Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Атовулло Рақибов – “авбош”, ҳақиқатҷӯ ва ё ...Дон Кихот


Атовулло Рақибов
Атовулло Рақибов

Атовулло Рақибов, ки додхоҳиҳояш бо ҳабс анҷом ёфт, таҳти ҳимояти ҷомеаи интернетӣ қарор гирифт.

Гурӯҳе дар шабакаи иҷтимоии Facebook бо изҳори назар ва пешниҳодҳои мухталиф аз ин сокини деҳаи Заркамари ноҳияи Файзобод ва аҳли хонаводаи ӯ пуштибонӣ мекунад ва дар борааш матолибу сабти видеоиву акс интишор месозад.
Атовулло Рақибов дар ҷое хона бунёд кардааст, ки аз он ҷо бояд роҳи деҳа гузарад...

Гуфта мешавад, ки ҷомеаи интернетиро хабари аз Файзобод ба боздоштгоҳи муваққати шаҳри Душанбе бурдани Атовулло Рақибов такон додааст.

ҚАЗИЯИ ҲАБС


Хабари ба пойтахт интиқол додани Атовулло Рақибов пайвандонашро ҳайратзадаву нигарон кард, зеро қарор буд, ки муҳокимаи додгоҳӣ дар худи ноҳия сурат бигирад.

“Мӯътаризи заркамарӣ”-ро шоми 16 апрел маъмурони милисаи Файзобод боздошт карда бо худ бурдаанд. Онҳо гуфтанд, ки боздошт бар пояи ҳалномаи Додгоҳи ноҳияи Файзобод сурат мегирад, ки дар чаҳор рӯзи пеш ба дасти хонаводаи Рақибовҳо расидааст.
Дар ин санад гуфта шудааст, ки “Атовулло Рақибов тибқи моддаи 289 барои эҷоди монеа дар раванди муҳокимаи додгоҳӣ ва саркашӣ дар додгоҳ ба ҳабс гирифта шавад.”

Пайвандони Атовулло Рақибов мегӯянд, ки тақрибан як ҳафта боз аз дидор бо ӯ маҳрум мондаанд. Ба гуфтаи Шариф, бародари Атовулло, муфаттиш ба ӯ иҷозаи дидор надода ва гуфтааст, ки мулоқот бо фарди боздоштшуда фақат баъд аз дархости расмии вакили дифоъ мумкин аст. Ӯ мегӯяд, ки “ин дархостро бояд адвокат таҳия кунад, вале мо аз вакили дифоъ даст кашидаем, зеро он тараф ҳукумат аст ва будани адвокат ҳам фоида надорад”.

МОҶАРО ДАР ЗАРКАМАР

Баҳси Атовулло Рақибов бо ҳукумати ноҳияи Файзобод дар робита ба як пора замин ва манзили дар он бунёдшуда, ки имрӯз сари забонҳо уфтодааст, солҳо боз идома дорад ва аммо тобистони соли 2009 баъд аз он тезутунд шуд, ки мақомоти Файзобод хостанд ин қазияро аз роҳи зурӣ ҳал кунанд.

Ҳукумати ноҳия тасмим гирифт, ки манзили бунёдкардаи Рақибовҳо тахриб шавад. Аммо ин амал ба муқовимату тундгӯиҳои пайвандони Рақибов рӯ ба рӯ шуд.

Бар пояи шикояти ронандаи экскваторе, ки гӯё аз ҷониби Рақибов ва хонаводаи ӯ мавриди ҳамла қарор гирифта бошад, ба парвандаи маъмурии бунёди бидуни иҷозаи манзил, парвандаи ҷиноӣ аз рӯи иттиҳоми “авбошӣ” изофа шуд.

Ронандаи экскватор аз мақомоти умури дохилӣ тақозо кардааст, ки барои таъмири шишаи шикастаи эксватораш аз хонаводаи Рақибов 1600 сомонӣ ситонида шавад.

