Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳарос аз халои иттилоотӣ


Аксар аз ноширони матбуоти даврӣ ҳарос аз он доранд, ки ҳафтаи ҷорӣ чопи нашрияҳои бахусус ғайриҳукуматӣ дар «Шарқи Озод» номумкин хоҳад шуд.

«Шарқи озод» нашриёти вобаста ба дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон буда, ҳудуди 90 дар сади нашрияҳо дар он чоп мешаванд. Аммо барқ ба ин сохтмони муҳим ҳам танҳо 10 соат дар як шабонарӯз интиқол ёфта, кори расонаҳои хабарии мустақар дар онро бас мушкил кардааст.

Сар аз 8-уми феврал интиқоли барқ ба маҷмаъаи табъу нашри «Шарқи Озод» тибқи реҷаи таъйинкардаи ҳукумати кишвар, яъне танҳо 5 соат субҳ ва 5 соат шом сурат мегирад. Ин дар ҳолест, ки наздики 90 дар сади нашрияҳои марказии Тоҷикистон маҳз дар ҳамин нашриёти вобаста ба дастгоҳи раёсати ҷумҳур ба чоп мерасанд. Раҳбарияти «Шарқи Озод» мегӯяд, дастгоҳи раёсати ҷумҳур аз маҳдудияти интиқоли барқ ба ин нашриёт дар ҷараён аст, аммо тадбире ҷиҳати таҳвили беисти нерӯ ба ин иншооти муҳим андешида нашуд. Ба гуфтаи намояндагони расонаҳои хабарӣ, гузашта аз ин, ба ҷойи 10 соати ваъдашуда, масъулини идораи барқ интиқоли нерӯ ба маҷмаъаи «Шарқи Озод»-ро то дуюним соати дигар коҳиш додаанд.

Ноширон мегӯянд, ба эҳтимоли қавӣ, бо реҷаи ҷории интиқоли барқ ҳафтаномаҳо ба нашри навбатӣ дар рӯзи чаҳоршанбе омода нахоҳанд шуд. Хуршеди Атовулло, сардабири нашрияи «Фараж», мегӯяд, маҷмаъаи табъу нашри «Шарқи Озод» низ аз шумули иншооти муҳимми стротежик аст ва бояд ба ин сохтмон барқ бемаҳдудият интиқол ёбад, чун ба иллате назири камбуди нерӯ нашр нашудани ҳафтаномаҳо ба имиҷи кишвар латма хоҳад зад:

«Баъзе аз шоҳидони ҳол нақл мекунанд, ки вақте Қаҳҳор Маҳкамов котиби якуми кумитаи марказии ҲКТ буд, ҳамагӣ чанд соат интиқоли барқ ба бинои «Шарқи озод» қатъ шуда буд ва бо дахолати худи ӯ давоми як соат мушкили фанниро ҳал карда ва ба ин сохтмон, ки ҳамон замон ҳам бисёр муҳимму стротежик ҳисобида мешуд, барқ доданд».

Ҳамзамон, Қурбоналӣ Хӯҷамов, муҳаррири ҳафтавори «Зиндагӣ», мегӯяд, камбуди барқ боиси афзоиши масрафоти нашрияҳо ва коҳиши мазмуни матолиби нашршуда мегардад:

«Азбаски кори нашрияҳо дар ин шабу рӯзҳои сарду бебарқӣ бо шитобзадагӣ сурат мегирад, мақолаҳо пуриштибоҳ ва бесифат чоп мешаванд. Дар маҳаллаи 103-ум, ки офиси нашрияи мо воқеъ аст, аксар вақт барқ беихтиёр хомӯш мешавад, трансформаторҳо аз кор мебароянд ва гоҳе 10 соати пурра ҳам барқ намебинем. Ин ҳолат ба авзоъи кории мо таъсири ниҳоят бад мерасонад».

Аммо ба назар чунин мерасад, ки ба фарқ аз ҳафтаномаҳои мустақил, нашрияҳои ҳукуматӣ аз имтиёзи бештаре барои таҳияи саривақти нашри навбатӣ бархурдоранд. Наталя Ниёзова, сардабири нашрияи ҳукуматии «Новий Хатлон», гуфт, барои мутаваққиф нашудани кори ин расона, ҳукумат хати барқи идораи мазкурро бо хати мустақими барқи беморхонаи маҳаллӣ васл кардааст. Хонум Ниёзова афзуд, бинои нашрияҳо, телевизион ва радиои давлатӣ дар Қӯрғонтеппа шабонарӯзӣ бо нерӯи барқ таъминанд ва дар кори худ бо ин мушкил мувоҷеҳ намешаванд.

Ин дар ҳолест, ки расонаҳои хабарии Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, аз набуди барқ азият мекашанд, мушкили онҳоро дастгоҳҳои тавлиди нерӯ то ҷое метавонад осон бикунад, аммо масрафоташ афзун буда, на ҳама нашрияҳо тавони харидории онро доранд.

Ва дар ниҳоят хатари аз чоп бозмондани шумори аксари ин нашрияҳо дар пеш аст ва ё онҳо аз таҷрибаи нашрияи «Нигоҳ» метавонанд истифода мебаранд, ки ахиран бо шикоят аз набуди барқ, чанд саҳфаи нашри навбатии худро холӣ гузошт ва рӯйи он танҳо як ишораи бохитоб кард: «Барқ нест!».

XS
SM
MD
LG