У афзуд, бо вуҷуди ин ки қабл аз бардоштани қадами баъдӣ Пхенян бояд иттилоъи комил дар бораи барномаи ҳастаиашро пешкаш кунад. Хонум Перино изҳор намуд, ки ҳоло, ба истилоҳ, туб дар нимаи майдони Кореяи Шимолӣ қарор дорад ва Амрико интизори посухи Пхенян аст.
Соли гузашта дар чаҳорчуби музокироти шашҷониба бо ширкати Чин, Ҷопон, Кореяҳои Шимолӣ ва Ҷанубӣ, Русия ва ИМА мувофиқат ҳосил шуда буд, ки Пхенян то 31 декабри соли 2007 дар бораи фаъолиятҳои ҳастаиаш гузориши мукаммал медиҳад.
Дар ивази ин Вошингтон ва шарикони дипломатиаш ӯҳдадор шудаанд, ки ба Кореяи Шимоли беш аз 1 миллион тонна сӯзишворӣ ва ё намуди дигари манобеъи энерҷӣ интиқол диҳанд ва ҳамчунин ин кишварро аз феҳрасти кишварҳои сармоягузори терроризм хориҷ кунанд.
Кишварҳои ворид ба ин феҳраст ба кумакҳои байнулмилалӣ дастрасӣ надоранд ва ҳамчунин аз гирифтани қарзҳои ниҳодҳои молии ҷаҳонӣ маҳруманд. Хонум Перино афзуд, тибқи созишнома мебоист ҳар як иқдом дар ивази иқдоми ҷониби дигар гирифта мешуд ва чун Пхенян дар ин самт ҳеҷ ҳаракат намекунад, Кореяи Шимолӣ дар феҳраст боқӣ хоҳад монд.
Зимнан соли гузашта Кореяи Шимолӣ ба ивази кумаки байнулмилалӣ кори реактори ҳастаии Ёнгбонро қатъ кард ва инро нозирони таслиҳотии Оҷонси байнулмилалии неруи ҳастаӣ низ таъйид намуданд.
Изҳороти Кохи Сафед як рӯз баъд аз он садо дод, ки Делл Дейли, масъули вазорати хориҷаи ИМА дар умури амалиёти зиддитеррористӣ, ба хабарнигорон гуфта буд, фурсати он расидааст, ки Кореяи Шимолӣ аз феҳрасти кишварҳои сармоягузори терроризм хориҷ шавад, зеро вазъи феълии он ҷавобгӯи талаботи Амрикост.
Ёдовар мешавем, ки ба ҷуз Кореяи Шимолӣ, Вошингтон ба ин феҳраст Куба, Эрон, Судон ва Сурияро низ шомил кардааст.