Барои дарёфти унвони қаҳрамони ҷаҳон дар Африқои ҷанубӣ 32 тими миллӣ вориди сабқат мешавад. Барои бахши аъзами онҳо худи роҳ ёфтан ба марҳалаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонӣ аллакай муваффақият аст ва пирӯзӣ дар мусобиқоти гурӯҳӣ ва рафтан ба давраҳои баъдии ин сабқат ба хушбахтии онҳову мухлисони онҳо, албатта, бамаротиб хоҳад афзуд. Вале дастикам сеяки ин 32 тим бо қасди даст ёфтан ба нишонҳои ё тило, ё нуқра ваё биринҷӣ ба Ҷоми ҷаҳонӣ рафтаанд.
Омили дигаре, ки ба оташи шӯру шавқ ва рағбати мухлисон равғани бештар хоҳад рехт, рақобати хусусии миёни беҳтарин бозигарони футболи муосир низ ҳаст, ки оё кадоми онҳо беҳтарини беҳтаринҳо хоҳад шуд: Лионел Мессӣ аз Аргентина ё Криштиан Роналду аз Португалия? Кака аз Бразилия ё Вейн Рунӣ аз Бритониё?
Барои 64 бозии марҳалаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонӣ дар Африқои ҷанубӣ дар маҷмӯъ беш аз 30 миллион чипта ба фурӯш гузоштаанд ва аллакай ҳаррӯз дастикам 5 000 чипта ба фурӯш меравад. Ҷером Валке, дабири кулли ФИФА, Иттиҳодияи ҷаҳонии футбол мегӯяд, ки онҳо мунтазири ҳузури густардаи мухлисон дар бозиҳои Ҷоми ҷаҳониянд: “Ман намегӯям, ки ин чиптаҳо ҳама ба фурӯш хоҳанд рафт, вале ҳузури мухлисон хеле бузург хоҳад шуд.”
Чораҳои шадиди амниятӣ
Аммо бархе масоиле ҳаст, ки рӯи ҳашамати Ҷоми ҷаҳонӣ дар Африқои ҷанубӣ соя меафканад. Яке аз ин масоил таъмини амният аст. Банд шудани роҳи издиҳом дар бозии дӯстонаи миёни тимҳои Нигерия ва Кореяи Шимолӣ дар таърихи 6 июн, барои мисол, мунҷар ба ҷароҳат бардоштани 16 мухлис шуд.
Раиси ФИФА Зепп Блаттер ҳамаро итминони хотир дод, ки дар бозиҳои расмии Ҷоми ҷаҳонӣ чунин иттифоқ такрор нахоҳад шуд, вале афзуд, таъмини амният боз ҳам бар дӯши мақомоти Африқои ҷанубӣ, мизбони ин мусобиқот меуфтад.
Вай гуфт, “дар ҳеҷ сурат созмонҳои футболи чӣ минтақавӣ, чӣ маҳаллӣ ва чӣ милливу байналмилалӣ ягон навъ нерӯи пулис ё нирӯи низомӣ надоранд, ки ба масоили амниятӣ дахолат кунанд. Таъмини амният ҳамеша аз масъулиятҳои давлатест, ки мизбонии мусобиқотро бар ӯҳда дорад.”
Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Африқои ҷанубӣ ҳамагӣ чанд моҳ баъд аз ҳадафи ҳамлаи як гурӯҳи мусаллаҳ қарор гирифтани тими миллии Того дар роҳ ба сӯи мусобиқоти Ҷоми Африқо дар Ангола баргузор мешавад ва ин иттифоқ ҳам ба нигарониҳои амниятӣ дар рӯзҳои Ҷоми ҷаҳонӣ меафзояд.
Аммо мақомоти Африқои ҷанубӣ эҳтимоли ҳамлаҳои террористиро ночиз хонда, мегӯянд, ба манзури таъмини амнияти бозиҳо беш аз 40 000 маъмури пулис ва ҳатто чархболҳо басиҷ шудаанд.
Мушкили низоми доварии сабқат
Масъалаи дигар доварии ин бозиҳост. Дар бозии ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии қаблӣ, ки соли 2006 дар Олмон гузашт, довар бозигари аввали тими Фаронса Зайниддин Зиданро бо ҷурми бо сараш задани Марко Матераззӣ, бозигари хатти дифоии тими Итолиё аз майдон ронд.
Ин ҳукми довар бозиро ба нафъи Итолиё ҳалл кард, ки дар ниҳоят тавассути силсилаи зарбаҳои пеналтӣ Ҷоми ҷаҳонӣ ва унвони қаҳрамони ҷаҳонро ба даст овард. Вале баъдан маълум шуд, ки маҳз Матераззӣ бо рафтори ношоямаш Зиданро маҷбур ба чунин посухи тунд кардааст.
Мавриди дигари иштибоҳи довар бозии Фаронсаву Ирландия барои дарёфти роҳхат ба африқои ҷанубӣ буд, ки довар голи бо дасташ задаи Террӣ Анриро надид ва бо ҳамин Ирландияро аз роҳхат ба Ҷоми ҷаҳонӣ маҳрум кард.
ФИФА дар бозиҳои Ҷоми ҷаҳонӣ довари чорумро низ ба кор меандозад, вале истифода аз сабти видеоии мавориди машкуки рақобатҳоро, ки дар хоккей роиҷ аст, ҳамоно радд мекунад.
Зепп Блаттер, раҳбари ФИФА гуфт, истифодаи фанновариҳо ба сӯди кор нест ва онҳо баъд аз баҳсҳои тӯлонӣ ба ин натиҷа расидаанд, ки беҳтарин низом ҳамон низоми қаблии иборат аз як довар дар дохил ва ду довари ёвар дар ҳошияи майдони бозист: “Агар мо суолро чунин гузорем, ки довар ҳаққи иштибоҳ надорад, мо дар маҷмӯъ тамоми низоми довариро зери суол қарор медиҳем.”
Шикоят аз тӯбҳои «гапнодарои» Адидас
Масъалаи дигар “Ҷабуланӣ”, тӯби расмии Ҷоми ҷаҳонист, ки ширкати маъруфи “Адидас” таҳия кардааст. “Ҷабуланӣ” дар забони зулусии роиҷ дар Африқои ҷанубӣ маънои “шодӣ”-ро дорад, вале аллакай интиқоди бозигарони зиёд ва бахусус дарвозабонҳо, аз ҷумла Ҷанлуиҷӣ Буффон аз тими Итолиё, Икер Касиллиас аз Испания ва Жулио Сезар – дарвозабони тими Бразилияро ба бор овардааст, ки мегӯянд, “Ҷабуланӣ” самти ҳаракаташро ногаҳон ва беназмона тағйир медиҳад.
Масъулони ширкати “Адидас” аммо ин иддаоҳоро бепоя хонда, мегӯянд, тайи 40 соле ки ин ширкат тӯбҳои расмии Ҷоми ҷаҳониро таҳия мекунад, ҳамеша мавриди интиқоди бавижа дарвозабонҳо қарор мегирад, ки табиист.
Аммо барои мухлисон тағйири самти ҳаракати тӯб зиёд муҳим нест. Муҳим он аст, ки ин тӯб тайи як моҳи Ҷоми ҷаҳонии футбол ҳарчӣ бештар дохили дарвозаҳо шавад ва майдонҳои пур аз даҳҳо ҳазор тамошобинро ба шӯр ва ҳамин тавр, садҳо миллион мухлиси ҷамъшуда дар назди экрани телевизионҳо дар саросари дунёро ба ваҷд биёрад. Маззаи футбол низ дар ҳамин голҳост.