Ҳамрохон Зарифӣ - вазири хориҷаи Тоҷикистон гуфт, давлати Тоҷикистон бо пешниҳоди чанд тарҳи мушаххас дар моҳи январи соли гузашта аз САҲА хост, то дар мавриди мақомаш дар Тоҷикистон таҷдиди назар кунад. Вале тарҳҳои пешниҳодии давлат аз сӯи ин созмон пазируфта нашуд. Ба таъйиди ҳамин манбаъ, маркази САҲА дар Тоҷикистон мехоҳад, буҷаи худ дар ин кишварро ду баробар: яъне, ба маблағи бештар аз дувуним миллион евро афзоиш бидиҳад. Аммо ин дар ҳолест, ки меафзояд оқои Зарифӣ, бархе аз тарҳҳои пешниҳодии давлати Тоҷикистон аз сӯи ин созмон дастгирӣ наёфтааст. Ва ин ҳам дар ҳолест, ки давлат намедонад, ки ин созмон маблағи изофии буҷаи худро чи гуна ва бо кадом аҳдоф масраф хоҳад кард.
Талошҳои мо ҷиҳати рӯшан кардани мавқеи маркази САҲА дар Тоҷикистон дар баробари изҳори назари Вазорати хориҷаи Тоҷикистон бенатиҷа анҷом ёфт. Масъулини ин созмон дар Душанбе ба ин далел, ки кадом санади расмӣ дар ин замина аз сӯи вазорати хориҷаро нагирифтаанд, аз шарҳи масъала худдорӣ карданд.
Аммо ба бовари бархе аз коршиносон, бурузи ихтилофот миёни давлати Тоҷикистон бо САҲА бештар ангезаи сиёсӣ дошта ва давлат мехоҳад, бо ин васила назорати худ болои созмонҳои байналмилалиро ташдид кунад. Дуруст ҳамон кореро, ки дар Русия дар як соли пеш бо созмонҳои байналмилалӣ ва махсусан бо САҲА сурат гирифта буд. Ва давлати Тоҷикистон низ дар пайравӣ аз Русия мехоҳад, бар маҳдудияти доираи фаъолияти ин созмонҳо ва зери контрол даровардани онҳо иқдом кунад.
Тоҷикистон аз соли 1993 узви САҲА мебошад. Соли 2003 намояндагии ин созмони байналмилалӣ расман ба Маркази САҲА дар Тоҷикистон табдили ном карда ва дар ҳоли ҳозир, дар панҷ минтақаи кишвар намояндагиҳои он фаъолият мекунад.