Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сангтӯда-1 ба кор шурӯъ кард


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бо баргузории як маросими расмӣ, субҳи 20 январ агрегати нахустини нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1 ба кор дароварда шуд.

Дар маросими оғози расмии кори Сангтӯда-1, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Анатолий Чубайс, раҳбари ширкати РАО ЕЭС-и Русия ва Сергей Наришкин, ноиби сарвазири Русия иштирок намуданд. Президенти Тоҷикистон гуфт, воқеаи имрӯз Тоҷикистонро боз як қадам ба истиқлоли энержӣ наздик овард.

Ниругоҳи Сангтуда-1 тавассути ширкати РАО-ЕЭС –и Русия дар ҳоли эҳдос аст ва расман эълом шудааст, ки барои анҷоми сохтмони он 450 миллион доллар масраф хоҳад шуд. Ин ниругоҳ дар ҳавзаи рудхонаи Вахш тавони тавлиди 670 мегават нируи барқро дорад.

Ширкати русӣ 75 дарсади саҳмияҳои нерӯгоҳи мазкурро дар ихтиёр дорад. Қарор аст, то охири сол нерӯгоҳ пурра ба истифода дода шавад.

Қаблан, замони оғози кори нахустин агрегати ин нерӯгоҳ моҳи декабри соли гузашта таъин гашта буд. Дар фурсати наздиктарин гузориши муфассали хабарнигори Радиои Озодӣ аз ин маросим дар сомонаи Озодӣ нашр хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG