Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Рушди деҳот" ва ҳимояти ҳуқуқи деҳқон


Барои дифоъ аз ҳуқуқи иттиҳодияҳои деҳқонӣ, дар Тоҷикистон созмони ҷамъиятии «Рушди деҳот» ташкил шудааст, ки даҳ маркази ҳуқуқӣ дар кишварро муттаҳид мекунад.

Ин ҷамъиятӣ ҳуқуқӣ аз сӯи Оҷонси шветсариягии рушд ва ҳамкорӣ сармоягузорӣ мешавад.

ДЕҲҚОНИ ТОҶИК ДАР ПАЙИ КАСБИ ҲУҚУҚИ БЕШТАР

Иттиҳодияҳои деҳқонии Тоҷикистон ахиран аз парлумон тақозо кардаанд, то ба онҳо ҳувияти шахси ҳуқуқӣ дода шавад, то онҳо аз ҳуқуқи доштани мулкият ё молу амволи худ бархӯрдор шаванд. Ахиран ин мавзӯъ дар кумитаҳои парлумон ва намояндагиҳои иттиҳодияҳои деҳқонӣ баррасӣ шуд.

Раҳмон Содиров, сардори шӯъбаи ҳуқуқии Ассотсиатсияи миллии иттиҳодияҳои деҳқонии Тоҷикистон, ки дар ин баҳсу баррасиҳо ширкат дошт, дар гуфтугӯ бо Радиои «Озодӣ» далели аслии талаби деҳқонон дар ин заминаро чунин тавзеҳ дод: «Аз соли 2002 то инҷониб иттиҳодияҳои деҳқонӣ ҳамчун шахсӣ инфиродӣ номнавис мешуданд. Дар ҳоле, ки соҳибкори инфиродӣ дар муносибатҳои шаҳрвандӣ маҳдудият дорад. Барои мисол аз бонкҳо қарз гирифта наметавонанд. Барои ҳамин ассотсиатсия ҷонибдори он аст, ки иттиҳодияҳои деҳқонии хонаводагӣ ва шарикӣ низ ҳамчун шахсияти ҳуқуқӣ номнавис шаванд, то тавонанд, барои зиёд кардани истеҳсолот аз бонкҳо қарз гиранд ва соҳибмулк ҳисоб шаванд».

МОНЕАҲОИ САРИ РОҲИ ДЕҲҚОН

Бино ба иттилои Ассотсиатсияи миллии иттиҳодияҳои деҳқонӣ, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ҳудуди 55 ҳазор иттиҳодияи деҳқонӣ фаъолият мекунад. Дигар мушкили ҳуқуқие, ки иттиҳодияҳои деҳқонӣ ва фермерҳо ба он рӯ ба рӯ ҳастанд, ин таҳти таъсир ва фармонҳои ҳукуматҳои маҳаллӣ қарор доштани онҳост. Ва ба ин далел бо сармояи Оҷонси шветсариягии рушд ва ҳамкорӣ дар Тоҷикистон, созмони ҷамъиятии «Рушди деҳот» таъсис ёфт, ки даҳ маркази омӯзиши ҳуқуқӣ барои кӯмак ба иттиҳодияҳои деҳқониро муттаҳид месозад.

Нигора Астанова, масъули созмони ҷамъиятии «Рушди деҳот» дар робита ба ҳадаф аз ташкили ин созмон гуфт: «Ҳадафи мо тақвияти даҳ маркази ҳуқуқи аст, ки ба деҳқонон хизмати ҳуқуқӣ расонанд. Мо се марказ дар Хатлон, 4 марказ дар Суғд ва се маркази дигар дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ дорем, ки ба деҳқонон дар ҳалли мушкили ҳуқуқии онҳо дар робита хоҳанд буд».

МУШКИЛИ АСЛИИ ДЕҲҚОН ЧИСТ?

Ба гуфтаи Нигора Астанова, мушкили аслии деҳқонон надонистани ҳуқуқҳои худ ва таҳти фармону супоришҳои ҳукумати маҳаллиӣ қарор гирифтани онҳост.

Азизулло Раҷабов, раиси иттиҳодияи деҳқонии «Хатлон» дар гуфтугӯ бо «Озодӣ» маҳдудияти эҷодкардаи ҳукуматҳои маҳаллӣ дар фаъолияти иттиҳодияҳои деҳқониро таъйид кард ва гуфт: «Супоришҳои давлатӣ ҳастанд, ки мегӯянд, ки то 70 фоизи заминро пахта кишт кунед ва 30 фоизи боқимондаро зироат. Хулоса аз поён то боло дурӯғ ва супориш аз тарафи давлат аст.»

Ҳамин мавзӯъ ахиран дар гуфтугӯҳои фонди байналмиллалии Рушди кишоварзии СММ бо вазири кишоварзии Тоҷикистон матраҳ буд, ки ин фонд мехоҳад дар бахши чорводорӣ ва чарогоҳҳо бо иттиҳодияҳои деҳқонӣ кӯмаки 15 миллиондолларӣ кунад.

Ба гуфтаи созмонҳои сармоягузорӣ байналмиллалӣ, дар сурате бахши кишоварзӣ рушд мекунад, ки деҳқон дар фаъолияти худ, аз фармонҳои ҳукуматҳои маҳаллӣ бениёз бошад ва бо бонкҳо ҳамкорӣ кунад. Аз сӯи дигар давлат муваззаф аст, ки ҳуқуқи деҳқононро ҳифз кунад.
XS
SM
MD
LG