Атовулло Рақибов ҳамон вақт дар тамосе бо радиои Озодӣ изҳор намуд, ки кормандони милиса ва додситонӣ, ҳатто кӯдакони 6 ва 8-солаи ӯро ҳам ба ҳайси «гумонбар» шомили парвандаи ҷиноӣ кардаанд.

ХУДСАРӢ Ё ҲАҚТАЛОШӢ?


Мақомоти маҳаллии Файзобод ва бархе аз ҳамсояҳои Атовулло Рақибов дар Заркамар то ҳанӯз ангушти иттиҳом сӯи ин «мӯътариз» карда, ӯро дар худсариву нодида гирифтани манфиатҳои дигарон айбдор мехонанд.

Таҳмина Ғуломова, як ҳамсояи Рақибовҳо мегӯяд, “Атовулло Рақибов дар ҷое хона бунёд кардааст, ки аз он ҷо бояд роҳи деҳа гузарад.”

Имомидддин Насриддинов, масъули бахши тақсими замин дар ҷамоати деҳоти Мискинобод даъвои Атовулло Рақибов дар бораи комил будани асноди манзилро бепоя мехонад ва мегӯяд, ки қарори ҷудо кардани қитъаи замин барои бунёди манзил ҳанӯз соли 2004 лағв шуда буд ва Атовулло Рақибов инро хуб медонист ва набояд дар ҷое, ки барои роҳ пешбинӣ шудааст, манзил месохт.

Тафсилотии бештар дар ин навори видео:

Қиссаи баҳси замин ё гаравгонгирии кӯдакон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:22 0:00


УМЕДЕ АЗ НОУМЕДИҲО

“Мӯътаризи заркамарӣ” дар як сӯҳбат гуфта буд, ки ду сол пеш ба дарёфти адолат дар мақомоти болоӣ шубҳа надошт ва аз ин рӯ барои додхоҳӣ роҳи Душанберо пеш гирифт.

Ӯ ҳамроҳ бо чанд тан аз мӯйсафедони барӯманди Заркамар ба Додситонии кулли Тоҷикистон омад ва хостори мулоқот бо додситони кулли вақт Бобоҷон Бобохонов шуд. Бобохонов, ба гуфтаи Рақибов, фақат баъд аз ҳашт соат ӯ ва як сокини Заркамарро ба ҳузур пазируфт ва аммо эълом дошт, ки кӯмаке наметавонад кунад, зеро тахриби манзил қонунӣ сурат гирифтааст.

Шариф Рақибов мегӯяд, дигар талошҳои бародараш барои ҳалли одилонаи ин қазия ба дафтари раисҷумҳур, ба Додгоҳи олии Тоҷикистон, ба Омбудсмени Тоҷикистон, Идораи Ҳуқуқи башар ва намояндагии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо низ бенатиҷа анҷом ёфтанд.

Атовулло Рақибов ва аҳли хонаводааш ҳатто
Масалан, чаро алайҳи ҳамон касе, ки ба Рақибов иҷозат дод, ки хона бисозад, парвандаи ҷиноӣ боз накардаанд? Яъне дар назди қонун ҳама баробар нестанд?..
дар назди дафтари Омбудсмен гуруснашинӣ карданд, вале ба ин эътирозашон фақат кормандони умури дохилӣ вокуниш доданд – субҳи рӯзи 18-уми январи соли 2011 милисаҳо Рақибову аҳли хонаводаашро ба шӯъбаи корҳои дохилӣ бурданд.

Омбудсмен бошад, баъд аз ошноӣ бо шикваи хонаводаи Рақибовҳо гуфтааст, ки дар ин қазия ҳуқуқи инсон поймол нашудааст.

Ва аммо Шариф Рақибов мегӯяд, ки шӯълаи умед дар дилашон ҳанӯз хомӯш нашудааст ва охирин умеди онҳо – раисиҷумҳури Тоҷикистон аст, ки аз нигоҳи пайвандони Атовулло Рақибов, аз ин қазия огаҳӣ надорад.

