Ба гуфтаи мақомот, ҷавонони кушташуда фирефтаи дастаҳои мусаллаҳи Алии Бедакӣ мулаққаб ба Алоудин Давлатов ва Мулло Абдулло шуда, худро қурбон кардаанд.
ҶАВОНОН ДАР САФИ ГУРӮҲҲОИ МУСАЛЛАҲ
Нозирҷон Бӯриев, сухангӯи Кумитаи давлатии амнияти милии кишвар мегӯяд, ки волидайни ин ҷавонон ҳам барои баргардонидани фарзандонашон талош карда буданд. Аммо, ҷавонон аз машварати падарон сарпечӣ карда гуфтаанд, ки «мо аз ин роҳ барнамегардем, ин роҳи ҷиҳод аст»: «Сулаймоншо Маҳмадшоеви 36-сола, бошандаи деҳаи Шӯли ноҳияи Рашт, Аёмиддин Маннонови 30-сола, маъруф ба Умар, Манучеҳр Маннонови 23-сола, Муҳаммадҷон Давлатҷони 17-сола, муллақаб ба Холид, Маҳдӣ Шарифови 23 сола, Лутфулло Муродови 19-сола........ ҷавонҳое буданд, ки қурбон шуданд.»
Қиёмиддин Азизов, як корманди ниҳоди амниятӣ мегӯяд, ки манзараи рӯзгори сангини ҷавонон дар минтақа риққатовар аст. Машғулияти онҳо аз кор дар саҳро ва нигоҳубини чанд сар чорвои хонагӣ иборат аст, ки барои таъмини рӯзгор кофӣ нест. Афзун бар ин, нуқтаҳои тафреҳӣ барои ҷавонон вуҷуд надорад. Азизов мегӯяд, дар водии Рашт имкони дохил шудан ба мактабҳои олӣ ва ё дарёфти шуғли муносибе барои ҷавонон хеле маҳдуд аст: «Як нафар аз Нуробод аз сини 13-солагӣ ба ҳамин гурӯҳҳо шомил гашт ва дар сини 17-солаги дар гурӯҳи Мулло Абдулло кушта шуд. Иллат дар ин аст, ки ҷавонон шинохт аз ислом надоранд ва муҳити ифротгароӣ дар афкори онҳо ҷо шудааст."
ЧАРО ҶАВОНОН ДУНБОЛИ ИН ГУРӮҲҲО МЕРАВАНД?
Абдукарим Раҳматов, ки баъди хатми мактаби миёна ду сол муваффақ нашудааст ба мактабҳои олии кишвар дохил шавад, мегӯяд, вақте толорҳои фарҳангӣ, аз қабили толори кинову варзишгоҳҳо ва технологияи замонавӣ вуҷуд надорад, табиист ҳар гурӯҳе зеҳни ҷавононро заҳролуд мекунанд. Аммо, дар Тоҷикобод ҷавонон кӯшиш мекунанд, ки аз наздикӣ бо гурӯҳҳои ифротӣ парҳез кунанд ва аксарияти мардум роҳ суйи муҳоҷират мегиранд."Ҳоло дар ҳар як хонаводаи Тоҷикобод муҳоҷир аст аммо то ҳол дар мавриди даст доштани ҷавонони ноҳияи мо ба ин гурӯҳҳо аз мақомот маълумоте ироа нашудааст. Ба ҳар сурат вазъ зери назорат аст ва ҷавонон ҳоло дар корҳои сохтмонии мавсимӣ кор карда истодаанд"
Абдукарим мегӯяд, ҳоло душвор аст, бигӯем ки ҳама ҷавонҳои минтақа дар Русия ҳастанд ё бо гурӯҳҳои мусаллаҳ дар кӯҳу камари Рашт ва ё дар дигар кишварҳои исломӣ.
НООГОҲИИ ДУРУСТ АЗ ИСЛОМ
Мукаррама Насрулоева, як масъули Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҳукумат мегӯяд, ки гурӯҳи кории Кумитаи занон ба қарибӣ аз сафари корӣ аз минтақа баргашт. Хонум Насруллоева меафзояд, ки нисбати чанд соли қабл вазъ дар заминаи таъсиси ҷойҳои кории нав, фарогирии ҷавондухтарон ба омӯзиши касбҳо, зиёд кардани квотаҳо барои таҳсил дар мактабҳои олӣ беҳбуд ёфтааст. Аммо ҳоло ҳам берун кардани занони ҷавон аз банди маҳви бесаводӣ мушкилзо аст.
Бобоҷони Қаюм, таҳлилгари масоили амниятӣ мегӯяд, ки густариши бекорӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба вижа дар Тоҷикистон, ба нафъ ва ташаккул ёфтани гурӯҳҳои ташануҷзо анҷом ёфта истодааст ва заминаро барои онҳо мусоид кардааст.
Ба гуфти оқои Қаюм, дар шароити вахими иҷтимоӣ, барои мардуми минтақа бояд, ки толорҳои варзишӣ ройгон бошад, таълими фанҳои ахлоқӣ ва исломӣ аз мактаб дуруст ба роҳ монда шавад то ҷавонон аз сини мактабӣ исломро аз ифротгароӣ фарқ карда тавонанд. Барномаи давлатии манъи ҷавонон ба масҷидро бояд, ки қатъ кард, ҷавонон дар минтақа муҳаббат ба масҷид доранд ва имомхатибон нафарони огоҳманд ва таҳсилкарда бошанд то ҷавононро ба илм роҳнамоӣ кунанд. Зеро 9 моҳ дар минтақаҳо барқ нест ва фазои маънавӣ калаванда аст. «Вақте масҷидро сохтанд бояд, ки ҳатман паҳлӯяш толори варзишӣ ё маркази дигар бошад, то ҷавонон нерӯии худро дар корҳои тафреҳӣ ва омӯзишӣ сарф кунунд. Бубинед ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҷавонон чӣ имконеро муҳайё мекунанд.»
КОРВОНИ ҲУКУМАТ БА РАШТ РАФТ
Дар ҳоле гузориш омода мешуд, корвони ҳукумати Тоҷикистон бо шумули намояндагони Кумитаи корҳои дин, ҷавонон варзиш ва саёҳи ва кумитаҳои амният ва кор бо занон ҳам ба Рашт расиданд, ки ҳадаф аз ин сафар пешгирии омилҳои ифротгароии хатарзо ба ҳаёти ҷавонон мебошад.
Эҳтимол агар ин гуна сафарҳо дар солҳои ахир бештар мешуданду таваҷҷӯҳи мақомот ба мушкилиҳои сокинони он ба қадри лозима зоҳир мешуд, имрӯз дар бораи нооромиҳои Рашт ҳам ҳарф задан зарур намешуд.