Тибқи ин иттилоъ, дар соли 2007 шумораи манзилҳои навбунёдшуда ба 25 дарсад коҳиш ёфта, ба пастарин сатҳ дар тули се даҳсолаи охир расидааст. Дар давоми чанд моҳи ахир хабарҳо паҳн мешудаанд, ки ҳазорон соҳибони манзилҳо ба пардохтани вомҳои худ ноком шудаанд ва бонкҳои сармоягузор миллиардҳо доллар зарар дидаанд.
Ин хабарҳо дар дили мардум тарсеро ҷойгир кардаанд, ки кишвар ба коми бӯҳрони иқтисоди фуру меравад, ё аллакай дар қаъри ин бӯҳрон қарор дорад. Аммо Бен Бернанке зимни ҳисоботаш дар назди комиссиюни буҷавии маҷлиси намояндагони ИМА гуфт, ки ба назари ӯ ин оғози бӯҳрон нест. Бо вуҷуди ин Бернанке афзуд, пешравии иқтисодии кишвар кунд шудааст.
Вай гуфт, феълан идомаи рушди иқтисоди ИМА мушоҳида мешавад, аммо ин рушд нисбатан суст ҷараён дорад, махсусан дар нимаи аввали сол. Дар ҳоле ки бунёди манзилҳо рӯ ба коҳиш овард, тавре ки мебоист дар тули ин сол рух медод, иқтисод бояд дар охирҳои сол ба худ ояд. Бо вуҷуди ин боварӣ ҳаст ки дар соли 2008 ва шояд дар аввалҳои соли 2009 рушди иқтисодӣ поинтар аз сатҳи маъмули хоҳад буд.
Бар ақидаи раиси Хазинаи федералӣ, дар соли 2007 вазъи иқтисод аксаран қаноатбахш ва хуб буд ва танҳо дар чоряки охири сол рушд ба таври чашмрас коҳиш ёфту тағийри мусбати вазъро дар тули соли 2008 набояд интизор шуд.
Раисҷумҳури ИМА Ҷорҷ Буш гуфта буд, ки Кохи сафед мехоҳад дар зудтарин фурсат чораҳоеро рӯи даст гирад, ки иқтисоди кишварро ба ҳаракат дароранд, аммо аз додани тафсилоти нақшааш худдори намуд. Бернанке дар ин бора эълом дошт, эҳтимол аст тарҳе, ки дастикам 100 миллиард доллар сармоя мехоҳад, вазъро беҳбуд диҳад. Вай афзуд, ин чораҳо сабаби афзоиши чашмраси дефисити буҷа нахоҳанд шуд.
Ҳамин тавр пешниҳод мешавад ба ҳамаи молиётпардозон мукофотпулиҳо ба маблағи 300 ва 600 доллар дода шавад. Пешбини мешавад, ки мардум ҳамаи ин маблағҳоро билофосила сарф мекунанд ва ин иқтисодро такони мусбат мебахшад.
Бернанке афзуд, ки баъзе чораҳо аллакай амалӣ мешаванд ва ҳамин тавр фоизи вомҳо коҳиш дода шуд.
Мутахассисони соҳаи иқтисод қайд мекунанд, ки бархурди Бернанке ба қазия аз бархурди банкдорони Осиё ва Аврупо фарқи калон дорад. Онҳо хавф доранд, ки поин бурдани фоизи вомҳо ба таварруми зудҳангом меорад, аммо Бернанке бар инаст, ки чолишҳое, ки ба Аврупову Осиё таҳдид мекунанд, аз чолишҳои Амрико фарқ мекунанд. Вай афзуд, чораҳои пешниҳодшуда муваққатианд ва ҳоҷат ба истифодаи тулонии онҳо вуҷуд надорад. Бернанке изҳори бовари намуд, ки иқтисоди ИМА ҳамон тавре, ки дар гузашта борҳо рух дода буд, ба ҳоли пештарааш бармегардад.