Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истеъфои раиси Интерпол


Ҷеки Селебӣ, раиси Пулиси байналмилалӣ ё Интерпол ба истеъфо рафт. Қаблан, Селибӣ аз маснади раиси пулиси Африқои Ҷанубӣ ҳам барканор шуд.

Ахиран, додситонии ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ эълон кард, ки дар баробари раиси пулиси кишвар Ҷеки Селибӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Додситонӣ Селибиро дар фасод ва ришвахорӣ гумонбар медонад. Мақомоти Африқои Ҷанубӣ иддаъо доранд, ки собиқ раиси пулиси кишвар аз соҳибкор Глен Алиоттӣ 170 ҳазор доллари амрикоӣ ришва гирифтааст.

Додгоҳи Африқои Ҷанубӣ Алиотиро дар қочоқи маводи мухаддир муттаҳам дониста, ҳамчунин даст доштани ӯ дар қатли соҳибкор Бретт Кебла дар се соли пешро баьйид намедонад.

Оқои Селебӣ ҳамаи иттиҳомотро рад карда гуфт, бо гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ иртиботе надорад. Дар мактуби саркушодааш ба номи Интерпол, ӯ навиштааст, намехоҳад парвандааш ба обруи Интерпол ва ҷомеъаи амниятии ҷаҳон таъсири манфӣ расонад.

Роналд Нобл, дабири кулли Интерпол зимни суханронӣ дар қароргоҳи ин созмон дар Фаронса, фаъолияти Селебиро дар мақомаш баланд арзёбӣ карда гуфт, иттиҳомоти ӯ дар ришвахорӣ ба кораш дар Интерпол ҳеҷ рабте надорад. Бо вуҷуди ин, Нобл афзуд, ришвахорӣ ин сангинтарин ҷиноятест, ки корманди пулис метавонад содир кунад.

Интерпол - созмони байналмилалии ниҳодҳои пулис мебошад ва соли 1914 таьсис шудааст. Дар шакли феълияш Интерпол соли 1946 дубора таьсис ёфт ва ҳоло ба он беш аз 180 кишвари ҷаҳон шомиланд. Ин созмон фаъолияти неруҳои пулиси ин кишварҳоро ҳамоҳанг намуда, ба боздошти ҷинояткороне, ки мехоҳанд берун аз кишварашон паноҳ ёбанд, мусоидат мекунад. Бозҷӯёни Интерпол кушиш мекунанд, ҷиноятҳои байнулмилалӣ ба монанди қочоқи маводи мухаддир, қочоқи инсон, интиқоли ғайриқонунии пул, сарватҳои фарҳангӣ ва ғайраро ошкор намоянд.

Тоҷикистон низ аз соли 2004 ба ин сӯ узви Интерпол аст. Соли 2007 ду корманди дафтари тоҷикистонии Интерпол Файзулло Солиев ва Шаҳобиддин Аҳмадов барои содир кардани ҷиноятҳои гуногун, аз ҷумла ришваситонӣ аз ҷониби додгоҳи вилояти Суғд ба муҳлати 6,5 ва 5,5 сол маҳкум ба зиндон шуда будаанд.

XS
SM
MD
LG