Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавқифи чопи маҷаллаи «Занон» дар Эрон


Шумораи охирини маҷаллаи "Занон"
Шумораи охирини маҷаллаи "Занон"

Ҳукумати Эрон дар давоми 2 сол 42 нашрияро баст ва муҷаввизи пахши барномаҳои 24 родиюро бекор кард.

Ахиран мақомоти Теҳрон чопи маҷаллаи ҳармоҳаи “Занон”-ро бо айбномаи расонидани зарар ба ҷомиъа аз тариқи пахши иттилоъи манфӣ ва тасвири тираи ҳаёти кишвар манъ намуд.
Комисиюни вижа дар умури назорат ва иҷозаи чопи матбуъот муҷаввизи маҷаллаи “Занон”-ро 28-уми январ бекор кард. Дар қарори комисиюн гуфта мешавад, ки маҷалла ба хонандагон тасвири ғамангези Ҷумуҳурии исломии Эронро пешкаш мекунад ва “бо нашри иттилоъоти ахлоқии шубҳанок ба саломатии равонии хонандагон осеб мерасонад”.

Ин маҷаллаи вижаи занона 16 сол пеш аз ҷониби Шаҳлои Ширкат, рӯзноманигор ва сардабири эронӣ, таъсис ёфта буд. Маҷаллаи “Занон” худро аз баррасии масъалаҳои сиёсӣ канор мегирифт ва куллан ба мавзуъҳои занона тамаркуз мекард.
Дар ҳоле ки мақомот нашри дигар расонаҳои хабариро манъ мекардаанд, ба хотири сиёсати пешгирифтааш “Занон” тавонист дар замони фишор ва сахтгириҳои ҳукуматӣ ҳамоно фаъъол бимонад.
Ризои Муъинӣ, масъули бахши Афғонистон, Эрон ва Тоҷикистон дар созмони байнулмилалии “Хабарнигорон бидуни марз”, ба бахши форсии радиои “Озодӣ” гуфт, ки маҷаллаи “Занон” ҳамеша ҳаёти иҷтимоъии Эронро холисона тасвир менамуд. Ба ақидаи ӯ, басташавии маҷалла шаҳодат медиҳад, ки мақомоти Эрон ҳаққи шаҳрвандон ба гирифтани маълумотро ҳамчун таҳдид ба амнияти давлати кишвар меҳисобанд.
Маҳбубаи Аббосқулизода, муҳаррири феълии маҷаллаи "Занон"
Ин ҳам дар ҳолест, ки баъди ба сари қудрат омадани раисиҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод даҳҳо нашрия ва хабарнигорони мустақил ба фаъъолияти зидди давлатӣ муттаҳам шудаанд. Басташавии ҳафтавори “Занон” ба дунболи аз ҷониби додгоҳ маҳкумшавии хабарнигори зан Ҷилои банӣ-Яъқуб сурат гирифт. Ин хабарнигори рӯзномаи “Сармоя” барои гузориш дар бораи раҳпаймоии занон дар моҳи марти соли 2007 мавриди бозҷӯӣ қарор гирифта буд. Хонум банӣ-Ёқубро инчунин барои фаъъолияте, ки бар зидди амнияти кишвар равона шуда буд, ба пардохти ҷарима маҳкум намудаанд. Бо иттиҳомоти ҳамсон хабарнигорзанони сомонаи интернетӣ хонум Марями Ҳусейнхон ва хонум Ҷилваи Ҷавоҳирӣ бо қарори додгоҳи Теҳрон ҳабс шуда будаанд. Ин занҳо танҳо баъди пардохти гарав ё худ васиқапулии хеле зиёд бо гузашти чанд ҳафта ба озодӣ баромадаанд.
Тибқи иттилоъи созмони “Хабарнигорон бидуни марз” ниҳоди зидахли ҳукумати Эрон дар давоми 2 сол 42 нашрияро баст ва муҷаввизи пахши барномаҳои 24 радиоро бекор кард. Фаъъолияти чандин расонаҳои хабарии дигар бо қарори додгоҳҳо муваққатан мутаваққиф шуда буд.
Иттиҳоди журанлистони Эрон бо пахши як изҳорот эълом намуд, ки комисиюни ҳукуматӣ ҳақҳи манъ кардани фаъъолияти маҷаллаи “Занон”-ро надошт ва танҳо додгоҳ метавонад чунин қарор барорад.
XS
SM
MD
LG