Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоруғ дар ҷустуҷӯи ҷой барои «Рӯдакӣ»


Шаҳрдории Хоруғ барои муҷассамаи Абуабдуллоҳи Рудаки ҷойи муносибе пайдо накардааст.

Ба гуфтаи сармеъмори шаҳр Назарсултон Сиддикова, онҳо мехоҳанд муҷассамаро дар ҷойи намоён ва серодами шаҳр гузоранд, аммо то ба ҳол барои ҳайкал ҷойи мувофиқ пайдо накардаанд.

ХОРУҒ – ШАҲРИ ПАЙКАРАҲО

Муҷассамаи одамушшуарро дар ҳоле ба сӯи маркази Бадахшон «меояд», ки майдони марказии шаҳрро аллакай ҳайкали Исмоили Сомонӣ ва нимпайкараҳои гирду атрофи он иборат аз барпокунандагони ҳокимияти шӯроҳо дар Помир то Қобиламо Баротова, қаҳрамони меҳнати сотсиалисти «ишғол» карданд.

Пайкараи Исмоили Сомонӣ соле қабл дар рӯзи ҷашни Ваҳдат муҷассамаи Ленинро аз майдони марказӣ ба гӯшаи шаҳр «ронд». Ба гуфтаи устоди донишгоҳи давлатии Хоруғ Лолои Давлатбек , аммо ба ҷойи муҷассамаи Ленин қомат афрохтани ҳайкали сипаҳсолори назми форсӣ-тоҷикӣ Абуабдуллои Рӯдакӣ дар майдони шаҳр арҷгузорӣ ба фарҳанги ҳазорсолаи тоҷик мебуд.

Вай гуфт: «Сиёсатҳо дигар мешаванд, вале сипаҳсолори назм яктост ва хуб мебуд, агар дар майдони марказӣ ҷой мегирифт. Шоири бузург дар авҷи тараққиёти дарбори Сомониён қадр гардид ва шӯҳрат ёфт, вале бо таҳаввулот ва дигар шудани муҳит аз дасти худи ин дарбориён ранҷу ҷафо дид. Рамзист, ки ду ҳайкал дар як майдон ҷо гирифта наметавонад ва муҷассамаи шоир гӯшаи дигари Хоруғро зеб хоҳад дод.»

ШОТЕМУРИ «НОАЁН»

Ба иттилои муовини сардори шӯъбаи сохтмони асосии мақомот Амоншо Зарифбеков, муҷассамаи Рӯдакӣ бо баландии 3,5 метр пасттар аз ҳайкали Сомонӣ, вале баландтар аз муҷассамаи қаҳрамони Тоҷикистон Шириншо Шотемур, ки соли гузашта дар боғи фарҳангу фароғати шаҳр гузошта шуд, дуввумин бузургтарин муҷассама дар Бадахшон мегардад. Аммо муҷассамаи Шотемур зери баргу бори дарахтон дар боғи фарҳангу фароғат аз назари роҳгузарон қариб пинҳон мондааст ва бинобар мушоҳидаҳои мардум, ҷиҳати интихоби ҷойи номувофиқ бештар ба «боғбон» монанд шудааст.

Донишҷӯи риштаи рӯзноманигории факултаи филологияи донишгоҳи Хоруғ Суратмо Шоаламова мегӯяд: «ҷавонон ҳамарӯза бо роҳи асосии пиёдагард аз мобайни боғ мегузаранд, вале ҳайкали сиёсатмадори маҳбуб аз паси дарахтон ба онҳо назар мекунанд ва бештари роҳгузарон онро намебинанд, зеро он дар канори роҳ гузошта шудаст.»

РӮДАКӢ КУҶО ҶОЙ МЕГИРАД?

Сокинон нигарон ҳастанд, ки ба муҷассамаи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ низ хатари дар кунҷи шаҳр мондан "таҳдид" мекунад. Кормандони китобхонаи вилоятӣ мегӯянд, ки тибқи як пешниҳод, муҷассамаро дар назди бинои ин муассиса мегузоранд, вале китобхона дар кунҷ ҷой гирифта, дар ин ҷо ба муҷассамаи шоири бузург бештар хонандагони китобхона, ки донишҷуён ҳастанд, назора хоҳанд кард ва бахусус рӯзҳои сарди зимистон, ки толори киобхона холӣ мемонад, муҷассамаи шоир худро "танҳо ва ғариб" эҳсос хоҳад кард.

Сардори китобхона Алидоди Чароғабдол изҳор дошт: «китобхона номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро дорад ва гузоштани муҷассамаи шоир дар назди он мояи ифтихор аст, ман намегӯям, ки дар китобхона хонанда кам ҳаст, вале хуб мешуд агар муҷассамаи сардафтари адабиёт дар ҷойи серодам ва намоён шаҳр гузошта шавад ва ба ҳусни шаҳр ҳусни тоза зам намояд.»

МУҶАССАМАҲОИ «КАМБАХТ»- И БАДАХШОН

Ба гуфтаи коршиносон, «бахт»-и муҷассамаҳо дар Бадахшон омад намекунад. Ба муҷассамаи ромишгари маъруф Борбад дар маркази ноҳияи Дарвоз бинои маъмурӣ соя меафканад. Ҳайкали шоири халқӣ Мулло Ёр дар Ванҷ чанд сол кабл бар асари бахси замин аз майдони марказӣ ронда шуда, дар назари коршиносон дар чоррохаи канораи маркази нохия пирамарди хайронро мемонад, ки на факат аз хамзамонони худ, балки наслхои оянда "чабр" дидааст ва пойи Ленинро ҳангоми кандан ва интиқол додан ба ҷойи дигар. шикастаанд.

Исмоили Сомонӣ ҳанӯз досу болғаи меросмонда аз доҳии пролетариатро аз даст доданӣ нест ва аз болои онҳо тоҷ бар сар ва машъали маърифат дар даст роҳи ояндаи миллатро "мунаввар" мекунанд. Аммо дар ҳоли банд будани майдон ва хиёбони марказӣ бо ҳайкалҳои дигар, муҷассамаи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро чӣ "сарнавишт"-и интизор хоҳад буд?

Барои сохтани муҷассама ва гузоштани он дар маркази вилоят, 200 ҳазор сомонӣ ихтисос дода шудааст.
XS
SM
MD
LG