Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурби доллари амрикоӣ поин меравад


Тайи рӯзҳои ахир дар Тоҷикистон қурби доллари амрикоӣ дар нисбати сомонӣ шаш дирам поин рафтааст.

Агар як рӯз қабл, дар нуқтаҳои саррофии шаҳрии Душанбе 1 доллари амрикоӣ ба 3 сомонию 52 дирам иваз мешуд, феълан он ба 3 сомонию 46 дирам баробар шудааст. Раҳматшо Додхудоев, сухангӯи Бонки миллии Тоҷикистон, сабаби коҳиши қурби доллари амрикоиро дар нисбати сомонӣ дар таҷлили соли нави чиноиҳо дар кишвари Чин шарҳ дод.

Ба қавли оқои Додхудоев, давлати Чин феълан ба муносибати баргузоршавии соли нави миллиаш ворид шудани тоҷирони Осиёи Марказиро ба ин кишвар манъ кардааст ва феълан тоҷирони Тоҷикистон ба ин кишвар наметавонанд, барои тиҷорат бираванд. Ба қавли оқои Додхудоев аз тиҷорат бозмондани бозаргонҳои тоҷик ба он сабаб шудааст, ки талабот ба доллар дар бозори асъори Тоҷикистон кам шуддаст.

Аммо коршиносон мегӯянд, ба коҳиши қурби доллар таҷлили соли нави нави чиноиҳо ва аз гардиш мондани асъори тоҷирон дар бозори Тоҷикистон он қадар ба сатҳи коҳиши қурби доллар таъсири ҷиддӣ надоштааст. Давлати Усмон, коршиноси мустақил мегӯяд, коҳиши қурби долар бештар ба иваз шудани роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бастагӣ дорад.

Оқои Усмон афуд, эҳтимол роҳбарияти тозатаъини Бонки миллии Тоҷикистон бо якбора ворид намудани доллари амрикоӣ аз хазинаи бонки мазкур ба бозори асъори ин кишвар ва кам намудани ҳаҷми пулии миллии дар муомилот буда, ба коҳиши қурби доллари амрикоӣ дар нисбати сомонӣ комёб шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Ҳафиз Мубинов, коршиноси масоили иқтисодӣ, мегӯяд, аз фаъолият бозмондани корхонаҳои саноатию тавлидотии Тоҷикистон низ боис ба коҳиши қурби доллар дар саросари Тоҷикистон шудааст. Ӯ гуфт, феълан ба ҷуз корхонаҳои «Талко» ва «Тоҷиксемент», аксари корхонаҳои тавлидотии хурду бузург ки бо доллари амрикоӣ дар бозор муомила менамуданд, бо сабаби бебарқӣ аз фаъолият бозмондаанд. Оқои Мубинов афзуд, аз кор бозмондани корхонаҳо ба коҳиши қурби доллар дар баробари сомонӣ боис шудааст.

Коҳиши қурби доллар дар баробари сомонӣ дар ҳолест, ки таи чанд моҳи ахир дар Тоҷикистон афзоиши он дар нибати сомонӣ мушоҳида мешуд. Дар як моҳи қабл, як долари амрикоӣ аз 3 сомонию 43 дирам ба 3 сомонию 52 дирам афзуда буд.

XS
SM
MD
LG