Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алюминиюми Тоҷикистон аз имтиёз маҳрум шуд


Русия таруфаҳои имтиёзии интиқоли алюминиюми Тоҷикистон тариқи роҳи оҳани ин кишвар ба бандарҳои баҳри Балтикро лағв кардааст.

Расонаҳои Русия бо нашри ин хабар овардаанд, лағви таруфаҳои арзони роҳи оҳан барои транзити алюминиюми Тоҷикистон ба бандарҳои Эстония тибқи сиёсати таруфаи ИДМ сурат мегирад. Тибқи ин санад таруфаи имтиёзноки транзитӣ бо коэфитсенти 0,9 дарсад ба алюминиюме, ки аз Тоҷикистон ба бандарҳои баҳри Балтики Русия интиқол меёбад, ҷорӣ шудааст.

Дар тамос бо мо раҳбарияти Ширкати алюминиюми Тоҷикистон аз шарҳи мавзӯъ худдорӣ карданд.

Тибқи тавофуқи таруфаие, ки аз соли 1993 дар ҳудуди кишварҳои Иттиҳоди Муштаракулманофеъ амал мекунад, 8 кишвар, ба шумули Эстония, Ӯзбакистон, Озарбойҷон, Қирғизистон ва ғайраҳо имтиёзҳои таруфаиро ба амволи гуногуни содиротиашон соҳиб шуда буданд. Қаблан, Русия ин имтиёзҳоро барои Эстония лағв кард. Ва ҳоло имтиёзи ягона моли содиротии Тоҷикистонро низ лағв кардааст.

Ширкати алюминиюми Тоҷикистон, ё Талко - бузургтарин корхонаи истеҳсоли алюминиюм дар Осиёи Марказӣ мебошад ва ҳамасола ҳудуди 420 ҳазор тонна алюминиум истеҳсол ва қисмати умдаи онро тариқи бандарҳои баҳри Балтик ба Ҳолланд содир мекунад.

Коршиносон бар онанд, ки лағви таруфаҳои имтиёзӣ барои алюминиюми Тоҷикистон аз сӯйи Русия ба ҳисоби миёна 2-3 миллион доллар хисороти молиявиро ташкил хоҳад дод.

Аммо онҳо мегӯянд, лағви имтиёзҳо барои Эстония баъд аз сард шудани равобиташ бо Русия рух дод. Ва ба эҳтимоли қавӣ, лағви имтиёзҳо барои алюминиюми Тоҷикистон баъд аз гусаста шудани созишнома бо ширкати РусАли ин кишвар рӯйи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ба миён омадааст.

XS
SM
MD
LG