ҚОНУН БАРОИ БЕЧОРАҲОСТ?


Онҳое, ки қазияи Рақибовҳоро пайгирӣ мекунанд, ба суоле посух меҷӯянд, ки кадом гурӯҳу созмон бояд аз пайи ҳалли моҷаро дар Заркамар мешуд.

Вакили дифоъ Абдуқаюм Юсуфов мутмаин аст, ки ба қазияи хонаводаи Рақибовҳо бояд дафтари Омбудсмени Тоҷикистон расидагӣ мекард ва аммо дар вазъе, ки ин ниҳод пойбанди сармоягузории давлатист, гумон аст алайҳи ҳукуматдорон, аз ҷумла, ҳукумати маҳаллӣ садо баланд кунад.

Ба гуфтаи ҳуқуқдони маъруф Ойниҳол Бобоназарова, мақомоти Файзобод метавонистанд ин масъаларо бидуни сару садои зиёд ҳал кунанд. Ва аммо қонунро муроот накардани худи онҳо, аз ҷумла, бидуни қарори додгоҳ тахриб кардани манзили Атовулло Рақибов, қазияро на ҳал, балки боз ҳам чигилтар кард.

Дар ҳамин ҳол коршиносон мегӯянд, як сабаби ба доди Рақибов нарасидани ҳукуматдорон шояд бюрократияи аз замони шӯравӣ меросмонда аст, ки ниҳодҳои болоӣ ҳалли масъаларо бар дӯши ниҳодҳои зердаст вогузор мекунанд, аз ҷумла, ба ниҳодҳое, ки шаҳрвандон маҳз аз болои онҳо шикоят кардаанд.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Ойниҳол Бобоназарова, мақомоти давлатӣ, ба вижа, дар маҳалҳо, ҳамеша ҳомиву пуштибони ҳамдигаранд. Ӯ меафзояд, ҳукуматдорон ақидае доранд, ки “агар дар атрофи додситон ё раиси ноҳия ё мақоми дигар гап хезад, обрӯи ҳамаашон мерезад... Аз ин рӯ онҳо ба ҷойи он ки аз қонун тарафдорӣ кунанд, аз ҳамдигарашон тарафдорӣ мекунанд. Масалан, чаро алайҳи ҳамон касе, ки ба Рақибов иҷозат дод, ки хона бисозад, парвандаи ҷиноӣ боз накардаанд? Яъне дар назди қонун ҳама баробар нестанд?”.

Ҳамзамон таҳлилгарон ва афроди вориди қазия мегӯянд, саркашиву додхоҳии Атовулло Рақибов мақомоти ноҳияи Файзободро ба хашм овардааст ва шояд, ки онҳо тасмим гирифтаанд ғурури ӯро бишканданд, то барои дигар дарси ибрат шавад.

FACEBOOK - ПУШТИБОНИ РАҚИБОВ...

Қазияи ин сокини ҷамоати Заркамар, ки баъд аз тахриби манзили, ба қавли мақомоти Файзобод, ғайриқонунӣ бунёд кардааш, ҳамроҳ бо аҳли хонаводааш вориди саҳнаи бархӯрд бо мақомоти маҳаллӣ шуд, чанд моҳ боз аз саҳифаи нашрияҳои мустақил ва торнамоҳо хориҷ намешавад.

Ба гуфтаи Ойниҳол Бобоназарова, барои нахустин бор тавассути нашрияҳо ва интернет қазияи як хонавода аз сатҳи маҳаллӣ берун шуд. Ӯ меафзояд, бетафовутии ҳукумат дар баробари ин қазия метавонанд ҷомеъаро ноором созад.

Ҳуқуқдони маъруф аз иқдоми ахираи ҷомеъаи интернетӣ иҳзори хушнудӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, барои нахустин бор дар чанд соли ахир ҷомеъаи Тоҷикистон, бигузор ҷомеъаи интернетӣ ҳам бошад, намоиш дод, ки метавонад ғамшарики як ҳамватан бошад.

