Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сармо ва таҳсил


Дар бархе аз мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дар Душанбе, пойтхати Тоҷикистон, бар асари сармои сахт таътили зимистона тамдид гардидааст.

Масъулини ин мактабҳо дар суҳбати бидуни микрофон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки сабаби тамдиди таътил сардиҳои шадид, набуди шабакаи гармкунанда дар мактабҳо, қатъи қувваи барқ ва синфхонаҳои сард будааст.
Мисол, дарсҳо дар бархе аз мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии дуртар аз маркази пойтахт то ҳанӯз шурӯъ нашудаанд. Кӯдакони мактбахон мегӯянд, онҳоро муаллимон бар асари дилсӯзӣ ва ба умеди раҳоӣ аз вартаи амрози марбут ба сардӣ ба хонаҳо ҷавоб додаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи Гулнора Бобоева, раиси раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маорифи Тоҷикистон, дар мактабҳои кишвар таътили зимистонӣ рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта расман поён ёфтааст ва кӯдакон бояд ба дабистонҳо мерафтанд: «Барои тамдиди таътили зимистона асос лозим аст. То ҳанӯз касе ба вазорат муроҷиат накардааст, ки таътилро дароз кунанд, барои ҳамин дарсҳо бояд дар ҳама мактабҳо шурӯъ шуда бошад».
Хонум Бобоева ба суоле, ки шахсан фарзандони шумо имрӯз ба мактаб рафтаанд, посух дод, ки «як фарзанди ман касал аст ва дуи дигари онҳо дар мактаби № 60 таҳсил доранд».
Ин ҳам дар ҳолест, ки муҳассилини мактабҳои пойтахт мегӯянд, бо иллати сардии синфхонаҳо мударрисин онҳоро рӯзҳо 11 ва 12 ва ҳатто субҳи рӯзи душанбеи 14 январ бозпас ба хонаҳо гусел кардаанд.
Дар ҳамин маврид дар бархе аз шаҳру навоҳии кишвар тасмим доранд, расман таътилро тамдид кунанд. Суҳробшоҳи Фаррухшоҳ, сухангӯи шаҳрдори Кӯлоб, мегӯяд, агар сардии ҳаво давом кунад, шояд таътили замистонаро аз ҳисоби таътили тобистона тамдид кунанд.
Тамдиди таътили замистона дар мавсими сардии шадид аз ҳисоби таътили тобистона чанд соли ахир аст, ки дар мактабҳои музофот роҳандозӣ шудаас. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба қавли Ҷамила Байдуллоева, масъули маркази ҳавошиносии кишвар, сардиҳои шадид то ахири моҳи январ давом мекунанд.
XS
SM
MD
LG