Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро оқил кунад коре, ки боз орад пушаймонӣ?


Борҳо чунин шудааст, ки шаҳрвандони хориҷӣ ҳангоми бо роҳи қочоқ берун бурдани маблағҳои нақдии хеш аз ҷониби кормандони гумрук боздошт мегарданд ва дар натиҷа ғолибан ҳам аз пули хеш маҳрум мегарданду ҳам алайҳи онон парвандаи ҷиноӣ боз мекунанд.

Чунин воқеаҳои номатлуб, яъне аз даст додани пулҳои бо машаққати зиёд пайдокарда бо муҳоҷирони тоҷик низ борҳо рух додааст. Аз ҷумла, дар сӯҳбат бо баъзе муҳоҷирони тоҷик рӯшан гардид, ки баъзе ҳамдиёронамон аз надонистани қонун ва ё дағалона вайрон кардани он маблағҳои калонро аз даст додаанд.

Давлат ном ҳамсӯҳбати мо нақл мекунад, ки яке аз чунин ҳодисаҳо бо як ошнои ӯ - муҳоҷири тоҷик рух додааст. Вақте ки ӯ аз Русия тавассути Қазоқистон ба ватан бармегаштааст, дар фурудгоҳи шаҳри Алмаато барои маблағи ҳамроҳи худ арзаи гумрукӣ, ё декларатсия, пурнакардааст ва дар натиҷа бо иттиҳоми қочоқи беш аз 30 ҳазор доллар боздошт гардидааст.

Дар бозори мавсум ба «Барахолка»-и шаҳри Алмаато муҳоҷирони тоҷик дар сӯҳбати ғайрирасмӣ бо мо гуфтанд, як муҳоҷири тоҷик, ки дар шаҳри Қарағанда кор мекард, низ дар фурудгоҳи Алмаато бо 40 ҳазор доллари амрикоӣ боздошт гардидааст. Ин дар ҳолест, ки ҳам аз тариқи гумрук ва ҳам ба воситаи бонкҳо маблағро ба таври қонунӣ ба Тоҷикистон расонидан мушкилие надорад.

Дар ин робита Нурҷон Муҳаммадҷонов, корманди посгоҳи гумруки ноҳияи Ҷеттисуи шаҳри Алмаато, мегӯяд, ҳар шаҳрванди хориҷии кишвари узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, аз ҷумла муҳоҷири Тоҷикистон, метавонад бидуни пур кардани арзаи гумрукӣ, яъне декларатсия, то 3 ҳазор доллари амрикоиро аз Қазоқистон берун барад. Ба маблағи аз 3 то 10 ҳазор доллар бошад, вай дар посгоҳи гумруки Қазоқистон бояд арзаи гумрукӣ хонапурӣ намояд. Дар ин маврид нишон додани манбаи дарёфти маблағ зарурат надорад. Ба маблағи беш аз 10 ҳазор доллар муҳоҷир бояд манбаи дарёфти онро зикр намояд.

Ба гуфтаи корманди масъули гумруки ноҳияи Ҷеттисуи шаҳри Алмаато, арзаи гумрукиву мусофирии вуруди маблағ ва ё арзаи молиёт, ки аз ҷониби ниҳоди молӣ дода шудаанд, чунин асноди дарёфти маблағ дониста мешаванд.

Вале коршиносон ва кормандони системаи бонк бар ин назаранд, ки роҳи осони интиқоли маблағ истифодаи хидмати бонкҳост. Жанара Қодирсизова, корманди бахши иттилоотии Бонки тиҷоративу молии Алмаато ва ё АТФ-бонк, мегӯяд, ҳангоми аз тариқи бонк фиристодани ҳар гуна маблағ ба ҷузъ шиноснома дигар ҳуҷҷате талаб карда намешавад. Хонум Қодирсизова, таъкид мекунад, ки асосан ду роҳи ҳаволаи маблағ аз тариқи бонкҳо мавҷуд аст: яке тавассути «Вестерн юнион», яъне ҳаволаи фаврӣ ва ё зудрас ва дигар - ҳаволаи байналмилалии оддӣ.

Тавассути ҳаволаи фаврӣ, яъне «Вестерн юнион» то 7300 долларро метавон интиқол намуд. Ин маблағ дар 30-40 дақиқа ба дасти соҳибаш мерасад. Бо роҳи ҳаволаи байнулмилалии оддӣ бошад, дар ду-се рӯз маблағро гирифтан мумкин аст. Дар ин маврид ҳангоми фиристодани маблағ маҳдудияте мавҷуд нест. Масалан кас ҳатто 50 ҳазор долларро низ фиристода метавонад. Фақат бояд зикр кард, ки он ёрии молӣ, масалан ба падару модар аст. Ҳангоми фиристодани маблағи болиғ аз 50 ҳазор доллари амрикоӣ бошад, ин иттилоъ дар Бонки миллии Қазоқистон нигоҳдорӣ мешавад.

Ба гуфтаи хонум Қодирсизова, ҳангоми аз тариқи ҳаволаи фаврӣ фиристодани масалан 1000 доллари амрикоӣ, кас ба бонк 37 доллар ҳаққуламал мепардозад. Масрафи ҳаволаи байналмилалии оддӣ барои 1000 доллар ҳамагӣ 0, 25 дарсад ва ё 15 доллар аст.

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони мо, инҳо роҳҳои қонунианд ва истифодаи онҳо мушкиле надоранд. Истифода аз чунин роҳҳо, ки масраф ва ташвиши зиёде ҳам надоранд, муҳоҷирро аз даст задан ба амали ҷиноӣ, яъне қочоқи маблағ нигоҳ медорад ва ӯ бидуни тарсу ҳарос аз Қазоқистон пули бо заҳмати зиёд ба дастовардаашро ба Тоҷикистон ва ё ҷои дигари дилхоҳаш мерасонад.

XS
SM
MD
LG