Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи ним тонна маводи мухаддир


Мақомоти амниятии Тоҷикистон аз кашф ва мусодираи ҳудуди ним тонна маводи мухаддир дар ноҳияи марзии Қубодиёни вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон хабар медиҳанд.

Гуфта мешавад, бо ин миқдори бузург барои бори аввал аст, ки неруҳои амниятӣ маводи мухаддир мусодира мекунанд. Дар ҷараёни ин амалиёт, ки аз сӯи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон баргузор шудааст, чанд тан аз низомиён аз нерӯҳои марзбонии кишвар низ бо иттиҳоми ҳамдастӣ бо қочоқбарон боздошт шудаанд.

Боздошт ва мусодираи ҳудуди панҷсад кило маводи мухаддир дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон аз сӯи мақомоти амниятии Тоҷикистон зимни як амалиёти вижа сурат гирифтаст. Дар ин амалиёт чанд тан аз қочоқбарон, ки гуфта мешавад, дар ҳайати онҳо ходимони неруҳои марзбонии Тоҷикистон низ шомил будаанд, боздошт шудаанд.

Хабари кашф ва мусодираи ин миқдори маводи мухаддир дар ҳоле мунташир мешавад, ки масъулони Ожонси мубориза бо маводи мухаддир як ниҳоди муштараки давлати Тоҷикистон ва Созмони миллали Муттаҳид, ки ҳамоҳангсози фаъолияти ниҳодҳои муборизакунанда бо гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир дар ин кишвар аст, дар ин робита изҳори беиттиллоӣ мекунад.

Дафтари матбуоти неруҳои марзбонии кишвар низ ба ин далел, ки амалиёти мазкур аз сӯи мақомоти амниятии кишвар баргузор шудааст, аз шарҳи ҳодисаи боздошт ва забти маводди мухаддир худдорӣ карданд. Аммо як масъули маркази матбуотии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ин хабарро таъйид кард, вале ӯ низ аз ироаи ҷузъиёти бештари ҳодиса сарпечӣ кард.

Дар ҳамин ҳол Хайриддин Абдураҳимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар як рӯзи қабл дар як суханрониаш дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мусодираи ин миқдори маводи мухаддирро тасдиқ ва ҳамзамон иқрор кард, ки дар ҷараёни амалиёти мазкур ходимони ин идора низ ҳамроҳ бо қочоқбарон боздошт шудаанд.

Ҳодисаи боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани низомиён ва кормандони ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон бо иттиҳоми ширкат дар қочоқи маводи мухадир ва ҳамдастӣ бо гурӯҳҳои қочоқбар нав нест. Ба бовари коршиносони тоҷик яке аз авомиле, ки низомиёни тоҷикро ба ин кор водор мекунад, маоши ночиз ва омили дигар дастрасии осонии онҳо ба маводи мухаддир ва ҳамин тавр робита бо гурӯҳҳои қочоқбар будааст.

Дар ҳамин ҳол Хайриддин Абдураҳимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон низ таъйид кард, ки чунин афроди ношоиста ва нолоиқ дар ҳайати ин ниҳод фаъолият мекунанд вале барои поксозӣ аз ҳузури чунин нафарон бахши вижае дар кумита созмон дода шудааст.

Зимнан дар соли гузашта дар Тоҷикистон аз сӯи ниҳодҳои муборизакунанда бо гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир 5 тоннаву 270 кило маводи мухаддир боздошт ва мусодира шудааст, ки дар муқоиса бо як соли қабл даҳ дар сад бештар будааст.

XS
SM
MD
LG