Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи хосияти нави симкортҳо


Симкортҳои телефонҳои ҳамроҳ метавонанд дар ҳарорати 450 дараҷа ва ҳатто бештар аз он хосияти худро гум накунанд, ки ин кашфиёт метавонад, дар таҳқиқи амалҳои террористӣ ва дигар ҷиноёт кумак кунад.

Онгуна, ки медонем, симкорт, ба қавле дили телефони ҳамроҳ аст ва дар он зангҳои вориду хориҷшуда ва номаҳо сабт мешаванд. Ва ҳамингуна як порчаи аз пластик ва силикон таркибёфта метавонад, барои муфаттишон як василаи гаронбаҳое барои фош кардани ҷинояте хидмат кунад. Масалан, муфаттишони қазияи бомбгузории маргбори моҳи марти соли 2004, ки дар он 191 нафар кушта шуданд, бо таҳқиқи симкортҳои телефонӣ ошкор карданд, ки омилони ҳодиса қасд доштаанд, ду бомби дигарро низ тарконанд.

Дар як пажӯҳиши ғайримуқаррарӣ муҳандисон Бенҷамин Ҷонс ва Тонӣ Кенйон аз Донишгоҳи Лондон хосияти тобоварии симкортҳоро таҳқиқ кардаанд. Онҳо 12 симкорти телефонии кӯҳнаву навро аз сокинони Бритониё, Ирландия ва Шветсия гирифта ба қавле дар обу оташ андохтаанд. Бенҷамин Ҷонс ва Тонӣ Кейнӣ аввал бо истифода аз оксид қабати ҳифозатии симкортро нобуд карда ва сипас онро дар ҳарорати баланд нигаҳ доштаанд. Баъд аз ин симкортро дар сардӣ гузошта ва бо истифода аз васоили махсус иттилооти мавҷуд дар симкорти телефонро хондаанд. Ва ба онҳо муяссар шудааст, иттилооти шаш симкортро, ки то 180 дараҷа гарм карда шудаанд, бе ягон осеб берун оваранд.

Донишмандон сипас панҷ симкорти дигарро гирифта онҳоро дар ҳарорати 450 дараҷа аз рӯи ҷадвали Селсий гузоштаанд, чаҳор симкорт дар ин ҳарорат хосияти тобоварии худро гум кардаанд ва танҳо иттилооти маҳфуз дар яке аз онҳо берун оварда шудааст ва халос. Аммо як корти дигар дар ҳарорати 650 дараҷа тоб наоварда ва тамоми иттилооти он низ маҳв шудааст.

Бенҷамин Ҷонс ва Тонӣ Кейнӣ мегӯянд, таҷрибаи онҳо нишон медиҳад, ки симкорти телефонҳои ҳамроҳ дар ҳарорати бештар аз 450 дараҷа низ тоб оварда метавонанд. Ҳамингуна, ба андешаи донишмандон, муфаттишон набояд, бо ёфтани симкортҳои сухта ноумед бошанд, зеро хондани иттилооти маҳфуз дар онҳо имконпазир аст. Агар симкортҳо шикаставу хароб шуда бошанд ҳам, ба гуфтаи Бенҷамин Ҷонс ва Тонӣ Кейнӣ берун кашидани онҳо имконпазир аст, зеро бо вуҷуди шикастагӣ иттилоот дар он маҳфуз мемонад ва танҳо васоили нави кашидани иттилоот аз симкортҳо лозим аст ва тамом.

XS
SM
MD
LG