Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарзҳои дурӯғомези Тоҷикистон


IMF гуфтааст, ин барои шашумин бор аст, ки мақомоти Тоҷикистон бо иттилоъи ғайривоқеъӣ кумакҳои ин созмонро гирифтааст.

Люк Моерс, намояндаи доимии Сандуқи байнулмилалии пул дар Тоҷикистон, дар як нишасти матбуотии муштарак бо Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, дар Душанбе дар ин бора гуфт, «шаш мавриди ироаи иттилоъоти ғайривоқеъӣ аз сӯи мақомоти Тоҷикистон ба Сандуқи байнулмилалии пул воқеъият дорад. Аммо бархе аз маворид ин иттилоъот камаҳамият буд, дар мавориди дигар на».

Намояндаи доимии Сандуқи байнулмилалии пул гуфт, «иттилоъи ғайривоқеъии ахиран аз сӯи мақомоти Тоҷикистон ироашуда доманадор буд, ки алҳол равшан аст. Иттилоъоти ғайривоқеъии қаблан ироашуда аз сӯи мақомоти Тоҷикистон ба Сандуқи байнулмилалии пул камаҳамият ба назар мерасид. Ба ин далел мо аз Тоҷикистон тақозо накардем, ки ин пулҳоро баргардонад».

Ба гуфтаи Люк Моерс, Бонки миллии Тоҷикистон бо ироаи ҳисоботи ғайривоқеъии молӣ тули чанд сол 5 дафъа кумакҳои молии Сандуқи байнулмилалии пулро ба даст овард, ки бояд барои иҷрои барномаи коҳиши фақр дар ҷумҳурӣ масраф мешуд. Ин кумакҳо 79 миллион доллар буд. Ва иҷрои ин барнома аз соли 2002 то соли 2006 дар назар буд. Вале пас аз он ки дар охири соли 2007 ва аввали соли 2008 мо иттилоъи дигаре дар мавриди фаъолияти Бонки миллӣ дарёфт кардем.

Вай афзуд, «ҳамин тариқ шӯрои Сандуқи байнулмилалии пул ба хулосае расид, ки Тоҷикистон бояд наздик ба 48 миллион доллари ба даст овардаашро бозпас гардонад. Ба ин далел, ки ин маблағ ба мақсадҳои дигар истифода шудааст, на барои коҳиши фақр. Бонки миллӣ ин маблағро барои бахши кишоварзӣ ба унвони тазмин ва пардохти қарзҳои аз дигар бонкҳо гирифтааш истифода кардааст». Ба гуфтаи Люк Моерс, Сандуқи байнулмилалии пул 100 миллион доллари қарзи Тоҷикистонро бахшидааст.

Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, ин иддаои Сандуқи байнулмилалии пулро пазируфт ва гуфт, «асос фаъолияти Бонки милии Тоҷикистон аст. Бонки миллӣ ин қарзро гирифтааст ва ба сохторҳои дигари бонк додааст. Ин пулҳо барои пуштибонӣ ба бахши кишоварзӣ рафтааст. Шумо вазъияти кишоварзии моро медонед. Дар кишварҳои урупоӣ барои як гов ҳар рӯзе 3 доллар масраф мешавад. Мо ин имконро надоштем ва ҳоло ҳам надорем. Буҷаи мо андак аст. Ва ин як роҳи пуштибонӣ аз бахши кишоварзӣ буд».

Хабарнигорон аз Шариф Раҳимзода суол карданд, ки ироаи иттилоъоти ғайривоқеъӣ ба эътибори Тоҷикистон садама ворид кардааст ва оё ин амдан аз сӯи мақомот ироа шудааст, ё аз сӯи ашхос ё гурӯҳе? Ва касе дар ин замина ба ҷазо хоҳад расид? Оқои Раҳимзода дар посух ба ин суол гуфт, «ин қарзҳо он қадар қарзҳои калону қидд нестанд, ки ҷиддан ба имиҷи Тоҷикистон таъсири манфӣ расонанд. Аммо нисбати касе қарор қабул мешавад ё намешавад, шудааст ё не, нашудааст». Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, аз бозтоби ин мавзуъ аз сӯи расонаҳои хабарӣ изҳори норизоиятӣ кард.

Люк Моерс, намояндаи доимии Сандуқи байнулмилалии пул дар Тоҷикистон, низ ба ҳамин назар аст. Оҷои Моерс муҳтаво ва далелу рақамҳои овардаи хабарнигори бритониёӣ Ҷон Ҳелмер дар мавриди сарозер шудани пулҳои Корхонаи алюминиюми Тоҷикистон ба бонкҳои хориҷиро таъйид накард. Дар ҳоле ки яке аз иддаҳои Сандуқи байнулмилалии пул ба адами шаффофияти фаъолияти Корхонаи алюминиюми Тоҷикистон рабт дорад. Люк Моерс дар ин бора гуфт, «барои мо муҳим ин аст, ки фаъолияти молӣ ва тиҷоратии Корхонаи алюминиюми Тоҷикистон шаффоф бошад. Мо алоқаманди шаффофият дар ин корхона ҳастем».

Хабарнигорон аз Шариф Раҳимзода, раиси Бонки милии Тоҷикистон, пурсиданд, ки наздик ба 48 миллион доллар аз кадом ҳисоб ба Сандуқи байнулмилалии пул баргардонда хоҳад шуд? Вай гуфт, ин маблағ дар захираҳои Бонки миллӣ қарор дорад, масраф нашудааст ва пардохти он ба буҷа ва ё моҳонаи коргарону нафақахурон робита надорад.

XS
SM
MD
LG