...ВА АММО АҲЗОБ ЧАРО ХОМӮШАНД?

Дар ҳоле, ки расонаҳои хабарӣ қазияи хонаводаи Атовулло Рақибовро пайгирӣ мекарданд, аҳзоби сиёсии Тоҷикистон хомӯширо авлотар медонистанд.

Аз ин пештар фақат Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили Маҷлиси намояндагон дар як нишасти парлумон аз қазияи тахриби манзили сокинони деҳаи Қуштеппа ва сарнавишти Атовулло Рақибов ёдовар шуд ва хостори таъсиси як комиссиюни махсуси иборат аз вакилони парлумон барои ҳалли ин масоил гардид.

Аммо ин пешниҳод аз сӯи раиси Маҷлиси намояндагон рад шуд. Шукурҷон Зуҳуров гуфт, ин масъала дар замоне, ки оқои Кабирӣ дар сафарҳои хориҷӣ ба сар мебурд, ба ниҳодҳои зидахли кишвар матраҳ шудааст ва ҳоло Маҷлиси намояндагон интизори посухи онҳост.

Ва аммо ин интизорӣ тӯл кашид ва Муҳиддин Кабирӣ дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки тасмим гирифтааст рӯзи шанбеи 23 апрел барои омӯзиши комил ва ҳалли мушкили хонаводаи Рақибовҳо ба ноҳияи Файзобод сафар кунад.

Дигар аҳзоби парлумониву ғайрипарлумонӣ, аз ҷумла, ҳизби комунисту сотсиал-демократ дар робита ба ин қазия изҳороте пахш накарданд.

“ДОН- КИХОТҲО” ДАР ҚӮШТЕППА?

Вакили дифоъ Абдулқаюм Юсуфов мегӯяд, ки Атовулло Рақибов ҳоло ҳам имкон дорад, ки аз ҳуқуқи худ истифода барад ва нафареро вакили дифоъ интихоб кунад. Ойниҳол Бобоназарова изҳор намуд, ки барои кӯмак ба хонаводаи Рақибовҳо, аз ҷумла, пайдо кардани вакили дифоъ, омода аст ва метавонад дар мурофиаи додгоҳӣ ҳамчун шоҳид низ ширкат кунад.

Тахриби манзилҳои зист дар Қуштеппа
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:52 0:00


Солҳои ахир дар Тоҷикистон ҳодисаҳои зиёди тахриби биноҳову манзили шаҳрвандон сабт шудаанд. Шикастани дӯконҳо дар бозори Саховат, аз байн бурдани бозори “Зарнисор”, валангор кардани манозил дар деҳаи Буни Ҳисорак боиси сару садоҳои зиёде шуданд.

Ва аммо шояд пурсару садотарин тахриби манозилдар деҳаи Якуми Майи ҷамоати Қӯштеппаи ноҳияи Рӯдакӣ буд, ки маскунонашон дар ниҳояти кор аз Эмомалӣ Раҳмон кӯмак хостанд. Онҳо мегӯянд, ки ҷое барои рафтан надоранд ва раиси ҷумҳур шояд ба ин қазияи расидагӣ ва қитъаҳои замини хонаҳои онҳоро "афв" намояд.

Ба гуфтаи мардуми маҳаллӣ, то имрӯз дасти кам 30 бор ба мақомоти мухталиф муроҷиат кардаанд, аммо мушкилашон ҳамоно бидуни ҳал боқӣ мондааст.

Мақомоти ноҳияи Рӯдакӣ мегӯянд, тахриби 83 манзили маскунӣ дар Қӯштеппа ба далели ғайри қонунӣ бунёд шудани онҳо сурат гирифтааст.

Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳоли афроди додхоҳу Дон Кихотҳо беҳтар нест...
XS
SM
MD
LG