Донишманди шинохтаи тоҷик Сафар Абдулло анқариб 15 сол аст, ки дар Қазоқистон кору зиндагӣ мекунад ва таи ин муддат бо асарҳои офаридааш ва фаъолияти илмиву ташкилотчигиаш шӯҳрат касб кардааст. Чанде қабл ҳафтаномаи «Деловая неделя» мақолаи калонеро дар ҳаҷми анқариб 1 саҳифа бо номи «Вақоеънигори Эрон ва Тӯрон» дар бораи ин донишманд ба табъ расонд. Дар ин мақола муаллиф Анвар Ғалиев нигоштааст, ки Сафар Абдулло аз ҷумлаи он донишмандонест, ки дар рушди ҳамкориҳои фарҳангии мардуми эрониасл ва туркизабон нақши умда гузоштааст.
Ба шарофати талоши ин донишманд дар Қазоқистон Маркази пажӯҳиши фарҳанги Осиёи Марказӣ ва Эрон ташкил карда шуд ва сарварии марказро ин донишманд бар ӯҳда дорад. Бар илова, тибқи навиштаи «Деловая неделя», бо ибтикори Сафар Абдулло чандин конфронсҳои байналмилалӣ дар бораи паҳлӯҳои гуногуни равобити таърихӣ ва кунунии ин ду ақвом дар Қазоқистон доир гардид ва чанде қабл бошад, дар ин ҷо вай маҷаллаи «Эроннома»-ро ба забони русӣ таъсис дод, ки дар он дар бораи масоили гуногуни эроншиносӣ мақолаҳои донишмандони маъруфи ин кишвар ва ховаршиносони русу Эрон ва Тоҷикистону Ӯзбакистон ба табъ расидаанд. Муаллифи мақола менигорад, дар китобҳои ин донишманд, ки бо номҳои «Магические мости» ва «Сеҳри сухан» дар Қазокистон ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ ба табъ расиданд, ба бисёр масоили баҳсноки таърихи мардуми турку эрониасл назари холисона ва воқеъбинона баён гардидааст.
Аз ҷумла, Анвар Ғалиев аз мақолаи «Таърих ҳарзагуиро намепарастад» ёдовар шуда, таъкид мекунад, ки Сафар Абдулло дар ин мақола ба ақидаҳои пантуркистӣ, ки нақши мардуми эрониаслро дар ташаккули ақвоми минтақа нодида мегиранд, ҷавоби муносиб медиҳад. Дар мақолаи «Мо ба ҷаҳолати хеш басо ғӯтидаем» бошад, нуктаҳои бепояву ғаразнок ва дур аз воқеияти профессори қазоқ Буркитбоевро дар бораи он ки гӯё «Авасто» «Оқбота» ном дошта муаллифи он Сак Аҳмад Женис аст, бо овардани далелҳои мӯътамад ба ҳеҷ мебарорад.
Дар мақолаи «Вақоеънигори Эрон ва Тӯрон» ҳамчунин таъкид шудааст, ки чандин китобҳо зери назар ва веростории Сафар Абдулло дар Қазоқистон чоп шудаанд, ки «Ҳамкориҳои таърихӣ ва фарҳангии Эрон ва Дашти Қипчоқ дар садаҳои 13 ва 18», «Осиёи Марказӣ; муколамаи тамаддунҳо», «Тасаввуф дар «Осиёи Марказӣ ва Эрон», «Мӯъҷизаи Наврӯз» аз ҷумлаи онҳоанд. Муаллифи мақола дар бораи китоби «Мӯъҷизаи Наврӯз» ҳарф зада таъкид мекунад, ки ба ин китоби бо талош ва веростории Сафар Абдулло ба табърасида сиёсатмадор ва донишманди саршинос Саид Муҳаммад Хотамӣ - раисҷумҳури собиқи Ҷумҳурии исломии Эрон баҳои сазовор додааст.
