Ин гузашти муҳим аз сӯи Димишқ дар ҳоле гирифта шуд, ки Сурия ба маҳзи афзоиши мавҷи эътирозҳои зиддидавлатӣ ба гирдоби бӯҳрони сиёсӣ ҳарчӣ амиқтар фурӯ меравад. Тайи беш аз як моҳи эътирозҳо дар Сурия, алакай дастикам 200 нафар кушта шуда, болои тазоҳургарон дар майдони асосии Ҳумс, севвумин шаҳри бузурги ин кишвари арабӣ тир андохтани нерӯҳо ҳокист, ки ошӯбҳо дар инҷо вориди як марҳилаи нави боз ҳам ҳассостаре мешаванд.
ЛАҒВИ ҲОЛАТИ ИЗТИРОРӢ БАЪД АЗ НИМ АСР
Кобинаи вазироне, ки Башор Асад ҳамагӣ ду ҳафта қабл таъйин кард, зоҳиран дар посух ба ҳамин мавҷи эътирозҳо, вазъи изтирории 48 сол қабл ҷоришударо дар Сурия бекор кард. Қонуни нав маҳдудиятҳо дар роҳи озодиҳои мардумро аз байн бардошт ва ҳаққи мақомот барои боздоштҳои ғайридодгоҳиро лағв мекунад. Ин қонун танҳо баъд аз имзои ниҳоии Башор Асад ба ҳукми иҷро медарояд, вале ин бештар ба як расмият мемонад.
Хабаргузории расмии САНА мегӯяд, ки давлат ҳамчунин додгоҳи давлатии амниятиро, ки масъули мурофиаи маҳбусони сиёсӣ буд, мунҳал карда, қонуни наверо тасвиб кард, ки баргузории тазоҳуроти сулҳомезро иҷозат медиҳад. Аммо ин иқдомот зоҳиран бо ҳушдори қаблии мақомот, ки гуфтанд, эътирозҳои бештарро дар кишвар таҳаммул нахоҳанд кард, дар таноқуз аст.
Башор Асад, ки 11 сол қабл, дар пайи беш аз 30 соли ҳукумати падараш Ҳофиз Асад, ба тахти раёсати Сурия нишаст, ҳанӯз рӯзи 16-уми апрел эълон карда буд, ки вазъи изтирориро ба зудӣ хоҳанд бардошт.
ИДОМАИ ТАЗОҲУРОТ ДАР СУРИЯ
Аммо эълони лағви вазъи изтирорӣ ҳам натавонистааст пеши роҳи идомаи эътирозҳо дар Ҳумс, воқеъ дар тақрибан 140-километрии пойтахт, шаҳри Димишқро бигирад. Тазоҳургарон дирӯз дар маросими дафни қурбониён дар ин шаҳр боз ҳам истеъфои режими Башор Асадро талаб мекарданд.
Шоҳидон мегӯянд, нерӯҳои давлатӣ шаби душанбе ба сешанбе алайҳи ҳазорон тазоҳургари гирдиҳамомада дар майдони асосии Ҳумс аз гази ашковар ва силоҳҳои ҷангӣ истифода бурдаанд. Вазорати умури дохилаи Сурия гуфт, алайҳи “ошӯби мусаллаҳона” иқдом кардааст. Аммо яке аз фаъолон ба Ассошиэйтед Преес гуфт, нерӯҳо болои издиҳом тир мекушоданд ва ӯ худ шоҳиди аз пову аз шикамашон тир хӯрдани чандин нафар шудааст.
АЗМИ ТАЗОҲУРГАРОН ҚАТЪИСТ
Тазоҳургарон мегӯянд, то замони суқути режими Башор Асад тарки майдон нахоҳанд кард. Франс Пресс аз қавли фаъолон навишт, ки дар майдони асосии Ҳумс, ки тазоҳургарон ба пайравӣ аз майдони Таҳрир, маркази ошӯбҳои зидди режими Ҳуснӣ Муборак дар Қоҳираи Миср, низ Таҳрираш ном кардаанд, 20 000 нафар гирди ҳам омада буд. Бархе ба нишони намоиши азми худ барои баргузории эътирози тӯлонӣ дар ин майдон, ҳатто хайма задаанд.
Рӯзи 17-уми апрел дар Ҳумс бар асари даргириҳо байни сарбозон ва издиҳоме, ки ба нишони эътироз ба даргузашти як раҳбари қабила дар зиндон ҷамъ шуда буд, дастикам 12 нафар ҷон бохт. Азодорон дар ин маросими дафн бо талаби истеъфои Башор Асад шиор медоданд.
ТАЗОҲУРГАРОН САЛАФИЁН ҲАСТАНД?
Вазорати умури дохилаи Сурия дар баёнияе, ки тавассути телевизиони давлатӣ нашр шуд, гуфт, Ҳумс яке аз ду шаҳрест, ки аз сӯи салафиёни силоҳбадаст “террор” мешавад. Салафия ҷараёнест, ки як равияи тунди Исломи сунниро дунбол мекунад ва бисёри давлатҳои арабӣ онро бештар ба гурӯҳҳои ҷангҷӯе, чун Ал-Қоида, иртибот медиҳанд. Хабаргузории расмии САНА навишт, ки афроди мусаллаҳ рӯзи якшанбе дар Ҳумс се афсари артишро кушта, аҷсоди онҳоро абгор кардаанд.
ТАВТИЪАИ ХОРИҶӢ?
Мақомоти аршади Сурия, бо шумули Башор Асад, ошӯбҳои ахирро “тавтиъаи хориҷӣ” унвон мекунанд. Ин дар ҳолест, ки рӯзномаи амрикоии "The Washington Post" рӯзи 17-уми апрел навишт, вазорати хориҷаи Амрико гурӯҳҳои мухолифини Сурия, бо шумули шабакаи телевизионии моҳвораиеро, ки аз Лондон барои Сурия барнома пахш мекунад, таъмини молӣ мекардааст.
Аммо Марк Тонер, сухангӯи ин вазорат, гуфт, ин кӯмак ба ҳадде нест, ки қасди ба ҳам задани режими Асадро дунбол кунад: "Мо мақсади ба ҳам задани ин давлатро дунбол надорем. Ончӣ ки мо талош дорем, тавассути пуштибонӣ аз ҷомиаи шаҳрвандӣ дар Сурия анҷом диҳем, бунёди нишонаҳои ниҳодҳои демократист. Мо талош дорем ин корро ба сурати ошкор дар кишварҳои саросари ҷаҳон иҷро кунем. Фарқ инҷост, ки давлати Сурия чунин навъи кӯмакро ҳамчун таҳдид ба бақои худ мешиносад.”
Марк Тонер гуфт, гурӯҳҳои кӯмакгирифтаи мухолифин қасд доштанд, Башор Асадро, ки вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон аз ӯ ҳамчун аз як “ислоҳталаб” ёд кардааст, ба сӯи ислоҳоти демократӣ таҳрик диҳанд.
Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико гуфт, ташвиқи ислоҳот на лузуман ба маънои аз байн бурдани давлатҳои мавҷуда аст ва президент Асад феълан таҳти фишори талабҳои мардуми худи ӯ қарор дорад, ки аз масири ростини демократӣ гом бардорад.