Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози кори Сангтӯда-1


Баъд аз 22 сол дар Тоҷикистон боз як нерӯгоҳи барқи обӣ ба кор шурӯъ кард.

Субҳи якшанбе, 20 январ чарха ва ё агрегати нахустини нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда -1 бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, Сергей Наришкин, ноиби сарвазири Русия, Анатолий Чубайс, раиси ширкати РАО ЕЭС-и Русия ба кор дароварда шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар расми ифтитоҳи нерӯгоҳи Сантӯда-1 ин тарҳро натиҷаи ҳамкориҳои стротежики Тоҷикистону Русия унвон карда ва гуфт, ин оғози баҳрабардории тарҳҳои бузурги энержӣ дар Тоҷикистон аст. Оқои Раҳмон афзуд, ҳарчанд бо марвиди истифода қарор гирифтани агрегати аввали нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ва дар маҷмӯъ ҳар чаҳор агрегати ин нирӯгоҳ ниёзмандиҳои Тоҷикистон ба нирӯи барқ комилан бароварда намегардад, вале ҳаҷми тавлидоти барқ дар кишвар афзоиш меёбад. Раисҷумҳури Тоҷикистон аз масъулини бунёдгари нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда -1 хостори анҷоми сареътари ин тарҳ шуд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, тарҳи нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда -1 аҳамияти минтақаӣ дорад. Ӯ иттилоъ дод, ки шурӯъ аз соати 8, шоми 20 январ интиқоли нирӯи барқ ба сокинони Тоҷикистон як соат бештар мегардад.

Сергей Наришкин, муовини сарвазири Русия бо тавсифи ҳамкориҳои ҳасанаи Русиву Тоҷикистон гуфт, ин охирин тарҳи муштараки Тоҷикистону Русия дар бахши энержии обӣ дар Тоҷикистон нахоҳад буд ва Русия тарҳҳои дигар ин кишварро рӯи даст хоҳад гирифт. Ӯ гуфт, ин тарҳ натиҷаи ғамхории сарони давлатҳои Тоҷикистону Русия дар баробари мардуми одии Тоҷикистон мебошад.

Анатолий Чубайс, раиси ширкати РАО ЕЭС-и Русия гуфт, феълан, иҷрои ин тарҳ бар тибқи нақша ва ҳатто пештар ҷараён дорад. Ва дархости раисҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди то ибтидои соли ояндаи 2009 комилан анҷом додани нирӯгоҳи мазкурро ҷиддан мавриди омӯзиш қарор медиҳанд ва санаи дақиқи комилан ба кор даромадани нирӯгоҳро дертар эълон хоҳанд кард.

Коргарони қатории сохтмони нирӯгоҳи Сангтӯда-1 низ мегӯянд, ҳама талошҳоро ба харҷ хоҳад дод, то дар фурсатҳои зудтарин ин нирӯгоҳ комилан ба кор дарояд ва ниёзмандиҳои мардум ба барқ бароварда шавад.

Нирӯгоҳи барқи обии Сантӯда-1 дар соли 1986 тарҳрезӣ ва шурӯъ шуда, баъдан бунёди он бо иллати низоъҳои дохили кишвар ва адами сармоя ба таъхир уфтод. Бар тибқи нақшаи аввал, Сангтӯда-1 бояд дар соли 1994 мавриди истифолда қарор мегирифт. Ва дар моҳи апрели соли 2005 бо сармоягузории 75 дарсади ширкати РАО ЕЭС-и Русия ва 25 дарсади сармояи Тоҷикистон бунёди ин нирӯгоҳ дубора аз сар гирифта шуд.

Ҳаҷми ин тарҳ 800 миллион доллар буда ва иқтидори тавлидотиаш 670 мегаватт мебошад. Баландии сарбанди нирӯгоҳи Сангтӯда-як 75 метр буда ва дар сурати комилан анҷом шудани тарҳ ин нирӯгоҳ имкони тавлиди 2 миллиарду 700 миллион киловат соат барқ дар солро дорад. Дар ин нирӯгоҳ тақрибан 5000 нафар кор мекунанд, ки 90 дарсади он сокинони маҳаллӣ мебошад. Ва ҳамчунин 30 ширкати Тоҷикистону Русия дар бунёди нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда - фаъол аст.

XS
SM
MD
LG