Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷорҷ Буш: Вазъи иқтисод мардумро нигарон кардааст


Ҷорҷ Буш (байн), Ҳенрӣ Паулсон (рост) ва Дик Чейнӣ (чап) ҳангоми баррасии вазъи иқтисод
Ҷорҷ Буш (байн), Ҳенрӣ Паулсон (рост) ва Дик Чейнӣ (чап) ҳангоми баррасии вазъи иқтисод

Дар ҳамин ҳол, ӯ боварии комил дорад, ки иқтисоди Амрико мушкилиҳоро пушти сар хоҳад кард.

Раисиҷумҳури ИМА Ҷорҷ Буш эълом намуд, ки ӯ барои водор кардани муштариён ба харҷи бештар ва корхонаҳо ба ташкили ҷойҳои кории иловагӣ омодааст дар ҳудуди 150 миллиард доллар масраф кунад.

Ӯ ҳамчунин гуфт, ки хатари ба рукуди иқтисодӣ овардани вазъи ба амал омада вуҷуд дорад. Буш аз Конгреcси кишвар даъват намуд, ки дар зудтарин фурсат барои пайдо кардани роҳи ҳал бо мушовирони ӯ ба ҳамкорӣ шурӯъ намояд.

“Бо қабули зудтари маҷмӯъи чораҳои рушди босамари иқтисодӣ, мо гӯиё бо сӯзандоруе, иқтисоди бунёдан қавии худро солим нигаҳ хоҳем дошт. Ин чораҳо махсусан ба он бахшҳои иқтисод, ки дар ҳоли тағйиранд, мусоидат хоҳад кард”.
Президенти ИМА пешниҳод кард, то 1 дарсади даромади нохолиси миллӣ барои анҷоми ин нақша ихтисос дода шавад. Тибқи тарҳи ӯ ба ҳамаи молиётпардозон боздеҳи молиёт ва ба корхонаҳо маблағҳои ҳавасмандӣ дода хоҳанд шуд.
Вазири молияи ИМА Ҳенрӣ Паулсон тавзеҳ дод, ки барои татбиқи ин нақша аз 140 то 150 миллиард доллар лозим хоҳад шуд.

Паулсон аз фаврияти даъвати Буш ҷонибдорӣ. Ӯ, аз ҷумла, гуфт: “Мо ба ҳамкори бо Конгресс дар самти расидан ба созишнома дар робита ба иҷрои ин нақша тамаркуз хоҳем кард. Ин нақша ба муштариён пули нақд хоҳад дод , корхонаҳоро ташвиқ мекунад сармоягузори кунанд, тавсиъа ёбанд ва коргарони бештарро ба кор гиранд”.

Ин ҳам дар ҳолест, ки масрафҳои муштариён 70 дарсади даромади нохолиси миллии ИМА-ро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи Паулсон, қисми бузурги кумак ба хонаводаҳои даромадашон паст ва миёна равона хоҳад шуд. Вай бар ин ақидааст, ки ин хонаводаҳо боздеҳи молиётро барои пардохтани қарзҳо аз хадамоти маъишӣ ва барои харидани маводди аввалия сарф хоҳанд намуд.
Ҷорҷ Буш тасдиқ намуд, ки вазъи иқтисод аксарияти мардуми кишварро нигарон кардааст. Дар ҳамин ҳол, ӯ боварии комил дорад, ки иқтисоди Амрико ин мушкилиҳоро пушти сар хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG