Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ADB фаъолияти худро дар Тоҷикистон маҳдуд мекунад


Макото Оҷиро, фиристодаи хоси Бонки осиёии рушд гуфт, ин ниҳод қасд дорад, арсаи фаъолиятҳои худ дар Тоҷикистонро маҳдуд бикунад.

Ӯ гуфт, дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ин ниҳоди байнулмилалии молӣ тасмим гирифтааст, барномаҳои худро танҳо рӯйи чанд самти мушаххаси фаъолият роҳандозӣ кунад ва дар натиҷаи бозбинӣ ва таҳлили кори то ин замон анҷомдодаи Бонк, иҷрои чанд тарҳи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон қатъ хоҳад шуд.

Аммо ба гуфтаи оқои Оҷиро, ба эҳтимоли қавӣ, мизони сармоягузориҳо ба иқтисоди Тоҷикистон коҳиш нахоҳад ёфт. Фиристодаи хоси Бонки Осиёии Рушд афзуд:

«Мо дар айни ҳол ба бозбинии барномаи ҷории амали худ ва ба таҳияи барномаи нави ироаи кӯмакҳои муштарак ба Тоҷикистон шурӯъ кардаем ва азми мо ин аст, ки то охири соли равон ин тарҳро омода сохта ва дар соли 2009-ум бо истротежии нав ба кор дар ин кишвар бипардозем. Бо коҳиш додани арсаи фаъолият ва маблағгузорӣ саҳми мо барои рушди иқтисоди Тоҷикистон муассиртар хоҳад шуд. Ва аммо самтҳои авлавиятноки маблағгузорӣ барои Бонки Осиёии Рушд дар оянда ҳамоно соҳоти кишоварзӣ, энержӣ ва зербинои роҳу нақлиёт аст, соҳоте, ки дорои аҳамияти минтақаӣ мебошанд. Ҳаҷми сармоягузорӣ аммо ба арзёбиҳо ва қарори Бунёди осиёии рушд вобаста хоҳад буд».

Аммо даст кашидани Бонки осиёии рушд аз иҷрои бахше аз барномаҳои худ дар Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки ахиран Сандуқи байналмилалии пул давлати Тоҷикистонро айбдор намуд, ки қарзҳои ин созмонро бар пояи маълумоти нодуруст дарёфт кардааст ва бояд 47,4 миллион доллар аз қарзҳои гирифтаашаз ин созмонро баргардонад.

Барои Тоҷикистон хеле «хиҷолатангез» будани тасмимоти Сандуқи байналмилалии пул ва инак, Бонки Осиёии Рушдро иқтисодшиносони тоҷик як чизи яқин медонанд. Асароти манфии ин тасмимот ба рушди иқтисоди миллиро, ки асосан бар пояи кӯмакҳо ва қарзҳои боимтиёзи чунин ниҳодҳои байнулмилалии молӣ тарҳрезӣ шудаанд, низ коршиносон таъкид мекунанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки фиристодаи хоси Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон иртибот доштани тасмими қатъи сармоягузории чанд барномаи маблағгузорӣ дар ин кишвар ба тавқифи барномаҳои Сандуқи байналмилалии пул дар Тоҷикистонро нодуруст мехонад.

Ба гуфтаи Макото Оҷиро, яке аз ҳадафҳои аслии фаъолияти ин бонк дар Тоҷикистон мусоидат дар бозсозии риштаи кишоварзӣ, бахусус саноати пахта, буда ва барои анҷоми он 40 миллион доллар ва ҳамчунин барои татбиқи тарҳҳои марбут ба энержӣ дар Тоҷикистон 26 миллион доллари амрикоӣ ихтисос хоҳад дод. Дар маҷмӯъ, феълан ин ниҳоди байнулмилалии молӣ омода будааст, то соли 2010 барои рушди соҳоти авлавиятноки маблағгузории худ, яъне кишоварзӣ ва роҳу нақлиёти Тоҷикистон, ҳудуди 190 миллион доллар ироа бикунад.

XS
SM
MD
LG