Фотима Аҳмадова, мудири ин зоишгоҳ, гуфтааст, тифле, ки сокини шаҳраки Айнӣ Иззат Боқиева рӯзи 6 феврал ба дунё овард, норасид буда, ҳамагӣ 2,5 кило вазн дошт ва аз ин рӯ, шуши ӯро ба дастгоҳи танаффуси сунъӣ васл карданд. Аммо шаби 6 ба 7 феврал ба иллати қатъ шудани нерӯи барқ ин дастгоҳ шабона аз кор монд, ки мунҷар ба ҳалокати тифл шуд.
Моҳе пеш дар ҳамин зоишгоҳ як тифли дигари навзод низ бар асари сармо фавтида будааст. Хабаргузории «Регнум» аз қавли манбаъаш дар ситоди зиддибӯҳронии Сармо-2008, ки вазорати ҳифзи сиҳҳати Тоҷикистон таъсис додааст, менависад, дар зарфи як моҳи гузашта дар зоишгоҳҳои Тоҷикистон 232 тифли навзод ва 12 модар аз дунё гузаштаанд. Аммо ин манбаъ гуфтааст, иллати марги ҳамаи ин навзодон ва модарон танҳо сармо ва ё адами нерӯи барқ набудааст.
Ин манбаъ гуфтааст, дар ҳоли ҳозир танҳо 46 дарсади бемористонҳо ва муассисаҳои тиббии кишвар бо обу нирӯи барқ ба қадри кофӣ таъмин буда, соҳаи тандурустии Тоҷикистон ба тақрибан 150 миллион доллар кӯмаки оҷили башарӣ ниёз доштааст.
Дар ҳамин ҳол, Эстония ба хотири кӯмак ба Тоҷикистон 500 000 крон ҷудо кардааст, ки тавассути ЮНИСЕФ - сандуқи кӯдаки СММ ба ин кишвар ироа хоҳад шуд. Эстония мехоҳад дар маҷмӯъ ба Тоҷикистон ба хотири рафъи пайомадҳои сармои шадиди имсола 720 000 доллар кӯмак кунад.
Урмас Паэт, вазири хориҷаи Эстония ба хабарнигорон гуфтааст, Тоҷикистон дар вазъияти ниҳоят сангин қарор дошта, миллионҳо нафар дар ин кишвар дар фасли сармо аз нирӯи барқ ва гармӣ маҳрум шудаанд. Урмас Паэт гуфтааст, зимистони сахти барои чанд даҳсолаи охир бесобиқа Тоҷикистонро дар панҷаи як фоҷиъаи гӯшношуниди башарӣ афкандааст.