Тасмими мазкур маънои онро дорад, ки ҳамакнун ҳеҷ шакке дар пирӯзии шахси мавриди эътимоди Путин – Дмитрий Медведев – дар ин интихобот намемонад.
Михаил Касянов соатҳо баъди изҳороти кумисюн мақомоти Русияро дар ташкили фазои ноозоду ноодилонаи интихоботӣ айбдор кард ва гуфт, ки интизориҳои мардуми Русия аз Путин, ки интихоботро мутобиқ ба конститутсия баргузор мекунад, ботил аст: "Дар чунин шароит ман аз ҳама ҳамватанон, тарафдорони худ даъват мекунам, ки дар ин масхарабозӣ иштирок накунанд".
Аммо Кумиссиюн бар ин аст, ки далели радди сабтиноми Касянов дар зиёд будани шумори аз ҳад зиёди имзоҳои тақаллубӣ дар миёни имзоҳои ба пуштибонии ӯ пешниҳодшуда аст. Николай Конкин, дабири Кумисиюни марказии интихоботҳо, рӯзи панҷшанбе ба чунин тарз аз имкони рад шудани номзадии Касянов хабар дод: "Михаил Михайлович Касянов 80 261 имзои ғайривоқеъӣ дорад. Ин маънои онро дорад, ки 13,38 фоизи имзоҳое, ки ба пуштибонии вай дода шудааст, ботил буда, аз мизони беш аз 5-дарсадии муқарраршуда мегузарад. Тибқи қонун, ба Касянов бояд иҷозаи сабти ном шудан дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ дода нашавад".
Дар ҳамин ҳол, ҷониби Касянов мегӯяд, ки масъалаи аслӣ дар имзоҳо нест, балки дар тарзи таҳияи варақаҳои имзоҳо будааст. Рӯзи якшанбе Елена Дикун, сухангӯи Михаил Касянов, гуфт: "Мо ба ҳақ будани худ сад дарсад итминон дорем. Кумисиюни марказии интихоботҳо таъйид кард, ки беш аз 2 миллион имзое, ки ба ҷонибдории Касянов дода шудааст, воқеъӣ мебошад. Тамоми танқидҳо аз тарзи техникии таҳияи варақаҳои имзоҳо будааст".
Дар ҳамин ҳол, ҷониби Касянов мегӯяд, ки масъалаи аслӣ дар имзоҳо нест, балки дар тарзи таҳияи варақаҳои имзоҳо будааст. Рӯзи якшанбе Елена Дикун, сухангӯи Михаил Касянов, гуфт: "Мо ба ҳақ будани худ сад дарсад итминон дорем. Кумисиюни марказии интихоботҳо таъйид кард, ки беш аз 2 миллион имзое, ки ба ҷонибдории Касянов дода шудааст, воқеъӣ мебошад. Тамоми танқидҳо аз тарзи техникии таҳияи варақаҳои имзоҳо будааст".
Аммо бо вуҷуди ин, ҳафтаи ҷорӣ додситонии Русия аз рӯи қазияи имзоҳои тақаллубии Касянов парвандаи ҷиноӣ боз кард.
Михаил Касянов солҳои 2000 то 2004 дар аҳди Путин вазифаи нахуствазири ин кишварро иҷро кардааст ва баъди тарки мақом карданаш ба яке аз мунаққидони аслии ӯ табдил шуд. Чунин ба назар мерасид, ки ҳатто дар сурати роҳёбиаш ба интихобот шумори ночизи раъйдиҳандагон ба пуштибонии вай овоз медоданд – назарпурсиҳо дар бораи 1 фоиз маъруфияти Касянов ҳадс мезананд. Ба ин тартиб, роҳи Дмитрий Медведев, вориси Путин, дар интихоботи моҳи март «тозатар» шуд ва ӯ, ба унвони муовини аввали нахуствазир ва раиси ширкати "Газпром" амалан чун раиси ҷумҳурии ояндаи Русия арзёбӣ мешавад. Номзадҳои дигари интихоботӣ раиси коммунистҳо Геннадий Зюганов, раҳбари ҳизби либерал-демократӣ Владимир Жириновский ва раиси ҳизби демократ Андрей Богданов мебошанд. Ҳеҷ як нафар аз ин се номзадро рақиби воқеъии Медведев гуфтан нашояд.
Дар ҳоле, ки давлатҳои ғарбӣ тамаркузёбии воқеъии қудратро дар Русия дар дасти танҳо як Путин зери суол бурдаанд, Кумисиюни марказии интихоботҳо гуфт, ки даъватномаҳои нозирони интихоботии САҲА рӯзи душанбе ба чоп хоҳанд расид. Ин дар ҳолест, ки моҳи декабри соли гузашта дафтари назорат аз интихоботҳои САҲА интихоботи раёсатҷумҳурии Русияро таҳрим кард. Путин, ки дигар ҳақ надорад бори сеюм барои мақоми раёсатҷумҳурӣ мубориза барад, гуфтааст, ки дар сурати интихобшавии Медведев розӣ аст вазифаи нахуствазири Русияро ба дӯш гирад.