Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имкони зуҳури гурӯҳҳои мусаллаҳ вуҷуд дорад?


Мақомоти ВКД-и Тоҷикистон мегӯянд, ки танҳо ду нафар аз аъзои гурӯҳи Мулло Абдулло зинда монда ва фирор кардаанд.

Саидхон Ҷӯрахонов, муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, ки зимни ин амалиёт 17 нафар аъзои гурӯҳи мусаллаҳ, ба шумули раҳбари он гурӯҳ Мулло Абдулло кушта шудаанд.

17 КУШТА, ЯК ДАСТГИРШУДА ВА ДУ ФИРОРӢ

Ба гуфтаи оқои Ҷӯрахонов, афроди наздики Мулло Абдулло ва нафароне, ки дар ҳамлаи рӯзи 19-уми сентябр ба корвони мошинҳои вазорати дифоъ ҳамроҳи мулло Абдулло ширкат доштанд, ҷасади ӯро шиносоӣ ва таъйид кардаанд.

Саидхон Ҷӯрахонов мегӯяд, танҳо ду нафар аз маҳалли амалиёт муваффақ ба фирор шудаанд: «Мувофиқи хабарҳои мо, ҳозир аз ҳамин гурӯҳ ду кас зинда мондааст, ки гурехта пинҳон шудаанд. Корҳои оперативии ҷустуҷӯӣ ҳамин ду нафар давом дорад».

Ба гуфтаи мақомоти вазорати корҳои дохилӣ, аз ҷумлаи афроди кушташудаи гурӯҳи Мулло Абдулло, аксари онҳо сокинони ҷамоъаи Самсолиқи ноҳияи Нуробод будаанд. Танҳо як нафарӣ сокинони Душанбе, Қурғонтеппа ва Кӯлоб низ дар ин миён вуҷуд доранд. Инчунин аз як фирории боздоштгоҳи КДАМ- Тоҷикистон, бо номи Фахриддин Кокулов низ дар миёни кушташудагон ном бурда мешавад.

ИМКОНИ ЗУҲУРИ ГУРӮҲҲОИ ДИГАР ВУҶУД ДОРАД?

Муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ба қотеъият мегӯяд, ки гурӯҳи дигаре, ки битавонад амнияти минтақаи шарқро ба мухотира биандозад, дар он минтақа мавҷуд нест. Аммо ин дақиқан ба он маъност, ки такрори ҳаводиси соли гузашта ва имсолро метавон дар шарқи Тоҷикистон интизор нашуд ва имкони зуҳури гурӯҳҳои дигаре вуҷуд надорад?

Саидхон Ҷӯрахонов ба ин саволи хабарнигорон гуфт: «Мисли гурӯҳи Мулло Абдулло, ки воҳима дошт ҳозир ягон гурӯҳи дигар нест. Ҳамаи гурӯҳҳои дигаре, ки он ҷо буданд, пеш аз ин ҳамаш нобуд карда шудаанд. Лекин ман пурра гуфта наметавонам, ҳамаатон медонед, ки сарҳади мо ҳазору дусад, ҳазору ҳафтсад километр бо Афғонистон тӯл дорад. Марзи мо чи хел посбонӣ карда мешавад. Агар ягон гурӯҳ аз он тараф ворид нашавад, имрӯз ягон гурӯҳи хатарнок дар Рашт надорем».

ИДОМАИ АМАЛИЁТИ НИЗОМӢ


Дар ҳоле мақомот аз хатми амалиёт ва боқӣ намондани гурӯҳҳои мусаллаҳ ё танҳо ду узви фирории гурӯҳи Мулло Абдулло дар шарқи кишвар хабар медиҳанд, ки бино ба гуфтаи бархе дигар манобеъ ва сокинони минтақа, амалиёти нерӯҳои давлатӣ алайҳи ин гурӯҳҳо ҳамчунон идома дорад.

Гуфта мешавад, амалиёти алайҳи нерӯҳои мулло Абдулло аслан тавассути афроди ҷонибдори Шоҳ Искандаров ва Мирзохуҷа Аҳмадов бо пуштибонии нерӯи ҳавоӣ анҷом шудааст. Ва нерӯҳои давлатӣ ба ин гурӯҳҳо кӯмак кардаанд. Нерӯҳои ин ду фармондеҳи собиқи мухолифин феълан бо фармони расмӣ бо вазорати корҳои дохилӣ ва вазорати дифоъ идғом шудаанд.

Зимни ин амалиёт танҳо як нафар узви ин гурӯҳ бо номи Мирхуҷа Шарифов боздошт шудааст ва дар ҳоли ҳозир баёнот медиҳад. Мақомоти вазорати корҳои дохилӣ мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир ниҳодҳои тафтишотӣ саргарми таҳқиқи манобеъи таъмини гурӯҳҳои мусаллаҳ бо маводи ғизоӣ ҳастанд.

Мақомот бовар доранд, ки аъзои ин гурӯҳи мусаллаҳ дар 50- километрии маркази ноҳияи Ғарм дар шароити кӯҳистонӣ бидуни мусоидати бархе аз сокинони маҳаллӣ наметавонистанд барои муддати тӯлонӣ панаҳ баранд.
XS
SM
MD
LG