Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созиши маҷбурии ҳукумат ва Конгресс


Кохи Сафед ва Конгресси ИМА дар мавриди тарҳи чораҳои ҷадид ба хотири вусъат бахшидан ба иқтисоди ру ба рукуди кишвар ба созиш расиданд.

Ин тарҳ бозгардони молиёт ба тақрибан 117 миллион хонаводаи Амрикоро дар назар дорад. Интизор меравад, ба афроди даромади солонаашон кам ё миёна аз 300 то 600 доллар ҷубронпулӣ пардохт шавад. Афроди оиладор то 1200 доллар ва бар изофаи ин барои ҳар кудак 300 долларӣ дарёфт хоҳанд кард.

Тарҳи чораҳо барои эҳёи иқтисоди кишвар аз ҷониби раисҷумҳури ИМА Ҷорҷ Буш пешниҳод шуд ва барои тадбиқи он 150 миллиард доллар ихтисос дода шудааст.

Раиси маҷлиси намояндагони ИМА демократ Ненсӣ Пелосӣ маблағи ихтисосшударо нокофӣ хонда гуфт, “наметавонам бигӯям, ки чораҳои пешниҳодшуда маро куллан қаноатбахш мекунанд, бо вуҷуди ин, ман медонам ки ин иқдом ба равнақи иқтисод мусоидат хоҳад кард.”

Хонум Пелосӣ афзуд, агар ин чораҳо натиҷаи дилхоҳ надиҳанд, ҳукумат бояд сари чораҳои дигар андеша кунад. Ӯ афзуд, ки ин мавзӯъ дар зудтарин фурсат дар Конгрес баррасӣ хоҳад шуд ва маблағҳо ба мардум ҳафтаи оянда тавассути почта фиристода мешаванд.

Аксарияти демократҳои Конгресс изҳори умедворӣ мекарданд, ки ин тарҳ дигар тарзҳои кумак ба аҳолиро низ дар бар бигирад, аз ҷумла кумакпулии иловагӣ барои маводи ғазо ва тамдиди мӯҳлати гирифтани ҳақи бекориро. Ненсӣ Пелосӣ ба хабарнигорон гуфт, ки ин мавзӯъро бо Ҷорҷ Буш мавриди баҳс қарор хоҳад дод, ва эълом намуд ,ки агар иқтисоди кишвар аз вартаи бӯҳрони шадид берун нашавад, демократҳо рӯи даст гирифтани дигар чораҳоро тақозо хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG