Яке аз хиёбонҳои марказӣ ва як муассисаи таълимӣ дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон номи сарбозони кушташудаи тоҷик Давлатҷон Гиёев ва Содиқҷон Каримовро хоҳад гирифт.
Ду террористро куштааст ва эҳтимол меравад, ки ангуштони дасти Алии Бедакӣ маҳз аз тири Содиқҷон маҷрӯҳ шудааст...
Лейтенант Давлатҷон Гиёев ва сарбоз Содиқҷон Каримов, ки ҳарду сокини шаҳри Сарбанд будаанд, дар шабехуни дараи Камароб дар тирамоҳи соли гузашта кушта шудаанд.
Ҳамакнун ҳукумати шаҳри Сарбанд мегӯяд, ояндаи наздик хиёбоне дар маркази шаҳр ва таълимгоҳе, ки сарбози кушташуда онро хатм кардааст, номи Гиёев ва Каримовро хоҳанд гирифт.
Қарахон Чиллаев, шаҳрдори Сарбанд, дар ин бора гуфт: «Ин ду ҷавон аз худ далерӣ нишон дода, ба хотири ҳифзи марзу буми ватан ҷон бохтаанд. Мо амалҳои тахрибкорию ҳамлаҳои террористиро маҳкум мекунем. Хеле мутаассифем, ки даҳҳо сарбозу афсарони ҷавон дар ҳодисаи Камароб кушта шуданд. Давлат асло шуҷоати онҳоро фаромӯш нахоҳад кард. Аз ин рӯ, мо мехоҳем ба нишони эҳтирому сипос ба ҷавонмардони ҳалокшуда номи яке аз хиёбонҳо ва мактаберо ба номи онҳо гузорем…»
Хабари номи Давлатҷон Гиёев ва Содиқ Каримовро гирифтани хиёбону мактабе дар шаҳри Сарбанд волидайни сарбозони марҳумро хушҳол кард.
Ҳабибулло Каримов, падари сарбози кушташуда Содиқ Каримов, тасмими ҳукумати маҳаллиро нишони қадрдонӣ аз ҷонбозиҳои писари ҷавонмаргаш дар роҳи ҳифзи кишвар мехонад.
Вай дар як тамоси телефонӣ ба радиои Озодӣ гуфт, то чанд моҳи пас аз марги писари сарбозаш дар мавриди наҳваи кушта шудани ӯ иттилое дар даст надошт. Аммо ахиран тавассути масъулони вазорати дифоъи Тоҷикистон дар бораи далерию матонати писараш Содиқ ба ҳангоми ҳамлаи мусаллаҳона алайҳи комюни сарбозон хабар ёфта, ифтихор кардааст:
«Ба ман гуфтанд, ки писарам дар он шабехун 200 тир кушодааст ба тарафи ҳамлагарон. Ду террористро куштааст ва эҳтимол меравад, ки ангуштони дасти Алии Бедакӣ маҳз аз тири Содиқҷон маҷрӯҳ шудааст. Магар ҷавононе, ки корнамоӣ нишон медиҳад, ватанро муҳофизат мекунад, худаш маҷрӯҳ шуда, ҳамяроқонашро муҳофизат мекунад, магар сазовори эҳтироми давлат нест? Бояд давлат нишон диҳад, ки сарбозони ҷонбохтаашро дар роҳи ҳифзи ватан ҳамеша дар ёдҳо зинда медорад ва барои сарбозони дигар ҳамчун намуна нишон диҳад. Шояд ҳамин хизматҳои Содиқҷонро ба назар гирифта, ҳукумати Сарбанд чунин тасмим гирифтааст…»
Содиқ Каримов, ки ҳамагӣ 22 сол дошт, ба гуфтаи падараш, мебоист дар моҳи апрел хидмати низомиро адо карда, ба назди волидон бармегашт. Аммо умр вафо накард.
Дар баробари Содиқ Каримов, ҳамчунин сокини дигари шаҳри Сарбанд лейтенанти 23-сола Давлатҷон Гиёев дар ҳодисаи рӯзи 19-уми сентябри дараи Камароб ба ҳалокат расидааст. Ин ду нафар ба хизмати ҳарбӣ бо хоҳиши худ ҳозир шуда, аз сарбозону афсарони шуҷоъ ва матин ба шумор мерафтанд.
Ҳалимабону Гиёева, модари Давлатҷони марҳум мегӯяд, писараш, ки дар Маскав таҳсил кардааст, қасд дошт, имсол бо арӯси туркмантабораш, ки дар Русия шинос шуда буд, издивоҷ карда, зиндагии осоиштаву таъмин дошта бошад:
«Ба умеди ҳамон бачам будем. Мегуфт, ки очаҷон, як-ду моҳи дигар тоқат кунед, ман донишкадаро тамом мекунам, кор мекунам, хонатон мегирам, то дар хонаи худамон зиндагӣ кунем. Ҳайфи писарам. Ҳамин чанд моҳ пеш омаду дар Душанбе ба кор даромад. Аммо зиёд кор накард, ки хабари маргаш расид…»
Аммо модари Давлатҷон дар мавриди тасмими ҳукумати шаҳри Сарбанд, ки мехоҳад яке аз хиёбонҳоро ба номи писараш бигузорад, натавонист сӯҳбат кунад, чун зиёд эҳсосӣ буд ва то ҳанӯз аз марги писараш мотамзада.
Қарахон Чиллаев, раиси шаҳри Сарбанд гуфт, дар яке аз иҷлосияҳои ояндаи маҷлиси вакилони халқи Сарбанд мавзӯъи ба номи сарбозони зиндаёди сарбандӣ гузоштани кӯчаву мактаб баррасӣ гардида, тасмими ниҳоӣ гирифта қарор хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол, масъулони комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон гуфтанд, ки қарор аст маҷмӯае оид ба корномаи сарбозону афсарони ҳалокшудаи хатлонӣ дар ҳаводиси шарқи кишвар ба нашр бирасад.
Ҷамъан 11 нафар аз 28 сарбозу афсари кушташудаи вазорати дифоъ дар дараи Камароб сокинони шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, аз ҷумла шаҳри Сарбанд, будааанд.