Муаллифи мақолаи «Вақоеънигори Эрон ва Тӯрон» зикр гардидааст, ки ин асарҳо ва ба вижа маҷаллаи «Эроннома», ки бо кӯшиш ва заҳмати ин донишманди шинохтаи тоҷик арзи вуҷуд кардаанд, дар ин кишвар барои ба пояи нав баровардани ховаршиносӣ, аз ҷумла омӯзиши муносиботи таърихӣ ва имрузии мардуми эрониаслу туркнажод нақши умда мебозанд. Ин нуктаро Саидаҳмад Қуттикадам рӯзноманигор ва адиби қазоқ низ таъкид мекунад:
«-Он коре, ки дӯсти мо Сафар Абдулло анҷом медиҳад, тасаввурнашаванда аст. Қабл аз ҳама, вай умуман дар тарғиби ҳама фарҳанги шарқ дар Қазоқистон хидмати бузург мекунад. Вай воқеан чунин донандаи фарҳанги Ховар, ба вижа фарҳанги форсӣ аст, ки назирашро дар маҳдудаи собиқ Шуравӣ ҳатто дар Тоҷикистон пайдо кардан мушкил аст. Сафар Абдулло ба шоири бузургамон Олҷас Сулаймонов хидмати шоистаеро анҷом дод. Вай ҳама осори адибро ҷамъоварӣ ва онро веросторӣ карда ба он пешгуфтор навишт ва дар 8 ҷилд ба нашр расонд. Ин кори басо бузург ва заҳматталаб аст. Вай бо ҳамин ба шоири бузургамон ҳадяи хешро омода кард. Анҷом додани чунин кори бузург ҳатто ба гӯшаи хотири ягон қазоқ нарасидааст.»
Ба андешаи адиб Қодири Рустам, ки солҳои тӯлонӣ дар Қазоқистон паҳлӯи ҳам бо донишманд кору зиндагӣ кардааст, хидмати бузурги Сафар Абдулло дар он аст, ки дар кишвари бегона чун рӯшанфикр мардум ва кишвари хешро ба дигарон ошно ва муҳаббати ононро ба фарҳанги мардуми форсизабон афзун гардонд:
«- Будани рӯшанфикр дар байни мардум ва ҷомиаи бегона мазияти хосе дорад ва ин мазият ин аст, ки ин мардуми бегона ба воситаи ӯ бо фарҳангу тамаддун ва таърихи мардуми мо шинос мешаванд. Ва ин рӯшанфикр худ ҳар қадар огоҳтар, ҳар қадар мутталеъ ва ҳар қадар ҳушёртар бошад, ин рисолатро метавонад амиқтар ва беҳтар иҷро бикунад. Чунонки дар Қазоқистон мо мебинем, ин гуна рисолат бар дӯши Сафар Абдулло аст. Ҳам аз тариқи матбуоти Қазоқистон, ҳам аз тариқи шабакаҳои мухталифи телевизиони ин кишвар дар бораи фарҳанги мо, дар бораи забон, адабиёт ва таърихи мо суханрониҳои хеле ботафсил, ҷолиб ва пурмӯҳтаво дорад, ки боиси истиқболи гарм дар миёни мардуму рӯшанфикрони Қазоқистон шуд ва мардуму рӯшанфикрони ин кишварро бештар, амиқтар бо мардуми мо шиносонд.»
Ҳамчунин, адиб Қодири Рустам асари «Марсияи хуршед»-ро, ки Сафар Абдулло баъди даргузашти шоири маъруф Лоиқ Шералӣ таи муддати кӯтоҳе ба чоп омода кард, беҳтарин ёдномаи ин шоири маҳбуб медонад, ки дар он шеъру мақолаҳои адибону донишмандони кишварҳои гуногун, ба вижа кишварҳои Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон дар бораи ин шоири маҳбуби миллат гирдоварӣ шудаанд.
Аз сӯи дигар, Сафар Абдулло ҳамеша бо Тоҷикистону Эрон иртиботи қавӣ дорад ва мунтазам тавассути дӯстонаш китобу рӯзнома ва маҷаллаҳои дар он кишварҳо нашргардидаро дастрас мекунад ва чунин рӯҳпайвандии донишманди шинохта низ ба пажӯҳишу ковишҳои нави илмиаш таъсири амиқ расонида, барои арзи вуҷуд кардани асарҳои нави вай мусоидат мекунад.