Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Филмҳое, ки ба ҳукуматҳо писанд нест


Дар шаҳри Бишкек фестивали филмҳои мустанад баргузор шуд, ки таҳти унвони «Амалтея - зани Осиёи Марказӣ» сурат гирифт. Гуфта мешавад, ки Амалтея дар афсонаҳои Юнони қадим Худои зан шинохта шудааст.

Ин фестивал се рӯз давом кард. Филмҳои пешниҳодшуда бештар ҳаёти душвори занони кишварҳои Осиёи Марказиро ба баррасӣ гирифта буданд. Ин филмҳоро таҳиягарони Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Қирғизистон ба навор кашидаанд.

Фестивали мазбур дар чаҳорчӯби лоиҳае роҳандозӣ шуд, ки «Барои гуфтугӯ бо Осиёи марказӣ аз тариқи ҳунар» унвон дорад ва онро созмони иҷтимоъии Диалог-сентрали Австрия дар ҳамкорӣ бо созмони иҷтимоъии Колдоои Бишкек баргузор намуданд.

Дар фестивал 10 филми мустанад ба маърази тамошогарон гузошта шуд. Ҳамчунин дар чаҳорчуби ин фестивал намоиши суратҳои яке аз мусаввирони маъруфи қазоқ Оксана Шаталова низ ба вуқуъ пайваст.

Литсӣ Майрл - намояндаи созмони иҷтимоии «Диалог Сентрал» гуфт, вай ҳафт сол боз бо намояндагони доираҳои фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбакистон ва Қирғизистон ҳамкорӣ мекунад. Вай афзуд, ки чандин симпозиум ва анҷуманҳои фарҳангиро дар ин кишварҳо раҳандозӣ кардааст.

Ба гуфтаи Литсӣ Майрл, фестивали филмҳои мустанад, ки дар Бишкек сурат гирифт, аз зумраи чунин чорбиниҳост, вале дар доираи фестивал филмҳое намоиш дода шуданд, ки ҷанбаҳои мухталифи ҳаёти зан дар соири кишварҳои Осиёи Марказиро иниъкос намудаанд.

Воқеан, филмҳои «Занону мардон дар ойину маросимҳо» ва «Юля»-и таҳиягарони ӯзбак, «Арӯсрабоӣ дар Қирғизистон» ва «Зане, ки бахти худро меҷӯст»-и таҳиягарони қирғиз, «Контейнерҳои зинда» ва «Пенелопаи нав»-и таҳиягарони тоҷик аз филмҳое муаррифӣ шуданд, ки таваҷҷуҳи тамошогаронро бештар ба худ ҷалб кардаанд.

Филми таҳиягари тоҷик Орзумурод Шарифов -«Контейнерҳои зинда» ба ҳамлу нақли маводи мухаддир ҷалб шудани занону духтарони тоҷикро дар маркази таваҷҷӯҳ қарор дода буд. Тавре аз тамошои филм бармеояд, занҳо ба ин шуғл маҳз дар натиҷаи ҳаёти сахту сангин рӯй овардаанд ва маҳкум ба зиндон шудаанд. Қаҳрамони филми «Контейнерҳои зинда», ки дар зиндон ба сар мебарад, мегӯяд, ки ҳаёти сангин вайро ба шуғли интиқоли маводи мухаддир маҷбур намуд, зеро як шуғли дигар, яъне фоҳишагарӣ монда буд, ки вай аз ин роҳ метавонист, пуле ба даст биёрад.

Ин зан меафзояд, вале вай ҳаргиз танфурӯшӣ нахоҳад кард. Вай мегӯяд, ки ӯ роҳи дуввум - интиқоли маводи мухаддирро интихоб кард ва ба зиндон маҳкум шуд.

Филми «Пенелопаи нав» ҳаёти занҳои кӯҳистони Тоҷикистонро инъикос намудааст, ки шавҳарони ба Русия ба мардикорӣ рафтаашонро интизоранд. Вале аз аксарияти онҳо солҳои зиёд дараке нест. Дар филми мазбур ҳамчунин лаҳзаҳо аз интиқоли ҷасади як марди кӯҳистонӣ аз Русия ва дар ватанаш ба хок супурдани ӯ инъикос ёфтааст, ки модар ва зану кӯдаконаш роҳи вайро мепоистанд ва интизор буданд, ки вай бо як даста пул ба хона даромада меояд. Вале онҳо шоҳиди ҳодисаи дигар шуданд.

Георгий Дзалаев - яке аз таҳиягарони филми «Пенелопаи нав» мегӯяд, ба мардикорӣ рафтани мардон ва ба дӯши занон афтодани бори гарони зиндагӣ дар кӯҳистони кишвараш ба як ҳодисаи муқаррарӣ табдил ёфтааст. Вай меафзояд, ки зан мол мечаронад, ҳезум мечинад, мӯйи бузу гӯсфандонро метарошад ва аз ширу ҷурғот барои зимистон равғану анвоъи дигар тайёр мекунад, ки ҳамаи ин муҳтавои филми вайро ташкил намудааст.

Алгимантас Видугирис - мунаққиди синамо ба радиои Озодӣ гуфт, ки фестивал филмҳои хубро ба маърази тамошо гузошт. Вай афзуд, раҳандозии чунин фестивалҳо кори мушкил аст, вале созмонҳои иҷтимоъӣ ба чунин кор даст задаанд ва филмҳоеро ба намоиш гузоштанд, ки барои мақомоти кишварҳо қобили қабул нестанд ва ё мавҷудияти чунин мушкилотро нодида мегиранд.

Ин аввалин фестивали филмҳои мустанад муаррифӣ шуд, ки ҳаёти занҳоро дар маркази тасвир қарор додаст.

XS
SM
MD
LG