Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷорҷ Буш вориди Исроил шуд


Ин дуввумин сафари раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш ба Исроил дар 5 моҳи охир буда, ҳадафи аслиаш ширкат дар маросими солгарди таъсиси Исроил мебошад.

Дар ин маросим, ки шаби чоршанбе дар Байтулмуқаддас хоҳад гузашт, ба ҷуз аз Ҷорҷ Буш, як силсила раҳбарони дигари собиқу кунунии ҷаҳон, аз ҷумла раҳбари пешини Шӯравӣ Михаил Горбачев, ширкат меварзанд. Амрико нахустин кишваре буд, ки Исроилро дар 60 соли пеш ба расмият шинохт ва то кунун аз муттаҳидини наздиктарини он кишвар маҳсуб мешавад.

Қарор аст, Буш дар Байтулмуқаддас суханронӣ кунад. Аммо баробари вуруд ба Тел-Авив Ҷорҷ Буш гуфт, Амрикову Исроил ҳарду аз замони таъсиси худ ба чолишҳои бузурге рӯбарӯ буда, ба хотири муқобила ба террор ва истибдод як иттиҳоди муҳкамеро созмон додаанд. Ҷорҷ Буш гуфт: “Мо сарзаминҳои муқаддасро як минтақаи хос медонем, ва мо мардуми Исроилро дӯстони наздики худ меҳисобем.”

Маҷмаъи кулли СММ ҳанӯз дар таърихи 29 ноябри соли 1947 дар мавриди қатъи маъмурияти Бритониё дар Фаластин ва таҷзияи он қаламрав ба ду давлати яҳудиву арабӣ қатънома қабул карда буд. Шаш моҳ баъд аз қабули ин қатънома, дар таърихи 14 майи соли 1948 сарвазири нахустини Исроил Давид Бен Гурион дар Тел-Авив таъсиси давлати Исроилро эълон кард. Таъсиси давлати Исроил ҳусни анҷоми 2000 соли талошҳои мардуми яҳудӣ барои бозгашт ба сарзамине шуд, ки яҳудиёнро аз он ҳанӯз дар аҳди Руми қадим пеш карда буданд. Аммо ин сарзамин дар иҳотаи кишварҳои арабие қарор дошт, ки шадидан мухолифи таъсиси давлати хоси яҳудӣ буданд. Ба хусус баъди инки таъсиси Исроил садҳо ҳазор фаластиниро бемакон кард.

Ин аст, ки низоъи мудавом ва гоҳо хунин байни Исроилу давлатҳои арабӣ таъйингари таърихи 60 соли гузашта аз таъсиси давлати Исроил шудааст. Дар солҳои 1967 низоъ ба ҷанге печид, ки дар таърих бо номи Ҷанги шашрӯза маъруф аст ва дар натиҷаи он Исроил Мисру Урдун ва Сурияро шикаст дода, контороли нимҷазираи Синайи Миср, сарзаминҳои фаластинии навори Ғаза ва каронаи бохтарии рӯди Урдун ва теппаҳои Ҷӯлони Сурияро ба даст овард. Дар соли 1973 байни Исроил ва кишварҳои арабӣ ҷанги нав бархост. Танҳо дар соли 1978 ба Мисру Исроил муяссар шуд бо миёнҷигии Амрико дар Кемп-Девид ба созишномаи сулҳ имзо кунанд.

Аммо талошҳо ба хотири расидан ба сулҳи ниҳоӣ дар Ховари Миёна ва таъсиси давлати мустақили фаластиниҳо то кунун идома доранд. Интизор меравад, дар ҳошияи маросими таҷлил аз солгарди шастуми таъсиси Исроил, президенти Амрико ҷиҳати нафаси тоза дамидан ба раванди сулҳи Ховари Миёна низ талош биварзад. Раҳбарони исроиливу фаластинӣ дар конфаронси Аннаполис дар моҳи ноябр тааҳҳуд супурда буданд, ки ҷиҳати то поёни замони маъмурияти раёсатҷумҳурии Ҷорҷ Буш, яъне то моҳи январ расидан ба қарордоди сулҳ, аз ҷумла қарордоди таъсиси давлати мустақили Фаластин, саъй хоҳанд кард.

Аммо вуҷуди масоиле, чун барномаи бунёди шаҳракҳои яҳудинишин дар сарзаминҳои фаластинии каронаи бохтарии рӯди Урдун, идомаи хушунатҳо дар навори Ғаза ва масъали ахиран пешомада – таҳқиқи иттиҳоми ришвахорӣ алайҳи сарвазири Исроил Эҳуд Олмерт – эҳтимоли расидан ба сулҳи Ховари Миёна то поёни замони маъмурияти Ҷорҷ Бушро зери шубҳа қарор медиҳад. Ҳарчанд Эҳуд Олмерт ин иттиҳомотро радд мекунад, нигарониҳое мавҷуд ҳаст, ки маҷбур ба истеъфо шудани ӯ талошҳо барои сулҳи минтақаро дигарбора замин хоҳад кард.

Ҷорҷ Буш қасди сафар ба сарзаминҳои фаластиниро дар ҷараёни ин боздидаш аз минтақа надорад. Мулоқоти президенти Амрико бо раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос рӯзи шанбе дар Миср доир хоҳад шуд. Аммо сафари Ҷорҷ Буш ба Ховари Миёна ва ширкаташ дар расми солгарди таъсиси Исроил ба рӯзҳое низ дуруст меояд, ки фаластиниҳо аз солгарди шастуми ҳиҷрати сардҳо ҳазор сокини араби ин сарзамин, ки фаластиниҳо “рӯзи накба” ё худ рӯзи фоҷиаяш мехонанд, ёдоварӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG