Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лондону Порис шӯришиёнро раҳнамоӣ мекунанд


Фаронса расман эълом дошт, ки мушовирони низомияшро ба Либия мефиристад.

Ба гуфтаи намояндаи ҳукумати Либия Франсуа Баруа, 10 мушовир ҳамроҳ дар ҳамдастӣ бо Шӯрои муваққати созмондодаи мухолифини Муаммар Қаззофӣ, ба тамрину омӯзиши шӯришиён машғул хоҳанд шуд.

Рӯзи сешанбе Бритониё ҳам эълом дошт, ки барои кӯмаку раҳнамоӣ ва тамрини ошӯбгарон гурӯҳи мушовирони низомиро ба Бенғозӣ мефиристад.

Вазири умури хориҷии Бритониё Вилям Ҳейг гуфт, ки ин тасмими ҳукумат дар чаҳорчӯби қатъномаи Шӯрои амнияти СММ аст, ки нуктаи аслии он – дифоъ аз мардуми осоиштаи Либия мебошад.

Ва аммо дар қатънома ширкати низомиёни хориҷӣ дар амалиёт дар хушкӣ қатъӣ манъ шудааст. Вилям Ҳейг дар посух ба ин нукта гуфт, ки низомиёни бритониёвӣ ба таври мустақим дар амалиёти низомӣ ширкат нахоҳанд дошт.

ЛОНДОНУ ПОРИС ҶАНГРО ГУСТАРИШ МЕДИҲАНД?

Ба назар мерасад, ки Триполӣ аз тасмими ахири Порису Лондон нороҳат аст. Абдулатӣ Убайдӣ, вазири умури хориҷии Либия, изҳор намуд, ки

фиристодани мушовирони низомӣ ба Бенғозӣ шонсҳо барои дарёфти сулҳро дар Либия коҳиш медиҳад ва муқовиматро тулонитар мекунад.

Алиризо Нуризода, коршиноси сиёсии муқими шаҳри Лондон, тасмими Лондону Порисро “боз як талоши хатми қазияи Либия” мехонад.

Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ӯ гуфт, ки “Фаронса Шӯрои муваққати Либияро ҳамчун давлати қонунӣ ба расмият шинохтааст, Бритониё ҳам бо раиси ин Шӯро, ки вазири собиқи адлияи Либия буд, музокирот анҷом додааст ва ин де-факто эътирофи ин Шӯрост”. “Аз ин рӯ дархости ин Шӯро барои раҳнамоиву кӯмак ва омӯзишро онҳо баррасӣ карданд ва пазируфтанд”, меафзояд Алиризо Нуризода.

“БОЯД АЗ ЗАЪИФОН ПУШТИБОНӢ КАРД”

Ба гуфтаи мусоҳиби мо, Фаронсаву Бритониё эъзоми мушовиронро бо он омил марбут мекунанд, ки нерӯҳои вориди даргирӣ дар Либия нобаробаранд.

“Аз нигоҳи масъулини ин ду кишвар, дар ҷанге, ки як тарафаш дорои силоҳҳои сангин ва имконоти низомии олӣ аст ва аз тарафи дигар – мардони боиродае, ки фақат туфанг доранд, ҷомеъаи байнулмилалӣ бояд аз ҷониби заъиф пуштибонӣ кунад”, изҳор намуд оғои Нуризода.

Ӯ меафзояд, “айни ҳол мушкили шӯришиёни Либия он аст, ки агар силоҳи вазнину зиреҳпӯшҳо ҳам дарёфт кунанд, қодир ба идораву истифодаи онҳо нестанд”.

ҚАЗЗОФИРО САРНАВИШТИ САДДОМ ИНТИЗОР АСТ?

Алиризо Нуризода дар робита ба изҳороти вазири умри хориҷии Либия, ки эъзоми мушовирони низомӣ ба Бенғозӣ шонсҳо барои дарёфти сулҳро коҳиш медиҳад, гуфт, айни ҳол монеъаи ҷиддӣ дар роҳи хатми низоъ дар Либия Муаммар Қаззофӣ боқӣ мемонад.

Тасири Қаззофӣ зери пойи шӯришиён мондаааст
Аз нигоҳи ӯ, “агар Қаззофӣ мутмаин шавад, ки дар Либия ҷой надорад ва барои бақои худаш бояд теъдоди бештари одамро ба куштан бидиҳад, ночор ба хуруҷ хоҳад шуд”.

Ба гуфтаи мусоҳиби мо, истеъфо ва хуруҷ аз Либия ба Қаззофӣ имкон медиҳад, ки сарнавишти Саддом Ҳусейн ё Лоран Гбагборо такрор накунад.

Зимнан, Абдулатӣ Убайдӣ, вазири умури хориҷии Либия, дар сӯҳбат бо Би-Би-Си изҳор намуд, ки сарнавишту мақоми ояндаи сарҳанг Қаззофӣ фақат баъд аз созиши оташбас метавонад мавриди баҳсу баррасӣ қарор бигирад.

Ӯ афзуд, ки ҳукумати Либия барои оташбаси таҳти назорати ҷомеъаи байнулмилалӣ омода аст. Шаш моҳ баъд аз қатъи даргириҳо, гуфтааст вазири умури хориҷии Либия, баргузории интихобот таҳти назорати СММ ҳам мумкин хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG