Маҳаллаи Кӯҳдоман, ки миёни сокинони пойтахт ҳамчун «Нагорный» маъруф аст, аз марказ чандон дур нест, вале шароит ва муҳити зисти аҳолии ин маҳал аз сокинони марказ ва ноҳияҳои атрофи он фарқиятҳои зиёд дорад.
Ба вижа шароити зисти сокинони ин маҳал дар ин рӯзҳои бесобиқа сарди зимистон хеле ҳам сангин будааст. Дар маҳаллаи Кӯҳдоман ғолибан мардуми камбизоат ба сар мебаранд ва зимистони имсола мушкилоти иҷтимоии онҳоро ба маротиб афзудааст. Ҳаракат дар кӯчаҳои танг ва пурнишебу фарози яхбастаи бисёр душвор ва хатарнок аст, ки аз каме беэҳтиётӣ кас метавонад лағжида сахт ҷароҳат бардорад.
Манзилҳои сокинони ин маҳал дар теппаҳо ҷойгиранд, ки ба назар ба мисли кулбаҳои болои ҳам метобанд. Мусоҳиби нахусти мо дар ин маҳал зани ҷавоне буд, ки худро Наргис муаррифӣ кард ва бидуни шарҳи тарзи зисту зиндагониаш нахуст даъват кард то бевосита аз манзили эшон дидан кунем. Дар ду хонаи хурди дарун ба даруне, ки миёни сокинони маҳал барак ном бурда мешавад, Наргис ҳамроҳи фарзандон ва волидони пираш зиндагӣ мекардааст. Ба гуфтаи ӯ, падару модари солхӯрдааш, тамоми рӯз дар назди як бухории барқии хурде нишаста гарм мешудаанд ва ҳар лаҳза хатари хомуш шудани барқ онҳоро нигарон мекардааст.
Аксари модарони ҷавони ин маҳал хонанишинанд. Онхо мегӯянд, ҳарчанд ба хотири пешбурди зиндагӣ бояд ҷое кор кунанд ва маблағе ба даст оранд, аммо имкони ба кор баромаданро надоранд. Чун аксари оилаҳо серфарзанданд, вале дар ин маҳалла ягон боғча фаъолият намекардааст. Ин модарон аз ояндаи фарзандони хеш нигаронанд, зеро бо иллати мушкили иқтисоди аксарият аз таҳсил дур мондаанд.
Зиндагии ин духтарон аз рӯзгори духтарони деҳоти дурдаст қариб, ки фарқ надоштааст. Аксари вақти худро ба обкашӣ мегузаронидаанд. Ағлаби онҳо баъд аз синфи нуҳ мактаби миёнаро тарк мекардаанд. Зиндагии якранг дар хона, дурӣ аз мактаб то андозае ҷаҳонбинӣ ва дарки онҳоро маҳдуд кардааст. Аммо бо ин вуҷуд онҳо мегуянд, бисёр орзу доштаанд, ки чун ҷавонони дигари пойтахт ба зиндагии арзанда ва сазовор даст ёбанд.
Аммо наврасоне, ки дар мактаб мехонанд, мегӯянд, бо иллати нарасидани омӯзгорон ва сифати пасти таълим дониши казоӣ надоранд. Дар баробари ин бо иллати сардии синфхонаҳо кариб ки дарс намехондаанд. Чун аксари ҷавонони тоҷик мушкили аслии ҷавонони ин маҳал низ бекорӣ будааст, ки ағлаби онҳоро ба муҳоҷират бурдаст. Зимни сафар мо дар кучаҳои ин маҳал гуруҳ гуруҳ ҷавононро мушоҳида кардем, ки бо ҳам суҳбат мекарданд. Дар миёни писарон дарёфти мусоҳиб барои мо бисёр мушкил буд. Ба андешаи аксари онҳо, дар назди баландгуяк сухан гуфтан чандон кори хубу саҳл нест. Аз суйи дигар онҳо мегӯянд, ки аз ёдоварии мушкилоти рӯзгорашон судеро намебинанд. Зеро ба ақидаи онҳо, ҳанӯз аз даврони собиқ Шуравӣ аз зиндагии душворашон изҳори норизоӣ мекунанд, аммо то ба имрӯз тағйиротеро надидаанд.