Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо "Андиҷон"-ро фаромӯш мекунад


Манъи раводиди сафар ба 8 мансабдори баландмақоми Узбакистон, ки ба тозагӣ аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо лағв шудааст, миёни кишварҳои узв баҳсҳои зиёдеро барангехт.

Баъзеҳо бо сарварии Олмон, ки ҷонибдори тақвияти муносиботи Иттиҳодияи Аврупо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, ва ба хусус Узбакистон, мебошад, ин чораҳоро зараровар меномиданд. Дигарон бо сарварии Британия, бар инанд, ки вазъи ҳуқуқи башар дар Узбакистон дар чанд моҳи ахир бадтар шудааст. Ба ақидаи ин кишварҳо, масъулони куштори мардум дар Андиҷон беҷазо мондаанд, дар Узбакистон озодии матбуъот вуҷуд надорад, аҳзоби мухолиф мавриди таъқиби шадид қарор доранд, азобу шиканҷаи маҳбусин дар ин кишвар як амали маъмулӣ гаштааст ва дар мавриди истифодаи иҷбории нерӯи кӯдакон дар саноъати пахтаи Узбакистон нигарониҳо афзоиш меёбанд.
Он аъзои Иттиҳодияи Аврупо, ки ҷонибдори робитаи дубора бо Узбакистон ҳастанд, баъзан бартарӣ пайдо мекарданд. Ҳамин тавр Олмон ки аз бозингорони умдаи саҳнаи сиёсии Аврупо мебошад, моҳи октябр тавонист Иттиҳодро водор кунад, то маҳдудиятҳои судури раводид барои 8 мансабдори ин кишвар ба муҳлати 6 моҳ бекор карда шаванд.
Лағви маҳдудиятҳо ҳамроҳ бо як қатор шартҳо қабул шуд ва ҳомиёни ҳуқуқи башар дар ин робита нигарониҳо изҳор накарда будаанд.

Олмон, ба кӯшишҳои тавсиъаи муносиботи миёни Иттиҳоди Аврупо ва Узбакистон, ин дафъа аз тариқи Комисиюни Аврупо бармегардад. Гунар Вейганд, масъули Кумисиюн дар умури равобит бо кишварҳои собиқ шӯравӣ, мегӯяд, ки шартҳои нав ба ҷоришавии маҳдудиятҳои судури раводид мамониъа эҷод мекунанд, чунки иртиботи манъи судури визаро бо рӯйдодҳои Андиҷон аз байн мебаранд. Ӯ, аз ҷумла, гуфт: “Дар ин маврид мо бо масъалаи вуҷуди стандартҳои дугона дар минтақа мувоҷеҳ хоҳем шуд. Чаро мо алайҳи як кишвари минтақа барои вазъи ҳуқуқи инсон таҳримҳо ҷорӣ мекунему алайҳи дигар кишварҳо не?”
Дар нишасти вазирони корҳои хориҷаи Иттиҳоди Аврупо дар Люксембург, ки интизор аст 28-уми апрел баргузор гардад, мавзӯъи вазъи ҳуқуқи башар дар Узбакистон низ мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт. Аз ҷумла, дастрасӣ ба боздоштшудагони узбак, сафарҳои гузоришгарони СММ ба он кишвар, имконоти фаъолияти озоди созмонҳои ғайридавлатӣ, озодшавии фаъолони ҳомии ҳуқуқи башару хотимаи таъқиби онҳо ва ниҳоятан омодагии мақомоти Тошканд ба ҳамкорӣ бо Иттиҳодия дар масалаи ҳуқуқи инсон.
Созмонҳои байнулмилалии ҳуқуқи инсон бар ин ақидаанд, ки Узбакистон дар ҳамаи ин бахшҳо натиҷаҳои ғайриқаноатбахш нишон хоҳад дод. Бо вуҷуди ин, Вейган гуфт, ки Иттиҳодия ягон интихобе надорад ва маҷбур мешавад ба лағви маҳдудиятҳо идома диҳад, чунки ин масала иртиботашро бо Андиҷон гум кардааст.
XS
SM
MD
LG