Тибқи нақша онҳо бояд дар тӯли 45 рӯз дар саросари Украина барномаҳои консертӣ доир мекарданд. Ҳунармандони тоҷик дар шаҳри Лутск, дар 15- 20 километрии Чернобил, қарор гирифтанд ва дар рӯзи сеюми сафари онҳо ин фалокат ба вуқӯъ пайваст ва вазорати маданияти ҳукумати шӯравӣ сафари ҳунармандонро лағв накард.
Коршиносон мегӯянд, барои бартарафсозии оқибатҳои садамаи Чернобил беш аз як миллион нафар шаҳрвандони ноогоҳу омода набудаи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ таъҷилан сафарбар шуда буданд. Аз Тоҷикистон 5 000 нафар шаҳрвандон ё худ сарбозони эҳтиётӣ ва 1000 нафар аскарбачаҳои тоза ба хизмат даъват шуда фиристода шуданд. Ҳаминтавр беш аз 6000 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки маъмулан фарзандони оилаҳои таҳсил нокарда ва колхозчӣ буданд, дар Чернобил ба тоза кардани шаҳр, барқарорсозии нерӯгоҳ ва амсоли инҳо машғул буданд. То ба имрӯз беш аз 550 нафари онҳо аз синни 35 то 45 сола фавтидаанд.
Иттифоқи маъюбони Чернобили кишвар итилоӣ медиҳад, ки дар созмони онҳо 1980 нафар иштирокчии бартарафсозии оқибатҳои садамаи Чернобил, ҳудуди 1350 нафар маъюбони гурӯҳҳои аз як то се ва 2940 нафар кӯдакони маъюби модарзод ба қайд гирифта шудаанд. Тахминан 20 дарсади фарзандони чернобилчиён маълул ба дунё омадаанд. Зеро заҳри радиатсия аз насл ба насл мегузаштааст. Ба фарқ аз замони шӯравӣ, ҳоло маъюбони садамаи Чернобил, дар асоси қонуни вижа аз як қатор имтиёзҳо бархӯрдор мебошанд.