Оқил Султонқулов - сухангӯи Додситонии нақлиёти Тоҷикистон дар ин бора ба радиои Озодӣ гуфт, ин шумор дар муқоиса бо соли 2006 ду адад кам аст.
Солона садҳо ҳазор нафар ва умдатан ҷавонон аз Тоҷикистон ба Русия ба мардикорӣ мераванд. Бахши аъзами муҳоҷирони тоҷики фавтида ва ё кушташуда дар Русия ҳам ҷавонони аз 18 то 35 сола будаанд.
Дар як тамоси телефонӣ бо Маскав аз сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммади Эгамзод дар бораи далоили афзудани мизони фавти муҳоҷирини тоҷик дар он кишвар пурсидам. Оқои Эгамзод гуфт, яке сабабҳои қатли маҷбурии шаҳрвандони тоҷик дар Русия - бархурди хашини гурӯҳҳои миллатгарои рус аст.
Бино бар ҳисоби дафтари ҳуқуқи башари Русия, соли гузашта дар он кишвар ба дасти гурӯҳҳои қавмгаро 6 муҳоҷири тоҷик кушта ва 11 тан маҷрӯҳ шудаанд.
Вале созмони ТоҷикДиаспора, теъдоди шаҳрвандони тоҷики танҳо тайи соли гузашта дар Русия дар заминаи адовати қавмиву нажодӣ кушташударо беш аз 40 нафар баровард кардааст.
Аммо дар ин миён масъалаи интиқоли тобут аз Русия ба Тоҷикистон низ ба як мушкили умдаи пайвандони муҳоҷирини кории фавтида табдил ёфтааст. Давлати Тоҷикистон соли гузашта барои бори нахуст дар буҷаи давлатӣ ба ин мақсад 150 ҳазор сомонӣ ихтисос дод. Ҳазинаи интиқоли як тобут аз Русия ба Тоҷикистон чанд ҳазор долларро ташкил медиҳад.
Сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, сафорат вобаста ба қудрат ва тавоноӣ то панҷоҳ дар сади хароҷоти интиқоли тобутҳоро пардохт мекунад. Бақия ҳазинаи интиқоли тобут бар ӯҳдаи пайвандон ва ҳамватанони марҳум будааст.