониёии «The Independent» баръакс, бар ин назар аст, ки пирӯзиҳои нави Клинтон дар иёлатҳои Техас, Оҳайо ва Род-Айленд барои демократҳо судманд буд. Барак Обама водор шуд, паҳлӯҳои норӯшани барномаи худро ташреҳ диҳад ва акнун Обама дигар танҳо ба ҷозибаву фатонаташ набояд такя кунад, балки дар баробари довталабони дигари курсии раёсатҷумҳурӣ пуртаҷрибагӣ ва устувории худро собит намояд.

Ҳилларӣ ва Обама акнун аслиҳаи худро барои муборизаҳои нав дар, ба истилоҳ, «мегаиёлат»-и нав – Пенсилвания (22 март), омода мекунанд, - менависад «La Repubblica». Ба қавли шореҳони нашрия, дар самтгириҳои довталабони демократ дигаргуниҳо эҳсос мешаванд. Обама, ки қаблан дар бораи «бозсозиву тағйироти куллӣ» сӯҳбатҳо мекард, акнун ҳушу гӯш ба шумориши вакилони ҷонибдораш дар иҷлоси моҳи августии ҳизби демократ аст. Аммо Ҳилларии бештар дурандеш ҳоло аз «эҳсос» ва «набзи тоза» сӯҳбат мекунад.

«The Washington Post» менависад, дар шароити бавуҷудомадаи баробарии Барак Обама ва Ҳилларӣ Клинтон дар раъйгириҳои муқаддамотӣ ин савол дубора ба миён омадааст, ки оё барои пешбарии номзад иёлоти Мичиган ва Флорида ширкат меварзанд. Иёлоти мазкур бо ин ки интихоботи муқаддамотиро қабл аз вақт доир кардаанд, оинномаи ҳизбро вайрон намуда ва зимнан аз ҳаққи ширкат дар ин ҷараён маҳрум шуда буданд. Аммо ба «тамасхури бахт», эҳтимол, маҳз раъйгириҳои ин ду иёлат ниҳояти муборизаҳои Ҳилларӣ ва Обамаро рӯшан бикунад.

Аммо нашрияи «The Guardian» қаринаи дигари ҳалли муқовиматҳои Ҳилларӣ ва Обамаро пешниҳод мекунад. Ба навиштаи ин рӯзнома, агар ин ду довталаби демократ ба чунин мувофиқа бирасанд, ки дар корзори интихобот яке ба ҳайси номзад ба курсии раёсатҷумҳурӣ ва дигаре ба унвони ноиби раиси ҷумҳур дар ҳукумати нав ширкат биварзанд, барои пирӯзии ин дугона дар интихоботи моҳи ноябр шонси бештаре дар миён ҳаст. Ҳилларӣ Клинтон дар мусоҳибае бо телевизиони «CBS» эҳтимоли расидан ба чунин мувофиқаро истисно накард, аммо гуфт, ҷонибдоронаш дар аёлатҳои бузурги Амрико бештар ӯро мехоҳанд дар мақоми раёсатҷумҳурӣ бубинанд.

XS
SM
MD
LG