Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозгарон дар Гурҷистон ба истеъфои мақомот ва интихоботи зудрас даъват карданд. АКС


Эътирозгарон дар зери борон ҳам раҳпаймоиҳои худро идома доданд
Эътирозгарон дар зери борон ҳам раҳпаймоиҳои худро идома доданд

Мардум соати 7 шом дар хиёбони Руставелии воқеъ дар назди парлумони Гурҷистон ҷамъ омаданд. Дар дасти бархе эътирозгарон шиорҳои зиддирусия ва муқобили президент Владимир Путин дида шуд.

Дар як шиоре чунин навишта шуда буд: “Русия як ишғолгар аст”. Эътирозгари дигаре дар рӯи куртааш навишта буд: “Нависандаву ноширони гурҷӣ ҳеҷ гоҳ ишғолгариҳои Русияро таҳаммул наҳоҳанд кард”.


Бархе эътирозгарон мақомоти Гурҷистонро барои он маҳкум карданд, ки дар задухӯрдҳои се рӯз аз ин пеши эътирозгарон ва полис садҳо нафар маҷрӯҳ ва боздошт шуданд.
Дар овезае, ки дар рӯбарӯи бинои парлумон дида мешавад, акси як эътирозгари шадидан маҷрӯҳшуда гузошта шудааст, ки тибқи гузоришҳо шоми 20 июн чашмаш аз як тири резинӣ шадидан маҷрӯҳ шуда буд.

Зоҳиран, ба нишони ҳамраъйӣ бо ин эътирозгари маҷрӯҳшуда бархе нафарон як чашмашонро баста дар гирдиҳамоии 23 июн иштирок карданд. Бархе аз онҳо ҳам шиорҳои зидди Русияро баланд мекарданд. Ин намоиши эътирозӣ ҳам оромона гузашт ва гурӯҳи хурди ходимони полис эътирозро мушоҳида мекард.

Баъди нисфишаб мардуми эътирозгар сохтмони парлумонро тарк карда ба сӯи маркази шаҳри Тифлис ҳаракат кард. Гурӯҳи хурди иборат аз тахминан 200 эътирозгар баъдан аз издиҳом ҷудо шуда дубора назди парлумон баргашт. Аксари онҳо ҷавонон буданд ва дар даст парчами Гурҷистонро доштанд. Эътирозгар Гига Ленмонҷава баъдан дар рӯи пиллаҳои бинои парлумон як хаймае гузошт ва дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯву се дӯсти дигараш ин ҷо шабро рӯз мекунанд. “То замоне, ки вазири умури дохилӣ ба истеъфо наравад ва ҳамаи зиндониҳое, ки баъди хушунатҳои 20 июн боздошт шуданд, озод нашаванд, мо ин ҷо мемонем”, гуфт Лемонҷава.

Рӯзи 22 июн намояндагони мухолифони Гурҷистон эълон карданд, ки бо вуҷуди рӯзи 21 июн ба истеъфо рафтани раиси парлумон Иракли Кобахидзе намоишҳои эътирозии онҳо идома мекунад.

Раҳбарони эътирозгарон гуфтанд, ки то замони иҷро шудани талабҳои онҳо, аз ҷумла, истеъфои вазири умури дохилӣ, озод шудани онҳое, ки дар шаби аввали эътирозҳо боздошт шуданд ва муҷозоти афсарони ҳифзи қонун, ки бар зидди мардум аз хушунат кор гирифтанд, раҳпаймоиҳои эътирозии худро идома медиҳанд.

20 июн мардум аз он эътироз карданд, ки Сергей Гаврилов, як узви Думаи давлатии Русия зимни суханронӣ дар баробари шӯрои вакилони кишварҳои ғолибан православӣ дар курсии раиси маҷлиси Гурҷистон нишаст. Дар ҷои раиси маҷлиси Гурҷистон нишастани як вакили парлумони Русия бисёриҳоро дар Тифлис асабонӣ кард ва боиси эътирози ҳизбҳои мухолифин, президенти Гурҷистон ва аъзои эътилофи ҳокими “Орзуи Гурҷистон” шуд.

Дар ҳоле, ки мухолифон дар заминаи равобити Гурҷистон ва Русия изҳори нигаронӣ мекарданд, ҳизбҳои сиёсӣ аз фурсат истифода карда бо талабҳои берун аз мавзӯи эътироз бо интиқод аз вазъи сиёсиву иқтисодӣ садо баланд карданд.

Томас де Ваал, як муҳаққиқи калони масоили Аврупои Шрақӣ ва Қафқоз дар пажӯҳишгоҳи Карнегӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, “эҳсос мешавад, ки ҳукумат аз ҷомеа дур шуда, зиёд ба мушкилоти мардум кор надорад ва мағрур рафтор мекунад”. Ӯ гуфт, ки дар чунин шароит мухолифон “бисёр мехоҳанд бо истифода аз қартаи Русия эътилофи Орзуи Гурҷистонро дар он муттаҳам кунанд, ки бо Русия нарм рафтор кардааст”.

Равобити Русияву Гурҷистон давоми беш аз даҳ соли охир пур аз мушкил буд. Артиши Русия августи соли 2008 ба хоки Гурҷистон ворид шуда, дар паи як ҷанги кӯтоҳмуддат манотиқи рӯ ба Маскави Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистонро ишғол кард.

Президент Саломе Зурабишвилӣ Русияро “як душман ва ишғолгар” номид ва ишора кард, ки дар эътирозҳои ахир дасти Маскав дида мешавад. Дар як навиштааш дар саҳифаи худ дар Фейсбук Зурабишвилӣ навишт, ки “Сутуни панҷум (ба русӣ – “пятая колонна” - ишора ба Русия) метавонад аз ишғолгариҳои рӯшод ҳам хатарноктар бошад”.

Муовини вазири хориҷаи Русия Григорий Карасин рӯзи 21 июн аз, ба гуфтааш, “амалҳои намояндагони ҳизбҳои тундрави сиёсии Гурҷистон ба хашм омад”.
Карасин гуфт, ки эътирозгарон дар Тифлис “як ҳамоиши муҳими байналмилалии кишварҳои православии ҷаҳонро истифода карда, эҳсосоти зиддирусии худро баён карданд”.

Рӯзи 21 июн президенти Русия Владимир Путин амр кард, ки шурӯъ аз 8 июл ҳавопаймоҳои русӣ барои муваққат ба Гурҷистон парвоз накунанд ва ба ширкатҳои сайёҳӣ ҳам машварат дод, ки аз ташкили сафарҳо ба ин ҷумҳурии собиқи шӯравӣ худдорӣ кунанд.

Ҳукумати Гурҷистон гуфт, ки дар паи задухӯрди полис бо эътирозгарон дар бемористонҳои Тифлис 240 нафар муолиҷа мешаванд. Ин мардум мехостанд, ки хати амниятии иборат аз ходимони полис ва амниятиҳоро шикаста ба парлумон ворид шаванд. Рӯзи 21 июн беш аз 100 нафар бо ҷароҳатҳои мухталиф аз тири резинӣ ба бемористон интиқол ёфтанд. Матбуоти русӣ гуфт, ки дар шаби аввали эътирозҳо даҳҳо нафар боздошт шуда, баъди ин як қисми онҳо ба озодӣ баромаданд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG